Пас аз он, ки хабарнигори вилоятии СССР дар Хатлон-Нуриддин Қосимзода ба пахтачинӣ баромад, редаксия ба ман супориш дод, ки ба яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба пахтачинӣ бирав! Ман ноҳияи Мастчоҳро интихоб кардам, зеро солҳои донишҷӯи дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1996 – 2001) дар участкаи №1-и Мастчоҳ – дар Дилварзини машҳур пахта мечидам. Он солҳо сар аз нимаи дуюми моҳи сентябр то охири моҳи ноябр донишҷӯёнро ба чиниши пахта мебурданд ва новобаста аз талаботи сахт давраи хуше буд. Бо ёди давраи ҷавонӣ, носталжӣ ва муҳаббати нахустин…ба Пахтазорат баргаштам, Мастчоҳ! Мо Метавонем!
18 000 нафар дар навбати замин
14.10.2023. Соат бо вақти Мастчоҳ 08:05 дақиқа. Бо А.Собир, суратгир ва наворбардори СССР омадем ба терминали «Роҳи абрешим»-и ш.Хуҷанд. Аз ин ҷо мошинҳои хусусӣ ба маркази н.Мастчоҳ ва гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек» рафтуомад доранд. Чун вақт тангӣ мекарду бояд то соати 09:00 ба ҳукумати ноҳия мерасидем, 1 таксиро маслиҳат карда, ба ҷойи 2 нафари дигари набуда ҳам пул додем. Нархи такси аз Хуҷанд то шаҳраки Бӯстон – маркази н.Мастчоҳ 20 сомонӣ барои 1 нафар мусофир буд. 80 сомонӣ дода, баҳузур нишаста, ба ронанда гуфтем: «Ҳай кун!».
14.10.2023. Соат бо вақти Мастчоҳ 08:47 дақиқа. Ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н. Мастчоҳ расидем. Тибқи тартиб рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон буд ва худро пеш аз оғози он ба раиси н.Мастчоҳ Ализода Аъзам Наврӯз муаррифӣ намуда, барои гӯш додани арзу доди мастчоҳиён ба толор даромадем.
Беш аз 20 нафар дар ин рӯз ба қабули раиси ноҳия омада буданд. Мисли сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ин ҷо низ мардум бештар барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои моддиву молиявӣ, дастрасӣ ба барқу об омада, бархе масъалаҳоеро мебардоштанд, ки ҳалли онҳо ба додгоҳ марбут аст. Новобаста аз ин Аъзам Ализода кӯшиш менамуд ба мушкили сокинони ноҳияаш расидагӣ намояд. Бояд гуфт, ки дар н.Мастчоҳ аз соли 2015 ин тараф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашудааст ва рӯйхати ниёзмандони замин имрӯз ба 18 200 нафар мерасад.
– Айни замон сармеъмору заминсоз ва чанд масъули дигари ноҳия дар ш.Душанбе буда, қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷудо намудани беш аз 210 га замин байни вазорату кумитаҳо баррасӣ доранд. Умедворем то охири моҳи ноябр қарор ба тасвиб расида, беш аз 18 000 эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мешаванд, – гуфт Аъзам Ализода.
Гузориши вежаи моро аз рафти қабули шаҳрвандон дар н.Мастчоҳ дар Ютуб канали СССР ТВ метавон тамошо кард.
«Тиллои сафед»-и Дилварзин
Пас аз қабули шаҳрвандон ҳайати эҷодии газетаи СССР ҳамроҳ бо раиси н.Мастчоҳ Аъзам Ализода ба ҷамоати деҳоти шаҳраки Бӯстон, ба хоҷагии деҳқонии «Деҳқон ёр» рафта, пахта чидем. Чун 1 рӯз пеш аз сафари мо борон боридаву заминҳо лойанд, гаштан байни ҷӯякҳо осон набуд, вале мо, ки супориш гирифтаем, бояд иҷро мекардем. Мо Метавонем!
Тибқи нақша кишоварзони н.Мастчоҳ имсол бояд беш аз 28 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба хазинаи давлат супоранд. Вақте ки газета ба нашр мерафт, аз МИҲД н.Мастчоҳ хабар доданд, ки аллакай 11 ҳазор тонна пахтаи Дилварзин ҷамъ ва ба хазинаи давлат супорида шудааст.
Воқеан ҳам бо ибтикори раиси вилояти Суғд дар маркази ш. Хуҷанд тоблуи бузурге ҷойгир аст, ки ҳар рӯз плану уҳдадароиву нақшаи пахтачиниро дар он сабт менамоянд. Бисёр ибтикори хуб, ки дар дигар ҷо надидем (ниг. ба акс)
Чормағзи заминӣ – бренди Мастчоҳ

Пасон бо раиси ноҳия ба ҷамоати деҳоти Оббурдон омада, аз рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ дидан кардем. Бояд гуфт, ки дар баробари пахта чормағзи заминӣ низ бренди н.Мастчоҳ буда, солҳои ахир ба парвариши он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон кишоварзони ҷамоати деҳоти Оббурдон дар майдони 1200 гектар, ки аз он 180 гектарашро кишти такрорӣ ташкил медиҳад, чормағзи заминӣ шинонидаанд. Заминҳои кишти чормағзи заминӣ имсол дар ин ҷамоат нисбати соли гузашта 112 га зиёд буда, айни замон дар ҷамоати мазкур беш аз 50% заминҳои кишти ин зироати равғандор ҷамъоварӣ карда шудааст. Деҳқонон мегӯянд, маҳз замини Оббурдон, ки омехтаи регу қум аст, барои кишти чормағзи заминӣ мусоидат мекунад.
Дар умум, дар миқёси ноҳия бошад имсол дар майдони 2800 гектар чормағзи заминӣ кишт шуда, он нисбат ба соли гузашта 80 гектар зиёд мебошад.
Кишоварзону аҳолии н.Мастчоҳ аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло 90 % истеҳсоли чормағзи заминӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ рост меояд. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар ноҳия 14-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ муташаккилона идома дорад. Масъулин гуфтанд, ки ба наздикӣ дар ноҳия ба истеҳсоли «Пастаи чормағзи заминӣ» шуруъ мекунанд. Беҳтарин иқдом!
Чойхона ҳаст!
Дар шумораи гузаштаи газета мо арзи муаллиф ва хонандаи фаъоли худ Дилшод Зикриёро аз н.Мастчоҳ чоп кардем, ки мегуфт, «дар ноҳия ва маркази он шаҳраки Бӯстон барои муйсафедон чойхона нест!». Мо дунболи ин мавзуъ дар шаҳраки Бӯстон чойхона кофтем ва ёфтем!
Чойхонаи советии мардумӣ, ки солҳои 1976-1977-и асри гузашта бунёд ёфтааст, то ба имрӯз побарҷост. Солҳои 1986 онро пас аз 10 соли фаъолият пурра аз таъмири капиталӣ баровардаанд. Солҳои баъдӣ қисман таъмиру таҷдид мегашт. Муҳим он аст, ки ягона чойхонаи советӣ дар маркази н.Мастчоҳ ҳаст!
Чизи дигаре, ки ба мо писанд омад, ин ороиши дохили чойхона аст, ки аз рӯи расму таомул ва фарҳанги мардуми Зарафшон, хосса Мастчоҳ сохта шуда, имрӯз низ ҷойи дӯстдоштаи муйсафедон аст. Пирони рӯзгордида ин ҷо ҷамъ омада, оши палав фармоиш медиҳанд, чой нӯшида, суҳбат мекунанд. Ба ғайр аз ин дар чойхона мусобиқаҳои шоҳмоту шашка гузаронида мешавад.
Новобаста аз он, ки дар маркази ноҳия беш аз 10 ошхонаи муосир фаъол асту мардум дар он ҷо хӯрок мехӯранд, боз ҳам чойро омада, маҳз аз ин чойхона менӯшидаанд. Чойхона ба иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» вобаста будааст, мисли РайПое, ки Зикриё Дилшод шикоят карданд. РайПо зертобеи иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» буда, фаъолияти дурусти онро бояд маҳз аз Ҳусейн Идизода талаб кард, на маъмурияти ноҳия…
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир, суратгир,
Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе
