Имсол бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки ҳоло 8 нафар боқӣ мондаанд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми апрели соли 2026-ум 8 собиқадори ҶБВ умр ба сар мебаранд. Рӯзи 30-юми апрел Мирзо Ғафуров, собиқадори ҶБВ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки 100 сола буд, даргузашт. 3 рӯ пеш аз ин, 27-уми апрел Раҷаб Исмонов, охирин собиқадори ҶБВ аз Ҳисор, ки 100 сол дошт, вафот кард. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 17 нафар буд.
Имрӯз аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон собиқадорони ҶБВ иқомат доранд ва теъдоди онҳо 5 нафар аст. Аз ҷумла, – Сафаралӣ Файзалиев, Машраб Давлатов, Гулмурод Тағоев ва Ҳабиб Сафаров дар минтақаи Бохтар ва 1 нафар, Яҳё Мирзоев дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад.
Дар вилояти Суғд танҳо 2 собиқадори ҷанг – Нозим Носиров ва Бибола Рӯзиматов дар қайди ҳаёт ҳастанд. Як нафари дигар – Бозор Нағзибеков сокини шаҳри Душанбе аст.
Сафаралӣ Файзалиев бузургсолтарини онҳо буда, соли 1923 ба дунё омадааст ва 103-сола аст.
Бозор Нағзибеков, Мирзо Ғафуров, Машраб Давлатов ва Ҳабиб Сафаров бошад аз рӯйи синну сол ҷавонтарини онҳо буда, ҳама соли 1926 ба дунё омадаанд ва 100 сол доранд.
Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.
СССР
