ҶОИ САРВАРОНИ ДУРАНДЕШРО КАМХИРАДОН ГИРИФТАНД…

Салом СССР ва хонандаи азизи он! Сармақолаи сардабир мeҳтарам Сайёфи Мизробро дар шумораи навбатии рӯзнома таҳти унвони “Ҷанг дар қораи Аврупо шиддат мегирад!” хондам ва хостам назари худро перомуни он нависам. Мо Метавонем!

Сараввал бояд ёдовар шуд, ки Амрико ва НАТО нақшаи ин ҷангро даҳсолаҳо пеш тарҳрезӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбиро омода карда буданд. Ҳадафи асосии онҳо варшикаста ва ба мисоли СССР пароканда кардани Россия ҳамчун давлати ягона ва соҳиб гардидан ба захираҳои энергетикии он мебошад. Дар асоси нақшаҳои қабулшуда, на қӯшунҳои Амрико бо иттифоқчиёнаш, балки украинҳои славян бояд ҳадафҳои геополитикии Ғарбро ба анҷом мерасониданд.

 Аз чӣ сар шуд?

Соли 2014 бо дастгирии молиявию сиёсиву иқтисодии Амрико, Олмон, Фаронса, Полша инқилоби Майдан ё худ табаддулоти давлатӣ ба амал омада, Янукович-президенти қонунии Украинаро, ки майли наздикшавӣ ба Россияро дошт, сарнагун сохтанд. Ҷо Байден он вақт ноиби президент, Кондолиза Райс-котиби давлатии ИМА ва даҳҳо сиёсатмадорони олирутбаи ИМА чандин маротиба  ба Украина омада, ҳамрайъии маънавӣ ва сиёсии давлати худро ба намоишгарон дар майдони Киев ошкоро изҳор карда, намоишкорона ба иштирокдорон кулчақандҳо ва дигар шириниву хӯрданиҳо тақсим мекарданд. Мақсади аввалинашон оиди Украина амалӣ гардид ва дастнишондоди худ Порошенкоро президенти Украина гузоштанд.

Оғози ҷанги 1 халқу 2 миллат

24.02.2022. Чандин маротиба бо иғвою дасиса ва даъватҳои ҷангҷуёна роҳбарияти олии Амрико ва иттифоқчиёнаш дар НАТО Россияро барои ҳуҷум кардан ба Украина таҳрик доданд ва оқибат ин ҷанг оғоз гардид. НАТО аз яроқу аслиҳаи худ истифода бурда, блокада ё муҳосираи иқтисодии  Россияро дар тамоми соҳаҳо ҷорӣ намуд.

Мақсадҳои геополитикии Россия дар ин маврид пеш аз ҳама хотима доданд ба ҷаҳони 1-қутба, бо сарварии ИМА, барпо кардани ҷаҳони бисёрқутба, аз муомилоти молию пулии ҷаҳонӣ танг карда баровардани доллар – ҳамчун воҳиди пулии муомилотӣ ва захирашаванда  буд. Имрӯз, мутаассифона, дар арсаи ҷаҳон сиёсатмадорони дурандешу хирадманд ба мисоли Рузвелт, Сталин, Конрад Аденауэр, Шарл де Гол, Маргарет Телчер, Брежнев, Мао-Зе-Дун, Маҳатма Гандӣ, Кеннедӣ ва дигарон, ки халалдоршавии низоми ҷаҳониро бо роҳи гуфтушунид ҳал мекарданд, нестанд. Айни замон ҷойи онҳоро сиёсатмадорони беандешаю камхирад, ҷангҷӯю дасисабоз дар ИМА, Фаронса, Олмон, Полша ва бахусус дар кишварҳои Наздибалтика гирифта, ҷаҳони мутамаддинро ба хатари бузурги ҷанги ядроӣ наздик овардаанд.

 Таҳримҳои якқутба

Имрӯз таҳримҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва молиявии давлатҳои ғарб зидди Россия натиҷаҳои дилхоҳ надод ва дар оянда ҳам намедиҳад. Фарзи мисол, СССР  то рӯзи охирин зери  таҳримҳо қарор дошт ва ин давлатро на Ғарбу Амрико бо таҳримҳояшон, ки 2 сарзадаи саркафида бо номи Горбачёву майзада Елтсин фурӯ рехтанд…

30 сол боз Эрон, Венесуела, Кореяи Шимолӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон зери таҳримҳои иқтисодӣ қарор доранд, вале пойбарҷо ва устуворона ба пеш равонанд. Таърихи башарият собит сохт, ки империяҳо ба мисоли империяҳои Рим, Македония, Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо, Арабҳо, Муғулҳо, СССР ва ғайра 1 даврони муайян, аз 100 то 300 сол арзи ҳастӣ намуда, оқибат пароканда мегарданд. Ин оқибат Амрикоро низ интизор аст.

 Нишасти давлатҳои бузурги ҷаҳон БРИКС дар Африқои ҷанубӣ ва 20-гонаи Бузург дар Ҳиндустон возеҳу равшан нишон дод, ки даврони ҳукумронии якқутбаи ҷаҳон, даврони тантанаи доллар, ҳамчун пули ҷаҳонӣ, дар арафаи фаношавист.

Ҷаҳон аз 40 давлати аъзои НАТО иборат нест, балки зиёда аз 200 давлат узви СММ мебошанд ва ихтиёри ҷаҳони муосир дар дасти Ғарб нест. Амрико тӯли 70 соли охир садҳо ҷанги хурду бузургро дар ҷаҳон ташкил кардаву дар ҳамаи онҳо мағлуб гардидааст!!! Ҷанги Украина низ бо ҳамин тартиб хатм меёбад!

Додани ракетаҳои дурзани АТАСМS ва тайёраҳои муосир ҷараёни ҷангро тағйир намедиҳад.

 Мо чи кор кунем?

Имрӯз сокинони Тоҷикистонро месазад,  ки ҳамаи амбитсияҳои сиёсию иҷтимоии худро гузошта, дар атрофи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои муаззами миллат зич муттаҳид гардида, шукронаи неъмати бебаҳои истиқлолро намоему ба ҳар гуна дасисаву ҳарзаҳои сиёсию беасос ва даъватҳои популистӣ дода нашавем. Ба андешаи ман сиёсати хориҷии дурустро Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз рӯи ҳикмати “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” пеша кардааст. Зеро барои мо, халқи бо нангу ор ва сулҳпарвари тоҷик ин бесарусомонию кашмакишиҳои ҷаҳонӣ имтиҳон аст, имтиҳони ҳаёту мамот.

Ин андешаи фардии 1 шаҳрванди Тоҷикистон ба чашмандози сиёсии сардабири СССР аст, ки сиёсатмадору дипломату давлатмард нестам, вале нуқтаи назари худро дорам. Мо метавонем!

 

С.Ҳайдаров,

ноҳияи Темурмалик  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube