БОХТАР: ПОККОРӢ ВА ОБИ НӮШОКӢ ЗЕРИ НАЗАР!

 Таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид дар Бохтар маҷлиси корӣ дар мавриди поккории кӯчаҳо ва бо оби ошомиданӣ дуруст таъмин  кардани аҳолӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар ва масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Давлаталӣ Саид вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳо, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар сухан гуфта, дар маҷмуъ фаъолияти ниҳоди зирабтро ғайриқаноатбахш хонд. Воқеан ҳам роҷеъ ба ин мавзуъ дар шумораи гузаштаи СССР матлаби танқидии Зариф Ғулом, 1 меҳмони ин шаҳри бостонӣ нашр шуда буд.

Раиси вилоят сареҳатан таъкид кард, ки масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор бояд покизагии муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсонҳо таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро ба инобат гирифта, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риояи қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ тақвият бахшанд.

– Дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд, – қайд кард Давлаталӣ Саид.

Дар охир раиси вилоят дастур дод, ки дар фурсати назидктарин мушкилот рафъ ва аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гашта, корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, ш. Бохтар тақвият ёбанд.

 

Қ. Нуриддин

ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube