АНДЕШАҲОИ ЗИДДИМИЛЛӢ МАҲКУМ МЕШАВАНД!

(дар робита ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” – и Абдухалил Холиқзода)

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдори давлатӣ дар самти китобдорӣ ва фаъолияти ноширӣ мебошад. Бешубҳа ин самти фаъолият яке аз муҳимтарин самтҳои соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Зеро китоб ва китобдорӣ эътибор ва идеологияи миллатро муайян менамояд. Ҳамин аст, ки Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин 2 қувва эътибори миллат аст.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гашт, ки сиёсати фарҳангии худро мустақилона дар асоси принсипҳои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ муайян намуда, ба роҳ монем. Дар робита ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ба тасвиб расида, самтҳои зикргардидаро дар чаҳорчубаи ҳуқуқӣ танзим менамояд.

Маҳз қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур аст, ки имрӯз ҳамчун дастурамали корӣ барои мутахассисон хизмат намуда, дар асоси он табъу нашр, таҳия, таблиғ ва паҳн намудани иттилоот ва ё матну матлабҳо дар шакли мақола, повест, роман, китоб, ки дорои хусусияти сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографӣ манъ буда, таблиғу ташвиқи онҳо маҳкум карда мешавад.

Китобе, ки шаъни миллатро паст мезанад

Китоби мавриди баррасӣ қарордодашуда бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” –и Абдухалил Холиқзода, ки дар он унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ зери суол қарор гирифтаанд, дар он ҳамзамон, андешаҳои муғризона ва маҳалгароию пастзании сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бармало эҳсос мешавад, ки аз доираи инсофи нависанда ва чаҳорчуба ё хатти сурхи адаби нависандагӣ убур кардааст.

А. Холиқзода дар саҳифаи 51-и китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бобе бо номи “Гаште дар Хатлон” дар бораи мардуми вилояти Хатлон чунин изҳори назар кардааст: “Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон (манзури муаллиф қавмҳои туркӣ аст, ки дар саҳифаҳои баъдӣ ишора мекунад) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойгузини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармгуфторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накуҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст”.

Аввалан бояд гуфт, ки нармгуфторӣ дар фарҳанги халқи тоҷик хислати накуҳидаву бад нест, балки сифати ҳамидаву нек аст, вале Холиқзода А. онро чун хислати мазамматшуда ва бад ба халқи тоҷик нисбат дода, онро айб шумурдааст. Дигар ин, ки муаллиф хислати дурӯягиро, ки хислати бад аст, ба тамоми миллати тоҷик нисбат дода, таъбири “дурӯягии тоҷикӣ”-ро сохтааст, ки бо ин ибора на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир намуда, шаъни онро паст задааст.

Муаллиф чунин иддао кардааст, ки хислатҳои чобукӣ ва устуворӣ, ки аз «хислатҳои неки инсонӣ» ба шумор мераванд, хоси миллати тоҷик набудааст, балки тоҷикон дар натиҷаи ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои туркӣ сифатҳои “нармгуфторӣ ва дурӯягӣ”-ро бо сифатҳои “чобукӣ ва устуворӣ” иваз кардаанд. Ин сухан дурӯғест, ки Холиқзода А.А. онро бе ягон далел овардааст ва он ба барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудааст.

Ин танҳо 1 намуна аз китоби таҳиякардаи А. Холиқзода мебошад. Ҳамин тариқ, дар китоби таҳиякардаи номбурда мо садҳо чунин ҳолатҳоро мушоҳида мекунем, ки барои таблиғ нашудани калимоти зишти он ва паст назадани намояндагони маҳалҳо зикри такрории онҳоро салоҳ намешуморем. Таҳия ва нашри чунин амалҳои номатлуб дар даврони ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо, зарбаи сахте ба арзишҳои миллии мардуми тоҷик буда, хилофи фарҳанги миллии мо мебошад.

Вазорати фарҳанг ба ҳайси ниҳоди ваколатдор ва ҳифзкунандаи фарҳангу ахлоқ, таҳия ва паҳн намудани чунин маводро мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ дониста, қатъиян маҳкум месозад.

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube