Дар фазои маънавию фарҳангии пойтахт 1 рӯйдоди назаррасу хотирмон баргузор гардид, ки аҳли илму адаб ва ҷомеаи рӯзноманигории кишварро ба ҳам овард. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими бошукӯҳи рӯнамоии китоби нави рӯзноманигор ва публитсисти шинохта Сайёфи Мизроб таҳти унвони «60 мақола, чашмандоз, публитсистика» бо иштироки васеи зиёиёни кишвар, муҳаққиқон, адибон, устодони донишгоҳҳо ва шогирдони роҳи эҷод доир шуд.
Ин маҳфили илмӣ-адабӣ на танҳо муаррифии 1 асари тоза, балки таҷлили 1 умри пурмаҳсул ва пурифтихори эҷодӣ низ буд. Ва маҳз дар ҳамин рӯз Сайёфи Мизроб 60-умин баҳори зиндагии худро дар ҳалқаи дӯстону ҳамандешон пешвоз гирифт. Ҳамин ҳамзамонӣ ба чорабинӣ мазмуни амиқтар бахшида, онро ба 1 ҷашни воқеии сухан, андеша ва қадршиносии эҷод табдил дод.
Вақте толори Китобхона холӣ набуд…
Аз лаҳзаҳои нахуст толори Китобхонаи миллӣ пур аз эҳсоси гарму самимият буд. Муҳаммадиқболи Имомиддин, яке аз дигар тарбиятдидагони газетаи СССР, ки имрӯз бори масъулияти муовини дирекори китобхонаи миллиро мекашад, сареҳатан гуфт, ки «то ин дам ингуна тамҷиду тавҳиди мардумро дар китобхона шоҳид набудам».
Ҳар иштирокчӣ бо эҳтиром, муҳаббат ба шахсияти муаллиф ҳузур дошт. Ҷои зикр аст, ки байни меҳмонон хонандагон ва аъзои Ихвон ал СССР барзиёд буданд. Муаллифони доимии газета аз пеши худ қадам ранҷа фармуда буданд. Чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг, рӯзноманигорон, устодони соҳибтаҷриба ва намояндагони насли ҷавон паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста, аз фаъолияти пурмаҳсуи ин публитсист дарси замону ҳаёт аз бар менамуданд.
Ин манзара худ гувоҳи он буд, ки Сайёфи Мизроб на танҳо як қаламкаш, балки як мактаби фикр ва андеша низ мебошад.
5 сола заҳмат
Маҷмуаи «60 мақола, чашмандоз, публитсистика» беҳтарин навиштаҳои 5 соли охири муаллифро фаро гирифта, аз 60 сармақолаи баргузида иборат аст. Ин китоб бо назардошти 60-солагии адиб таҳия гардида, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо диди амиқ, таҳлили муфассал ва сабки равону таъсиргузор матраҳ шудаанд. Ҳар як мақола як оинаест, ки воқеияти ҷомеаро бо тамоми печидагиҳояш инъикос намуда, хонандаро ба андеша водор месозад.
Хусусияти фарқкунандаи ин асар дар он аст, ки муаллиф на танҳо ба баёни воқеаҳо қонеъ мешавад, балки онҳоро таҳлил намуда, решаҳои мушкилот ва роҳҳои эҳтимолии ҳаллу фасли онҳоро пешниҳод мекунад. Ин равиш нишон медиҳад, ки публитсистикаи ӯ танҳо як воситаи иттилоърасонӣ не, балки 1 минбари андешаву мавқеъгирии иҷтимоӣ мебошад.
Дар баробари ин, китоб жанрҳои камистифодаи публитсистикаро эҳё намуда, ба онҳо ҷанбаи тоза ва замонавӣ бахшидааст. Ин навоварӣ, ба андешаи коршиносон, метавонад барои рушди минбаъдаи публитсистикаи тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ҳамин лиҳоз, асар на танҳо барои хонандаи умумӣ, балки барои донишҷӯён ва рӯзноманигорони ҷавон ҳамчун дастури амалии касбомӯзӣ арзёбӣ мегардад.
Журналист ва публитсист
Дар ҷараёни маҳфил суханварон бо эҳсоси баланди масъулият ва эҳтиром доир ба фаъолияти эҷодии Сайёфи Мизроб ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки ӯ дар тӯли фаъолияти худ тавонистааст бо қалами бурро ва андешаи мустақил дар рушди журналистика ва публитсистикаи муосири тоҷик саҳми арзанда гузорад. Осори ӯ ҳамеша бо ҷустуҷӯи ҳақиқат, дифои арзишҳои миллӣ ва инъикоси воқеияти рӯз пайванд дорад. Зикр шуд, ки мақолаҳои муаллиф танҳо матн нестанд, балки як навъ гуфтугӯ бо ҷомеаанд гуфтугӯе, ки хонандаро ба андеша, ба худогоҳӣ ва ба масъулият водор месозад. Ин хусусият Сайёфи Мизробро аз дигарон фарқ намуда, ӯро ба як публитсисти дорои сабки хос табдил додааст.
Ҳошим ва Сайёф

Яке аз дилбохтагони сабки Сайёфӣ ҳунарманди маъруфи театру кинои тоҷик Ҳошим Гадо дар бораи ин марди масири публитсистика чунин ибрози назар кард:
– Андешаи сирф шахсии ман дар бораи ин марди бузург дар он аст, ки ӯро дар зинда буданаш пайкараашро бояд дар зодгоҳаш гузоранд…
Бахши ҷолибтарини маҳфил, бешак, лаҳзаҳои табрикотӣ буд. Ҳар 1 суханвар бо лаҳни ширину самимӣ устодро ба муносибати 60-солагияш таҳният гуфта, аз хизматҳои арзандаи ӯ ёдовар мешуд. Ин суханони пурмеҳр фазои толорро боз ҳам гарму самимӣ гардонида, эҳсоси эҳтиром ва қадршиносиро нисбат ба муаллиф тақвият мебахшид.
Дар миёни табриккунандагон ҳамкасбон, шогирдон ва дӯстони наздики ин журналисти варзида буданд, ки ҳар кадом аз хотираҳо ва лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо ӯ ёдоварӣ карданд. Ин хотираҳо симои инсонии Сайёфи Мизробро боз ҳам равшантар намуда, нишон доданд, ки ӯ на танҳо як қаламкаш, балки як шахсияти самимӣ, хоксор ва дастгири дигарон аст.
Ҳамзамон, худи муаллиф низ бо суханони сипосгузорона ба ҳозирин муроҷиат намуда, аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи онҳо изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як навиштааш натиҷаи андешаҳои амиқ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа мебошад.
Дар маҷмӯъ, рӯнамоии китоби «60 мақола, чашмандоз, публитсистика» ба як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, бори дигар нишон дод, ки публитсистикаи тоҷик дар ҳоли рушд аст.
Ин маҳфил на танҳо як муаррифии китоб, балки як дарси зиндаи эҳтиром ба сухан, қадршиносии эҷод ва пайванди наслҳо буд. Маҳз ҳамин гуна чорабиниҳо метавонанд муҳити фарҳангиро ғанӣ гардонида, ҷавононро ба роҳи эҷод ва андешаи солим ҳидоят намоянд. Мо метавонем!
Қосимзода Нуриддин,
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 25.04.2026
