МУХТОРОВ АҲРОР – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи Фанҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ)
Аҳрор Мухторов 5 – уми ноябри соли 1924-ум дар шаҳри Уротеппа таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1939 аввал ба факултети коргарии Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад, вале баъди барҳам додани он ба Институти муаллимтаёркунӣ гузаронида мешавад.
Баъди хатми курси якум барои кор ба мактаби миёнаи нопурраи ба номи Стаханови ноҳияи Орҷонкидзеобод ноябри 1941 то марти соли 1942 барои кор фиристода мешавад.
Моҳҳои март-июли 1942 муаллими мактаби миёнаи ба номи А. Пушкини ноҳияи Даҳанакиик (ҳоло Хуросон) буд.
Дар сангарҳои ҷанг
Моҳи августи соли 1942-юм Аҳрор Мухторов ба сафи Артиши Шуравӣ даъват карда шудааст. Аз моҳи августи соли 1942 то моҳи октябри соли 1942 – юм курсанти Омӯзишгоҳи 1-уми пулемётчиёни Туркистон, шаҳри Кушкаи ҶШС Туркманистон, аз ноябри соли 1942 то январи соли 1943 курсанти Полки 76-уми артиллерии эҳтиётии шаҳри Тоц, вилояти Чкалов буд.
Аз моҳи феврали соли 1943 то моҳи октябри ҳамон сол курсанти Омӯзишгоҳи зенитии артиллерии Севастополь, воқеъ дар шаҳри Уфа, Ҷумҳурии Бошқирдистон буд.
Баъди хатми мактаб ба ӯ рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд дода шуда ва Аҳрор Мухторов ба фронт фиристода шудааст.
Аз моҳи ноябри соли 1943 то моҳи феврали соли 1947 дар Қисми ҳарбии рақами 55265 ба сифати командири взводи оташфишонӣ буд.
Дар солҳои ҷанг дар ҳайати Фронти 1-уми Украина дар муҳорибаҳои бисьёре бо лашкари фашистӣ иштирок кардааст.
Иштирокчии муҳорибаҳо барои озод кардани ҳудуди Полша ва Чехословакия буд.
Аҳрор Мухторов соли 1945-ум ҳамчун командири взводи оташфишонӣ дар набардҳои шадид барои озод кардани шаҳрҳои Чехия – Богемии ва Роуднице иштирок дошт.
Вай дар хатти фронт ба Германия сафарбар карда шуда, Рӯзи Ғалабаро дар Берлин ҷашн гирифтааст.
Барои хизматҳои ҷангӣ ва ибрати шахсию шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон доданаш, лейтенанти хурд Аҳрор Мухторов бо ордени “Ҷанги Ватанӣ”, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озод кардани Прага», «Барои Ғалаба бар Германия» ва дигар медалҳо ва инчунин 10 маротиба ба Сипосномаи Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталин сазовор гаштааст.
Соли 2001 Аҳрор Мухторов дар тантанаҳо бахшида ба 56-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ширкат варзида, дар Қасри Кремл аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин пазируфта шудааст.
Фаъолиятҳои баъдиҷангии ҷанговар
Соли 1947 бо сарбаландӣ аз хизмати ҳарбӣ баргашта таҳсилашро дар Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) давом дод. Ӯ яке аз донишҷӯёни қоматбаланду зебо, босаводу интизомнок ва хеле боақлу ботаҷриба маҳсуб меёфт.
Аҳрор Мухторов Институтро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ хатм карда, ҳамчун муаррихи қобилиятноку уҳдабаро ба кафедраи “Таърихи ИҶШС”-и Институти давлатии педагогии Сталинобод ба кор пазируфта шуд.
Муаррих, шарқшиноси барҷаста, баъдан директори Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониши АФ Тоҷикистон академик А. Семёнов дар тақдири ояндаи А.Мухторов нақши ҳалкунанда гузоштааст.
Бузургтарин мутахассис ва донандаи дастнависҳои Шарқ А. Семёнов дар шогирдаш нисбат ба катибахои қадим меҳру муҳаббат парваридааст. Бо тавсияи А. Семёнов мавзуи рисолаи номзадиашро интихоб кард. Дар симои Мухторов А. Семёнов воқеъан ҳам олими боистеъдоди ояндаро дида ва интихоб намуда буд.
Тадқиқотҳои илмии Аҳрор Мухторов дар оянда фаррох гашта дар илми ватанӣ саҳифаҳои нав ба навро кушод ва илми тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ машҳур сохтааст. Дар мавриди бозёфтҳои Аҳрор Мухторов рӯзномаҳои дохилию хориҷӣ зиёд навиштаанд.
Аҳрор Мухторов мутахассиси пешбари соҳаи эпиграфия, дипломатия (ҳуҷҷатҳои санади асримиёнагӣ), хаттотӣ, палеография, дастхатҳои қадимӣ буда, на танҳо ҳазорон ёдгориҳои эпиграфӣ, балки зиёда аз 7 ҳазор санади нодир ва садҳо сарчашмаҳои ибтидоии дорои хусусияти ривоятиро муайян, коркард ва ба илм ворид кардааст, ки таҳлили онҳо дар омӯзиши таърих ва фарҳанги ватанӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Аҳрор Мухторов барои хизматҳои арзандааш дар тадқиқи эпиграфия соли 1980 узви Анҷумани байналхалқии Корпуси катибаҳои эронӣ интихоб шудааст.
Аҳрор Мухторов муаллифи як қатор монографияҳои калон оид ба таърихи шаҳрҳои асримиёнагии Осиёи Миёна ва таърихи афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик мебошад.
Шодравон Академик Аҳрор Мухторов муаллифи беш аз 80 китобҳо ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, бо ордену медалҳои зиёд, ҷоизаҳо, мукофотҳо сарфароз гаштааст.
Ходими хизматнишондода ва арбоби илми Тоҷикистон, академик Аҳрор Мухторов соли 2007-ум дар синни 83 солагӣ вафот карда, дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шудааст.
ЁДУ ХОТИРАИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ, ОЛИМИ ФИДОКОРИ МИЛЛАТ, ШОДРАВОН АҲРОР МУХТОРОВ ЗИНДА БОД!
НОСИР НАЗАРЗОДА,
профессори Академияи ВКД, д.и.ҳ., полковники милитсия
