Шарҳи як ҳуҷҷати бисёр нодири таърихӣ
Соли 1878 дар таърихи кӯҳистони тоҷик, хоса сарнавишти мулки Дарвоз гардиши куллӣ рух дод. Соле пеш аз ин ҳокими Дарвоз Сироҷиддин Шоҳ Бӣ Парвоначӣ, ки асосан истиқлоли нисбии Дарвозро аз Аморати Бухороро ҳифз намуда буд, бо фиреб ба Бухоро даъват шуда, дар он ҷо бо ҳама ҳамроҳонаш ба ҳабс гирифта шуд.
Дар пайи он, зимистони соли 1878 лашкари Бухоро бо мувофиқату ҳидояти Русияи Подшоҳӣ аз ҷониби Қаротегин ба ҳудуди Дарвоз ҳуҷум карда, пас аз ҷангҳои хунин онро тасарруф намуд. Аъзои хонадони ҳокими Дарвоз, ки дар набуди сарварашон заиф шуда буданд, қисман асир афтода, қисман кушта шуда, қисман ба самти Фарғона (аз тариқи Ванҷи Боло) ва самти Афғонистони имрӯза (аз тариқи дараи Нусай) пароканда шуданд.
Аммо эътибори шоҳону шоҳзодагони пешин то ҷое баланд буд, ки мардуми Дарвоз ҳатто ба зану фарзанд ва авлоди хурдсоли онҳо эҳтирому этиқоди хоса доштанд. Ин ҳолат барои барқарорию машруияти ҳокимияти манғитӣ дар Дарвоз монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт.
Тибқи мазмуни мактуби беки нави Дарвоз Муҳаммад Муродбек Бӣ, ки аз сӯи аморати Бухоро таъйин шуда буд, ба унвони амири Бухоро Абдулаҳадхон, соли 1886, яъне пас аз 7 соли тасарруфи Дарвоз, аз Бухоро фармон омадааст, ки тамоми аҳлу авлоди Сироҷиддиншоҳро аз хурд то калон аз ҳудуди Дарвозу Қаротегин ҷамъоварӣ карда, ба Бухоро фиристад.
(То Сироҷиддиншои Парвоначӣ, хокимони Дарвоз нимамустақил буда, унвони анъанавии шоҳ ё шо доштанд, аммо пас аз тобеият ба аморати Бухоро (1878) ин мулкро бек идора мекард.)
Мувофиқи ин ҳуҷҷати нодири таърихӣ, ки хушбахтона, нусхаи аслии он бо хатти зебову муҳри хоно то имрӯз маҳфуз мондааст, беки Дарвоз ҳамаи занону духтарон, писарону келинҳо, хешу табор ва ҳатто занону фарзандони мансабдорони собиқи ҳукумати Сироҷиддиншоҳи Парвоначиро ҷамъ карда, бо корвоне махсус зери назорати аскарон ба Бухоро фиристодааст.
Дар фармон аз ҷумла таъкид шудааст, ки аҳли авлод ва атрофиёни ӯро ҳокими Дарвоз ҷамъ карда, ба ҳокими Балҷувон супорад ва ҳокими Балҷувон онҳоро ба ҳокими Деҳнав расонад ва ҳокими Деҳнав онҳоро ба ҳокими Қаршӣ расонад ва ҳокими Қаршӣ онҳоро ба Бухоро оварда супорад.
Гарчӣ мактуби мазкур чун сарчашмаи ҳуҷҷативу таърихӣ дар бораи аъзои оила ва атрофиёни Сироҷиддиншоҳ ва сарнавишти онҳо маълумоти фавқулодда муҳиммеро дар бар мегирад, аммо худи саҳнаи ба Бухоро бурдани корвони занону духтарону хешу табори ӯ ва атрофиёнаш, ки дар мактуб бисёр ҷузъӣ тасвир шудааст, яке аз манзараҳои фоҷеавии сарнавишти мардуми кӯҳистони тоҷик пас аз ишғоли хунини он аз сӯи амирони манғития дар охири асри Х1Х мебошад.
Сарнавишти минбаъдаи Сироҷиддиншо ва фарзандону атрофиёни ӯ дар ҳуҷҷатҳои дигар сабт гаштаанд.
Ҳуҷҷати зикршуда, ки нусхаи он дар зер пешниҳод мешавад, аҳаммияти муҳимми илмӣ, таърихӣ, сиёсӣ, маълумотӣ, забоншиносӣ, матншиносӣ, хатшиносӣ ва ғайра дорад.
(Вақти мутолиаи ҳуҷҷат бояд дар назар гирифт, ки тибқи услубу талаботи номанигории замони аморати Бухоро, қисми аввали мактуб асосан аз дуову васфу ситоиши тӯлониву осмонӣ дар ҳаққи худи амир иборат буда, танҳо дар қисми дуввуми он ҷузъиёти ҳодиса ва мазмуну маълумоти асосӣ оварда шудааст.
Бо мақсади фаҳмо шудани матн, маъно ё муродифи имрӯзаи баъзе калимаҳо дар дохили қавс оварда шуданд.) Матни комили ҳуҷҷат ба хатти имрӯзаи кириллӣ чунин мебошад:
ҲУВАЛ ФАЙЁЗ
Бисмиллоҳи хайр-ул-асмо
Арзадошти ин ғуломи ризоҷӯи ҷоннисори хидматгори фармонбардори самимии хайрхоҳи билоиштибоҳ, ба зурваи (=ба мақоми баланди) борёфтагони остони муродрасони малоикпосбони сикандарнишони олиҳазрати баҳромсавлати доромартабати нӯшервонмаъдалати ҷамҷоҳи анҷумсипоҳи хуршедкулоҳи фалакборгоҳ, зиллуллоҳи таъоло фиддорайни-л-арзайн, халоиқпаноҳи фил-оламин, носир-ул-миллати ва-ш-шариати вад-дин, хулосаи оли тоҳо ва ёсин, авлоди ҳазрати сайид-у-мурсалин, фурӯғи дидаи ҷаҳонбонӣ, қуввату бозуи мусулмонӣ;
Ағно (саршор) ба сад ҳазор гуна аҷзу одоб, зарравор, бал ғубосор, замини адаб ба лаби убудият (=бандагӣ) бӯсида, чунин арза медорам, ки соҳибо, банданавозо, тасаддуқи сари азизи мубораки ҷаноби олӣ, ҳазрати соҳибам сад ҳазорон мартаба шавам, алҳамдулиллоҳи вал минна, ба фазлу карам ва ба юмни давлати абадмуддати фирӯзманзалати худододи зафарниҳоди қавибунёд, уламо, фузало, сайид-содот, фақиру фуқаро, ғарибу ғурабо, бева (ва) бечорагони атрофи ҷавониб, ояндаву раванда ва ғуломонашон сарбозия (-и вилояти Дарвоз) дар маҳди амнияту фароғат ба осоиш ва оромиш буда, ба хотирҷамъии тамом ва осудагии ҳол ба дуои саломатии зоти мубораки олӣ иштиғол доранд (=машғуланд).
Алалхусус, ин ғуломи маврусии нодон шабонарӯз дасти дуо ба даргоҳи қодири зулҷалол ва донои кулли ҳол бардошта, саломатӣ ва бақои умри давлат ва фатҳи нусрати ҳазрати зилуллоҳӣ, соҳибам ва мавлоямро талаб намуда, ғайр аз ғуломӣ ва дуогӯӣ ва хизматгорӣ дигар пеша ва андешае ба хотири худ роҳ надода, дуо гирифта, дуо менамоям.
(қисми асосии мактуб)
Умедгоҳо, тасаддуқи сари муборакатон шавам, аз рӯи амри мубораки олӣ аз аморатпаноҳ Муҳаммадшарифбии Парвоначии (=девондори амир, мартабаи сиёсӣ) ғуломашон ба ин ғуломи ризоҷӯй хат омад, ки аз ваҷҳи куҷҳои ( аҳли оила, бастагон) Сироҷиддиншо Бии Парвоначӣ (=шоҳи зиндонии Дарвоз, ки дар Бухоро қарор дошт)…
(идомааш дар тарафи рости ҳуҷҷат, аз поён ба боло) …
…меҳрубонии олӣ шуд, ба аморатпаноҳон ҳокими Дарвоз ва Балҷувон ва ҳокими Деҳнав ва Қаршӣ хат кунед, ки куҷҳои мазкурро ҳокими Дарвоз ба ҳокими Балҷувон фиристода расонида, ҳокими Балҷувон ба ҳокими Деҳнав расонида, ҳокими Деҳнав ба Қаршӣ расонида, ҳокими Қаршӣ ба Бухорои Шариф мерасонанд.
Куҷҳои мазкур се зану ду келини парвоначии мазкур (=Сироҷиддиншо), ду зани Файзуллоҳ эшикоқобошӣ (фармондеҳи баланди низомӣ), ду зан, ду писари Сӯфишоҳ эшикоқобошӣ, ду зан ду писари Шоҳмурод туқсоба (фармондеҳи миёнаи низомӣ), як зан, як оҷизаи Мирзосодиқ мирохӯр (фармондеҳи аскари савора), ҳамин номбурдагон будааст.
Аз рӯи меҳрубонии олӣ куҷҳои мазкурро одам ҳамроҳ карда, ба ҳокими Балҷувон фиристонед. Аз даруни куҷҳои мазкур чаҳор зану чаҳор писари Сӯфишоҳ эшикоқобошӣ ва Шоҳмурод туқсобаи мазкур ба Қаротегин будааст, ҳокими Қаротегин ҳам куҷҳои мазкурро ҳамроҳ карда мефиристонанд.
Ҷаҳонпаноҳо, тасаддуқ шавам, хати аморатпаноҳ парвоначии мазкури ғуломашонро одами ин ғуломи ризоҷӯй гирифта овард, ки ғуломи хайрхоҳи фармонбардор аз рӯи хати аморатпаноҳи мазкур супориши олиро ба ҷону дил қабул намуда, дафъатан амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони ин валоро (вилоятро) ҷамъ карда, хати парвоначии мазкури ғуломашонро нишон дода, куҷҳои мазкуронро таъкид ва таҳқиқ намуда, эҳтиёт карда пурсидам. Амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони ин вало ғуломонашон ҷаноби олиро дуъоҳо намуда мегӯянд, ки Сироҷиддиншо Бӣ Парвоначии мазкур дар ин вало се зану як келин дошт. Як зани парвоначии мазкур духтари Мирабдулқодири мутаваффо ва як занаш духтари Муҳаммадшариф Махдум ном мебошад.
Тасаддуқ шавам, як келини парвоначии мазкур духтари Сайидбек эшикоқобошӣ мебошад, ки парвоначии мазкур дар вақти ба Дарвоз буданаш эшикоқобошии мазкурро ҳабс намуда, навъе шуда аз ҳабси ӯ баромада, махлас (=халосӣ, наҷот) ёфта, ба Хуқанд рафта буд. Дар он ҳин духтари эшикоқобошии мазкурро парвоначии мазкур (=Сироҷиддиншо) бо Салимшо ном писараш ақд намуда, он вақт духтари мазкур хурд буда, ба ҳадди булӯғ нарасида, писари парвоначии мазкур бо ӯ дастдарозӣ накарда, то ба ҳол бокира мебошад мегӯянд.
Тасаддуқ шавам ва як келини дигарашро ҳарчанд аз тавобеи Дарвоз ва Вахёро пурсида тараддуд кунонидам, амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони Дарвоз то Вахё ҷаноби олӣ мавлоямро дуо карда, мегӯянд, ки ҳеҷ кадоми моён келини дигари парвоначии мазкурро намедонем, ки ба куҷо бошад. Афзалшоҳ ном писари калони парвоначии мазкур (=Сироҷиддиншо) маъа (ҳамроҳи) куҷҳояш дар вақти фатҳи Дарвоз бо ҳамроҳи Маҳмудшоҳ ном амакаш гурехта, ба Хӯқанд рафта будааст.
Оламмадоро, тасаддуқ шавам, ва як зани Сироҷиддиншо Бӣ Парвоначии мазкур ҳамшираи Сафаралибек эшикоқобошӣ мебошад, аз давлати саросархосияти ҷаноби олӣ, баъд аз фатҳи вилояти Дарвоз, Худойназарбӣ атолиқи мутаваффо (=мири пешини Қаротегин, ишғолкунандаи Дарвоз) ҳамин ҳамшираи эшикоқобошии мазкурро, ки зани парвоначии мазкур аст, ба ҷаноби олӣ, ҳазрати ғуфронмаконӣ (манзур Амир Музаффар, падари амир Абдулаҳад), наввара марқадаҳу (=гӯраш пурнур бод), арзи ғуломӣ намуда, ба марҳамати олӣ ба ақди худ дароварда, гирифта ба Қаротегин бурда, як сол хонаҷойӣ шуда нигоҳ дошта, атолиқи мутаваффои мазкур (=мири Қаротегин) чӣ ранг малол гардида, рухсат карда, заифаи мазкур муддати панҷ сол шуда ба Дарвоз омада, ба хонаи акааш эшикоқобошии мазкур нишастааст гуфта, амалдорон, оқсақолон, мӯйсафедони Дарвоз «ба ҳамин тариқа шуда буд» мегӯянд.
Ғуломнавозо, он ҳангоме, ки ба хатти аморатпаноҳ Муҳаммадшариф парвоначии ғуломашон се зани Сироҷиддиншо Бӣ Парвоначӣ дохил буд, бинобар он, бандаи оҷизи нотавон ба чандин тарси бисёр ҳамшираи Сафаралибек эшикоқобошии мазкурро ҳамроҳи додараш маъа (=ҳамроҳи) ду зану як келини парвоначии мазкур, ду зани Файзуллоҳ эшикоқобошӣ, як зани дигари оҷизаи Мирзосодиқ мирохӯри ғуломашонро ҷамъ намуда, аз давлати ҷаноби олиҳазратам ба ҳамаи онҳо улув (=ҷою хӯрок) дода, одам ҳамроҳ карда, ба аморатпаноҳ Муҳаммад Юсуфбӣ девонбегии ғуломашон ҳокими Балҷувон хат карда, явми душанбе, бисту якуми моҳи шаъбон куҷҳои номбурдагони мазкурро бо ҳамроҳии додарҳояшон ба ҷониби Бухорои Шариф фиристонида, ончӣ дида ва шунидаи худ ба ҷаноби олӣ маълум шавад гуфта, аз рӯи ғуломӣ ва нодонӣ арзи бандагӣ намудам.
Илоҳо, то ҷаҳон бошад, ҳазрати соҳибам ба давлати иқбол саломат буда, шоду хуррам бошанд.
Омин ва рабу-л-оламин.
Ё ҳазрати воҷибу-л-вуҷуд.
Аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир
Аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир
Аттақсир, аттақсир, аттақсир*
(*Тибқи суннати номанигории аморат дар охири мактубҳо ба унвони амир ҳамчун рамзи биму бандагӣ аз 3 то 20 маротиба калимаи «ат-тақсир» навишта мешуд, ки ба маънои пеши Шумо «гунаҳкорам» ва аз Шумо «узрхоҳам» меояд.)
Муҳр: Муҳаммад
Муродбек Бӣ
Абдулло Раҳнамо,
муҳаққиқ
