Шумори молҳои дасти дувуму сеюм рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Тоҷирони мо азбаски маҳсулотро зиёд ворид кардаву бо нархҳои гарон мефурӯшанд, маълум аст, ки на ҳамаи он ба савдо меравад. Табиист, ки нархҳо ба тавоноии мардуми миёнаҳол чандон рост намеояд. Аз ин рӯ мардум мешитобанд сӯйи маҳсулоти нархи арзондошта.
Дар шаҳри Душанбе ин гуна мағозаву дӯконҳо, бо номи гӯшнавози Секонд Хенд (Second Hand-Дасти 2) хеле зиёд шуда истодаанд ва бештари мардум барои пайдо кардани маҳсулоти ниёздошта ва бо нархи дастрас харидорӣ кардани он ба ин ҷойҳо мешитобанд. Мо низ тасмим гирифтем чанде аз ин қабил мағозаҳоро аз наздик бинем.
Маълум шуд, ки ҳозир аксари онҳо боз тахфиф ҳам доранд ва бо нархҳои 20, 50, 60, 80, 120…сомонӣ сару либос мефурӯшанд. Ин агар аз 1 ҷиҳат боиси хушнудии мардум гашта бошад, аз дигар самт боиси норозигии зиёди мардум низ гардидааст. Зеро агар бархе аз ин маҳсулот ба савдо нарафта аст, пас бархе букзурги он маҳсулоти истифодашуда мебошанд, ки худи мардум низ инро нағз медонад!
Арзон бе иллат нест
Қариб ҳар лаҳзаву ҳар соат ин мағозаҳо пур аз анбӯҳи харидорон аст. Аммо баъд аз харидорӣ мардум аз он изҳори нигаронӣ менамуданд, ки усулан маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ намебошанд. Мадина Назарова, сокини пойтахт қайд менамояд, дар ин қабил мағозаҳо чизи табъи дилро чандон пайдо наменамоӣ. Ашёи чанде пеш аз ин гуна мағозаҳои бо “тахфиф” харидорӣ кардаам, сифаташро гум карданд. Пойафзолҳоро ширешаш зуд ҷудо мешавад ё ин ки хӯрда хоҳанд шуд. Либосҳо бошанд рангаш парида мешавад…
Ба ҳар навъ мардум аз он хурсанданд, ки дар ин ҷойҳо чизи лозимаи худро бо нархи арзон пайдо мекунанд. Дар ҳамин замина Ҳаким Шариф ном харидори навбатӣ қайд менамояд, ки ин қабил мағозаҳо махсусан барои донишҷӯён имкони хубест то либос ё чизҳои даркорӣ барои худро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд:
– Дар урфият мегӯянд, ки арзон бе иллат нест, мардум низ ба чизҳои нархи арзондошта бо шубҳа менигаранд. Ба ҳар ҳол шахсан мо-студентони бепул шодем, ки аз ин мағозаҳо либоси шик ва замонавӣ (бигзор бесифат аммо арзон!) харида метавонем!
«Арзон Туркия» арзон нест…
Мағозаҳои «Арзон Туркия» низ дар шаҳри Душанбе зиёданд. Аммо дар фарқ ба мағозаҳои болозикр нархҳои «Арзон Туркия» тафовут доранд, балки нисбатан гаронтар ҳам ҳастанд. Масалан, танҳо 1 пиҷаке, ки дар дигар дӯконҳои болозикр 50 сомонӣ ё зиёдтар аз он мебошад, дар «Арзон Туркия» зиёда аз 900 сомонӣ нарх дорад. Ҳол он ки нархи пиҷакҳои аз ин ҳам зеботар ва напа нав, масалан дар бозори «Панҷшер», 200 сомонист. Зимнан бо ин нархи «Арзон Туркия», ки танҳо 1 пиҷак 900 сомонист (ва он ҳам бошад бо тахфиф!!!) аз дигар ҷой метавон шиму костюми зебо ва ҳатто туфлӣ харидорӣ кард. Илова бар ин, дар «Арзон Туркия» на танҳо маҳсулоти туркӣ, балки узбекию хитоӣ низ мавҷуданд, чуноне дар даромадгоҳи бинои он навишта шудааст.
Хулоса, «Арзон Туркия» аз дигар мағозаҳои маъмули бренди Gelos ва Ашан қариб ягон фарқ надорад.
Ба Корвон равед мардум, танҳо ба Корвон!!!
Ҷойи аз ҳама қулай барои пайдо намудани либосу поайфзоли мувофиқ ва дигар чизҳои лозимаи мардум бозори «Корвон» аст. Чуноне мо дар ин бозор дидем, нархҳо дастрас ва асосаш сифати маҳсулот хеле хубу ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Ба забони дигар, фурушандагон ва масъулини бозори Корвон воқеан ҳам дар ин шабу рӯзҳои бурҳонӣ барои мардуми одӣ, камбағал ва ҳатто миёнаҳолу бойу сарватманд низ молу ашёи хушсифат ва бо нархи дастрас пешкаш менамоянд, ки ҳалолашон бод!
Беҳрӯз Сайфуллоев,
махсус барои СССР
