Суҳбати марди Худо мардат кунад,
Суҳбати ҳар нохалаф сардат кунад!
24.10.2023. Соат ба вақти Душанбе 09:21 дақиқа. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналисти варзидаи ТВ ва Радиои тоҷик, китобдори маъруф ва фарди саркаштарини олами муосир, занг задаву пешниҳод кард, ки мо бояд варианти «демократияи шарқӣ, озодии баён ва андеша»-ро матраҳ созем:
– Сайёф! Рӯзе расидааст, мо бар оламиён фаҳмонем, «демократияи либералӣ», ки такягоҳи тамаддунӣ надорад, наметавонад муаррифгари озодиву ворастагӣ бошад. Зеро асосгузорони ин «демократия» Амрико, Аврупо (бидуни Рум албатта) ҳеҷ гоҳ бунёди фарҳангӣ надоштанд. Рӯиҳамрафта, Россия, дар замоне, ки Исмоили Сомонӣ девони вазирон бо шумули 10 вазоратхона дошт, ҳанӯз дар сохтори фетишизм ва бисёрхудоӣ мезист. «Демократияи либералӣ» мехоҳад поҷомаи модару хоҳарони моро кашида гирад, ронҳои зани шарқро урён намояд, писарони моро «голубой» ва бонувонро «лесбиянка» сохта, ҷамъиятро ба ҳамҷинсгароӣ кашад ва сохтори лутигариро, ки Худо дар ҳама кутубаш – Авасто, Таврот, Инҷил ва Қуръон манъ кардааст, роҳандозӣ намояд. Яъне ин «демократия» моли башарият буда наметавонад.
Зимнан «Демократияи Шарқӣ» ба мо лозим аст. Ва ин демократияро бояд ману ту роҳандозӣ намоем. Ин демократия бар асоси фарҳанги табордорӣ, одоби муошарат, иззати ҳама адёни роиҷ, ҳурмати калонсолон, хатми куштори кӯдакон, дурӣ аз ҷангҳои пурқурбонӣ ва албатта эҳтироми давлатдориву давлатмардони давлатсози ҳама миллатҳо, дар асоси озодии баён ва хушгуфторӣ роҳандозӣ шавад…
Пешниҳоде, ки на танҳо ман қабул кардам, ки такмилаш ҳам додам дар ҳамин навишта. Зеро Абдуқодир гуфт, «ман ҷавонмардам ва ҷавонмардона иқрорам, ки қалами ту бурротар аз килки ман аст, зеро ман телевизионшикам ва бо сухан сару кор дораму навиштан кори ман нест; ту навис!». Бо забони дигар ин ремарке, ки хондӣ, хонандаи азиз, моли ҳардуи мост. Ва ин дар ҳолест, ки Абдуқодир зардуштии бар бовар асту ман мусалмони комил. Вале маданияти мо якест: – Мо ҳарду ориёием, Тоҷикем ва на танҳо барои давлати Тоҷикон, ки барои кишварҳои ҳамсафу ҳамҷавору ҳамдину ҳамкеш диламон дард мекунад.
Воқеан ҳам «демократияи либералӣ» дархӯрди ҷамъияти мо нест. Вагарна марги атфол, қатли оми беш аз 2500 кӯдаку тифли фаластинӣ, кушти 5000 модару падар, пиру барнои бегуноҳро маҳкум менамуд. Дуруст аст, ки мо ҳаргиз тарафдори терроризму ифротгароӣ нестем. Мо террори ҲАМОС – ро маҳкум мекунем, ки дар рӯзи равшан ба Исроил дарафтодаву 700 бегуноҳро кушта, 222 нафарро гаравгон бурд. Вале инҳо террорист буданд!!! ҲАМОС, ки воқеан ҳам бародари сиёсии ТЭТ ҲНИ аст (ниг.ба саҳ.11), созмони террористист! Вале коре, ки САХАЛ ва Исроил кард, давлати Яҳудро дар 1 саф бо ҳаракатҳои террористӣ қарор дод! Зеро инҳо, бо истифода аз Армия халқи одии бесилоҳу бегуноҳро мекушанд ва таблиғу ташвиқи «демократияи либералӣ» ба ҳадде «шаффоф» аст, ки тамомии ВАО-и Амрикои таърифӣ ва Аврупои тавсифӣ, бо шумули Озодии тоҷикӣ ва БиБиСии форсӣ ин наслкушӣ, ин қатли ом, ин генотсидро пуштибонӣ кард! Ҳамин аст демократия?! Гуфти ҳамун Абдуқодир пас «ТУФ бар ин демократия» (ниг. саҳ.6)
Вале ба ҳар ҳол дар дар ин олами ба фасоди либералӣ фурӯрафта ҳастанд нафароне, ки ҳанӯз бар «демократияи асл» содиқанд. Каманд. Вале ҳастанд. Яке аз инҳо Ҷуллиан Ассанж асту дигаре Карлсон Таккер ва савввумӣ Риттер Скотт. 3 тане, ки «демократияи либералӣ» онҳоро мардуд карда, ронда ва ҳатто ҳабс намуд. Вале соате мерасад, ки амрикоиву аврупоӣ бо инҳо ифтихор хоҳанд кард. Имрӯз, дар пасманзари пешниҳоди идеяи «Демократияи Шарқӣ»-и Абдуқодир матлаби яке аз инҳоро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!
Скотт Риттер
Мо чаро сари ӯ тамаркуз кардем? Зеро Скотт ягона сиёсатмадорест, ки кори илмияш дар бар бораи Фузайл-Махсуми тоҷик ва Иброҳимбеки лақай аст, ки дар солҳои 20-и асри ХХ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза фаъолияти босмачигарӣ доштаанд. Скотт нафарест, ки Амрикоро ба ҳуҷуми ғиромона ба Ироқ (набуди силоҳи ядроӣ) маҳкум кардаву паз аз ин бо иттиҳоми «таҷовузи ноболиғ» (то ҳанӯз ин гуноҳро рад мекунад) суд шуд. Скотт ягона нафарест, ки ошкоро мегуфту мегӯяд, ки ҷангро дар Украина Амрико ва НАТО андохта, худашон меҷанганд. Скотт бар назар аст, ки дар ин ҷанг Россия ғалаба мекунад ва Скотт дар бораи хушунати ахирии Исроилу Фаластину Ғазза баромад карда, таъкид месозад, ки дар ин набард ҲАМОС бар САХАЛ пирӯз мешавад. Биоед, аз рӯи масали демократияи шарқӣ -Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, ӯро бишнавем.
Скотт Риттер: Фикр намекунам дар ин ҷанг Исроил ғалаба кунад. Бе ҳеҷ шакке пирӯзӣ насиби ҲАМОС аст! Фаромӯш накунед, ки байни ҲАМОС ва халқи Фаластин фарқият аст. Аксарияти фаластиниҳо зидди ҲАМОСанд, вале имрӯз ҳазорон-ҳазор нафарашонро Исроил кушта истодааст. Армияи Исроил дигар илоҷе ҷуз ин надорад, ки мардуми осоиштаро кушад. Онҳо метарсанд ба Навори Ғазза дароянд. Соли 2014 даромада буданд, вале зада пешашон карданд! Ин бор дароянд, натиҷа ҳамон мешавад.
Давлати Исроил роҷеъ ба маҳви комили ҲАМОС суҳбат мекунад. Вале ин танҳо лоф аст. Дар асл, коре аз дасташ намеояд. Ин рекламаи ҳукуматдорон барои интихобчии дохилист. Дар асл, рӯзе оламиён аз дидани маргу мири одамони одии бегуноҳ дилбазан шуда, Исроилро сари мизи гуфтушунуфт мешинонанд. Ин гуфтушунудҳо ҲАМОС- ро боз ҳам муътабар хоҳанд кард. Зеро ҲАМОС коре кард, ки дар тули 75 соли ахир ягон давлати Араб накардааст – онҳо бар Армияи САХАЛ ғалаба ва Исроилро беобрӯ карданд. Онҳо зарбае ба Исроил заданд, ки дилхоҳ хадамоти ҷосусии маъруфи ҷаҳон (СРУ, МАССАД, МИ-6, КГБ) пешаш лол монд.
Оре, Исроил Ғаззаро комилан муҳосира кардааст. Вале ҲАМОС ҳамоно аз ҳар тарафе баромада, ба онҳо ҳуҷум мекунад. 20-30% хадамоти таърифии ҷосусиро онҳо хунсо карда, аскару афсарони олирутбаро мекушанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизбуллоҳ (созмони дигари террористӣ, ки дар Фаластин қарор дораду қаноти шиъист ва бо ҲАМОСи суннӣ ҳамкорӣ надорад), таҳдид кард, ки агар Армияи яҳуд ба Ғазза дарояд, онҳо ба ин сарзамин ҳуҷум мекунанд.
Ҳарчанд ман бовар надорам, Исроил риск карда, ба Ғазза равад, вале агар Ҳизбуллоҳ ба ҷанг дарояд, Амрико ба Ҳизбуллоҳ ҳуҷум мекунад. Амрико ба Фаластин ҳуҷум кунад, пас Эрон ба Исроил дармеафтад. Ва ҷанги қоравӣ шуруъ мешавад. Вале ин теория аст: агар Исроил ҲАМОС – ро шикаст диҳад. Вале ҲАМОС шикаст намехӯрад! ҲАМОС дар ин набард ҳатман пирӯз мегардад, агар Исроил ба Ғазза ворид шавад. Ҳоло ҷангиёни ҲАМОС қариб, ки талафот надидаанд. Исроилиҳо халқи мулкии бегуноҳи Ғаззаро мекушанд, на ҷангиёнро. Рӯиҳамрафта халқи Исроил низ мемирад. Таваҷҷуҳ кунед, ман фаластиниҳои бегуноҳ гуфтам, вале «исроилиҳои бегуноҳ» намегӯям. Зеро исроилии бегуноҳ нест! Чунки ҳар исроилӣ ихтиёран шомили Армияи Исроил шудааст, ки фаластиниҳоро ин ҳама сол мекуштанд. Зимнан «исроилии бегуноҳ» вуҷуд надорад. Онҳо қисме аз ҳамин машинаи кушандаи фаластиниҳоянд. Ҳастанд одамони мулкии Исроил, ки бояд ҳифозат шаванд. Вале онҳо бегуноҳ нестанд. Бегуноҳ танҳо аҳолии Ғазза аст!
Аҳолии Ғазза, ки 50% наврасу кӯдаканд, дар ҳамин лагери исроилӣ таваллуд шудаанд. Онҳо ин зиндагониро интихоб накардаанд. Онҳоро Исроил маҷбур кардааст ҳамин ҷо таваллуд шаванд, бузург шаванд ва дар ҳамин лагер миранд, зеро имкони берун шуданро надоранд. Онҳо мисли исроилиҳо андоз намедиҳанд, ки Армияи наслкушро маблағгузорӣ намоянд. Армияе, ки 1 ҷангии ҲАМОСро накушта, ҳазорон кӯдакро нест карда истодааст.
Хизмататон арз кунам, ҲАМОС солҳо ба ин террор тайёрӣ дида, рӯзу соати мусоидтаринро интихоб кард. Ва агар шумо фикр мекунед, ки ҲАМОС оқибати ин амалашро андеша накардааст, пас ақли шумо комил нест! ҲАМОС ҳар қадами навбатии Исроилу Амрикову иттифоқчиёнашро санҷида, дар тарозуи ақл баркашида, ба ин террор даст зад. Захираҳои обу нон, силоҳу барқу гармии онҳо ҳеч гоҳ тамом намешавад. Зеро онҳо ба муҳосираи тулонӣ тайёрӣ дидаанд. Онҳо дар таки заминанд. Мебароянд, мезананд, мекушанд ва боз нест мешаванд. Дуруст аст, ки аҳолии мулкии Ғазза ситам мебинад. Вале фаластиниҳо 75 сол дар ситам ба сар мебаранд. Чизи наве барои онҳо нест. Ва боз даҳсолаҳо, садсолаҳо ҳамингуна мезистанд. Аксарияти фаластиниҳо бар назаранд, ки омодаем боз ҳам моро кушанд, вале ин ситам замоне қатъ гардад. Намешавад, 1 миллатро 75-100 сол дар зери юғ, таҳдиди кушт, дар лагер қарор дод. Фаластиниҳо бо 1 умед мемиранд, ки ахиран ҷамоаи ҷаҳонӣ садди роҳи генотсиди онҳо шуда, давлати Фаластинро ба расмият мешносанд! Вале мутаассифона, ин назари фаластиниҳост, ки Амрико ва Аврупо онро ҳеҷ гоҳ тарафдорӣ нахоҳанд кард.
Ва акнун дар бораи 2 ҳавопаймокаши Амрико (авианосец), ки ба Исроил наздик шудаанд. Агар ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар Фаластини Ҷанубӣ пайдо шаванд, Ҳизбуллоҳ қудрати задани онҳоро дорад. Ин ҷо барои мо-амрикоиҳо Афғонистону Ироқ нест, ки самолетҳои мо тӯю сӯри мардумро бомбаборон мекарданд. Ин ҷо ракетаҳои нишонрас вуҷуд доранд. Байден таҳдид мекунад ба Эрону Мисру Фаластину Урдун, ки дар сурати пайвастани Ҳизбуллоҳ ба конфликт онҳоро мезанад. Вале ин лофе беш нест. Замони таҳдидҳо гузаштааст. Сиёсатмадорони амрикоӣ дӯст медоранд, «оташ бо даҳон кушоянд!». Вале дар асл низомиён меҷанганд. Онҳо хоҳанд пурсид, хуб, мо мезанем, баъд чӣ? Ҳизбуллоҳ ҳоло 100 ҳазор ракета дорад ва агар 50 ҳазори онро сари Исроил резад, аз шаҳру қасаба ва Армияи яҳуд чӣ мемонад? Инро касе фикр кардааст? Чӣ, Байден боз 2 «авианосец» мефиристад? Чаро Америкае, ки Толибон бо 2 калашникови куҳна камарбандашро шикаставу аз Афғонистон пешаш карданд, Америкае, ки партизанҳои Ироқ бо карамултук шармандааш карданд, фикр дорад, Ҳизбуллоҳ, ҲАМОС, Фаластин ва Иронро шикаст медиҳад? Ҳизбуллоҳ ҳаракатест, ки Толибону дигар созмонҳои ҷангҷӯ пешаш ҳеҷанд! Онҳо ракета надоштанд, инҳо 100000 ракета доранд! Ин созмон аз баъзе Армияҳои давлатҳои муқтадир ҳам пурқувваттар аст.
Мо-амрикоиҳо ин ҷангро ҳатман мебозем. Ман намегӯям, Армияи мо бад аст. Армияи хубтарин дорем. Вале мо сиёсатмадорони баде дорем! Даврони сарварони боақл гузашт. Оламро камхирадон, идиотҳо ҳукмронӣ доранд. Ҷо Байден, Бенямин Натаняҳу, Энтони Блинкен…рӯйхати ҳокимини худкомаи камхираду беақл бисёр тулонист, ки метавонанд оламро ба вартаи нестӣ кашанд! Инҳо сарвароне ҳастанд, ки қалбашон пур аз кина аст. Ягона умед бар низомиён дорем, ки нагузоранд, нақшаҳои ин камхирадон ҷомаи амал пӯшад!
Мо-Амрико ва иттифоқчиёнаш ҷангро дар Украина бохтем. Ҷангро дар Исроил низ мебозем. Зеро исроилиҳо мурдан намехоҳанд! Фаластиниҳо омодаанд, ки барои Ватанашон миранд!!! Ҷанги шаҳрӣ, агар САХАЛ ба Ғазза дарояд, барои мурдан аст. Бахмутро ёд биоред, ки чӣ қадар укроиниву рус мурд! Исроилиҳо мисли амрикоиҳо аз дур меҷанганд, зеро аз марг метарсанд. Ва дар ин ҷанг Исроил ҳич гоҳ ғалаба нахоҳад кард…
Аз СССР: Ин буд назари коршиноси амрикоӣ Скотт Риттер, ки такрор мекунем, «демократияи либералӣ», ки аз ҳақоратчиёни калтаву палтаву кампираку пиракиҳои мо пуштибонӣ мекунад, ин сиёстмадори прагматикро, ки аслан дар фарҳанги андешавияш, 1 вожаи таҳқир нест, мардуд кардааст. Мо метавонем!
PS: Воқеан ҳам дар пасманзари ин пешниҳоди Абдуқодири Абдуқаҳҳор мо низ пешниҳод дорем, дар Тоҷикистон ниҳодҳои зертобеи созмону сафоратҳои либералӣ, ки бо ҳақорату дашному тафриқаандозӣ банданд, дар Тоҷикистон баста шаванд. Ба вежа Шурои матбуоти тоҷик, ки ҳомияш САҲА ё худ ОБСЕ мебошаду раёсаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо бо дашному ҳақорату иғвоангезӣ банданд. Сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!
