Баъд аз кушодашуданҳои сарҳад миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ду роҳбари некхоҳу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки хушҳолии мардумро ҳадду канор набуд, дар ин миён садҳо шартномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расида, ки яке аз онҳо пешниҳоди банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» буд, хосатан барои пайвандӣ ва устувории дӯстӣ.
Ҳамагӣ медонем, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ намунаи хуби дӯстӣ миёни тоҷикону ӯзбекон буду ҳаст. Яке устод буду дигаре шогирд ё яке пир буду дигаре мурид ва ё яке роҳнамо буду дигаре роҳпаймо. Бо инояту каромату некхоҳиҳои ҳарду шахсияти бонуфузи замон ҳангоми роҳбарии Ҳусайн Бойқаро дар қаламрави Хуросони бузург ва Мовароуннаҳр садҳо қаламбадастон сабзиданд ва садҳо мадрасаву китобхонаву корвонсаройҳо бунёд ёфтанд. Бо пешниҳоди онҳо қисми зиёди китобҳои нодир ва нобудшудаву камбударо бо сифати хубу шумораи зиёд дубора бознавис намуданд ва наққоши ҷавон Камолиддини Беҳзод ба чанде аз онҳо наққошиҳо низ намудааст. Худи К. Беҳзод ҳам дастпарвари бевоситаи онҳост.
Шӯҳрату некхоҳию дониш ва хираду дастпарварии ин ду абармарди замон то ба дуриҳои дур расида, ки ҳама мехост ба Ҳироти овозадор (пойтахт) омада таҳсили илм карда аз ҳидоятҳои ин ду шахсияти замон баҳравар бигарданд. Бобои Мавлоно масъулияти роҳбарии тариқати Нақшбандия дар шаҳри Ҳиротро бар зимма дошу Мир Алишер бошад роҳбарии девони маданиятро дар дарбори Ҳусайн Бойқаро, ки як қисми буҷаи давлатро дар роҳи илм сарф мекард. Аз ҳамин хотир бисёре аз мунаққидони бахши адабиётшиносӣ шумораи зиёд сабзидани қаламбадастону донишмандону ҳунармандони давраи онҳоро ҳамвора васф мекунанд.
Баъди гузашти 600-сол ниҳоят имконияте фароҳам омад, ки он ду қути замон ё дурахши ахтаронро ки намунаи хуби сабзиданҳо ва дӯстӣ миёни тоҷику ӯзбек аст сабти филм шуда ба наслҳои имрӯзу фардо ҳадя ва роҳнамо гардад. Барои амалӣ шудани ин лоиҳаи муҳим ва заҳматталаб лозим омад, ки аз ду ҷониб таърихшиносону адабиёдшиносон, сиёсатшиносону филмноманависон сари як миз нишаста бояд тарҳи лозимаи филмномаро пешниҳод мекарданд.
Ҳамагӣ медонем, ки филмофарӣ аз се давраи муҳим иборат аст:
- Омодагӣ
- Банаворгирӣ
- Бандубаст-танзим
Ва барои сохтани филми хуб ҳам се пункти асосӣ мавҷуд аст:
- Филмномаи хуб
- Маблағи хуб
- Гурӯҳи кории хуб
Мушкилтарин ва вақтгиртарин давра, ки фосилаҳои зиёд, рафту омадҳои дуҷониба, баҳсу баррасиҳои ҳамешагӣ ва нақду ислоҳу иловаҳои бешуморро бо худ дошт ҳамин давраи тавлиди филмнома буд, ки каму беш 3-солро дарбар гирифт.
Ҳайъати дуҷониба барои навишти филмнома инҳо буданд:
Сафар Ҳақдодов – Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон – муаллиф
Рустам Ҷабборов – муаллиф
Абдуҷаббор Раҳмонзода – собиқ Сафири мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон – мушовир
Маҳмадсаид Шоҳиён – Раиси «Муассисаи давлатии «ТоҷикФилм»- ҳаммуаллиф
Фирдавс Абдухолиқов – собиқ Раиси «Агентии кинематографияи Узбекистон»- ҳаммуаллиф
Шуҳрат Ризоев – Раиси «ӮзбекФилм» ҳоло раиси Агентӣ – мушовир
Файзулло Файзов – коргарон-таҳиягар
Дилмурод Масаидов – коргарон-таҳиягар
Шодимуҳаммад Сӯфизода – мушовир
Бадриддин Мақсудзода – мушовир
Муҳриддин Низомӣ – мушовир
Хушбахтона муаллифону ҳаммуаллифон ва мушовирони дуҷониба, ки ҳам таҷрибаи зиёди корӣ доштанду ҳам донишу ҷаҳонбинии васеъ баъди навишту баррасиҳои чандбора ниҳоят ба хулосаи охир омаданд ва намунаи комили филмнома бо мӯҳр тобистони соли 2024 ба дасти гурӯҳи филмбардорон расид.
Дар ин миён гурӯҳҳои филмбардорӣ аз «ТоҷикФилм» ва «ӮзбекФилм» барои муайян намудани маконҳои сабт ва гузаронидани кастинг миёни ҳунармандон сафарҳо доштанд.
Ҳайати гурӯҳи филмсозон дар ибтидо:
Файзулло Файзов: коргарон-таҳиягар
Дилмурод Масаидов: коргарон-таҳиягар
Тоҳир Назар: рассом-таҳиягар
Шамсиддин Нуров: рассом-таҳиягар
Абдукарим Уроқов: наворбардор-таҳиягар
Диёр Исматов: наворбардор-таҳиягар
Манзаралӣ Шералӣ: коргардони дуюм
Шаҳноза Ҳалимова: коргарони дуюм
Акмал Абдуллозода: директори филм
Маҳмуд Эркабоев: директори филм
Сафари аввал шурӯъ шуд аз ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
– Шаҳри Душанбе – Павилонҳои МД «ТоҷикФилм», Боғи Ирам, Кохи Наврӯз, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, дарраи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, бӯстонсаройи Ноҷии Ҳисор, обамбори Норак, Хуррамшаҳри Данғара, Қалъаи Балҷувон, Кӯҳи Чилдухтарон, Тахти Хуталон-Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук-Восеъ, ш.Бохтар, Тахти Қубод, Чилучорчашма, Саразми қадим, арчазори Шаҳристон, Қалъаи Муғ-Истаравшан, Қалъаи Хуҷанд, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Баҳри Қайроққум, мадрасаҳои ш.Конибодом, даштҳои ш.Исфара ва шаҳраки Шӯркӯл.
Баъдан ба ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН:
– Шаҳри Тошканд
павилонҳои «ӮзбекФилм», Боғи миллӣ.
– Шаҳри Самарқанд –
Мадраса, мақбара бозор кӯчаҳо ва музейҳо, расадхонаи Амир Улуғбек, Шоҳи Зинда, Самарқанд-ситӣ,
– Шаҳри Бухоро –
кӯчаю тангкӯча, мадрасаю мақбара, растаю майдону боғ, Арки Амир, Ситораи моҳи хоса, мақбараи Амир Исмоили Сомонӣ, мақбараи Чор-Бакр
– Шаҳри ХИВА –
комплекси ҳоким ки ҳама биноҳо дар як ҳисоршуда ҷойгиранд, майдони декории филмбардорӣ дар саҳро ва майдони калони бозор.
Ҳангоми сафар ба ин нуқтаҳо ҷо-ҷое ба театрҳо рафта ҳамзамон миёни ҳунармандон кастинг ҳам гузаронида мешуд.
Аз тобистони соли 2024 баъди қисматшуданҳои саҳнаҳо ва ҳунармандони дуҷониба марҳилаи дуюми филм: омодагӣ-сохтанҳо шурӯъ шуд. Декорсозӣ, иловаҳои декорӣ, дӯхтани либосҳо, дӯхтани кавшҳо, либосҳои сарбозон, сохтани реквизитҳо ва харидҳо. Бачаҳое, ки дар ин қисм илова шуданд инҳо буданд:
Лутфуллоҳ Неъматов: рассоми дуюм
Шӯҳрат Камолов: масъул ва рассоми либос
Вайс Асоев: рассоми либос
Эраҷ Искандаров: рассоми ашё (реквизит)
Сайид-Бобо: рассоми декор
Муҳсин Бобоӣ: пардозгари асосӣ
Ораш Алиризо: пардозгари дуюм
Ҳасан Қосимов: дастёри пардозгар
Насриддини Асадулло: ёрдамчии коргардон
Ризомиддин Холов: ёрдамчии директор
Фирдавс Аҳмадов: ёрдамчии директор
Омодагиҳои тарафи мо дар павилонҳои киностудия, Қалъаи Ҳисор, Боғи Ирам ва Қалъаи Хуҷанд мерафту омодагиҳои онҳо дар шаҳрҳои Бухоро ва Тошканд. Дар ин миён, ҳам сафарҳо ва ҳам зум-суҳбатҳои интернетӣ идома меёфт.
Барои такя ба таърихи асри 15, ки шакл ва нақшу нигорҳои хонаву қасру либос ва ашёву кавшҳо фаровон истифода мешуд моро зарур омад ба рассомони таҷрибадор муроҷиат кунем. Хушбахтона дар ин қисмат Олимҷон Рабиев, Ҷамшед Холиқов ва Парвиз Рӯзиматов пайваст шуданд, ки ҳам дар интихоби маконҳои сабт ва ҳам дар интихоби эскизҳои нақшу нигори декорӣ, тарҳи либосҳо ва реквизитҳо кумаки зиёде карданд ва ҳамвора паҳлӯйи мо истода барои дурустии кор роҳнамоӣ менамуданд.
Аз баски ин аввалин лоиҳаи филмсозии таърихӣ дар замони соҳибистиқлолӣ буду бачаҳои ҷавони гурӯҳ ин таҷрибаро надоштанд, лек ғуруру шууру ифтихори миллӣ моро пайваст ба самти пеш равона мекард, ки ин ҳама бо такя ба шахсиятҳои кордону калонсолоне, ки болотар номҳояшонро гирифтем буд.
Бинобар сабаби зудтар омода шудани тарафи мо хоса ду павилони киностудия, ки як солро дарбар гирифту хело дар сатҳи хуб омода шуда буд, ниҳоят давраи сеюми филм яъне давраи наворбардорӣ шурӯъ шуда аз шаҳри Душанбе.
Рӯзи якуми августи соли 2025 дар павилони «ТоҷикФилм» – устохонаи Камолиддини Беҳзод сабт шурӯъ шуд. К.Беҳзод зодаи Табрез будаву дар Ҳирот, зери сояи он ду шахсияти замон ба камол расида беҳтарин шоҳкориҳои наққошияшро ҳам онҷо анҷом додааст ва баъди вафоти онҳо тарки Ҳирот мекунад. Яъне К.Беҳзод дар филм нақши ровии асосиро дорад.
Баъдаш дар китобхонаи дарборӣ, тахти шоҳӣ, роҳрави дарбор ва бошишгоҳи фарзанди шоҳ, ки ин қисмат бозгӯйи асри 15-и Астарободро дарбар мегирифту роҳбари қабила Узун Ҳасан ном дошт сабт карда шуд. Яъне панҷ нуқта дар ду павилон сохта шуда буд.
Дар Боғи Ирами пойтахт, хоса ҳавлӣ ва хонаи бадахшӣ, ки қисса гӯё дар Бадахшони кӯҳӣ мегузашт, сабт шуд ва баъдан рафтем ба Қалъаи Ҳисор. Дар ин майдони таърихӣ саҳнаҳои ҷашни аҷдодии Меҳргон ва маросими видоъ бо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ наворбардорӣ шуд. Дар ҳарду саҳна ҳам одамони зиёде барои иштирок аз шаҳрҳои Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода ҷалб карда шуда буд, ки барои фазосозӣ бисёр зарур ва муҳим буд.
Баъди як рӯзи истироҳатӣ гурӯҳ равона шуд ба самти Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд. Дар дохили Қалъаи Хуҷанд саҳнаҳои хонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, хонаи Маҷдиддин – вазири Аъзами хонадони Ҳусайн Бойкаро, бозори Астаробод ва роҳравҳои шаҳр наворбардорӣ шуданд, ки дар ин саҳнаҳо низ мардуми зиёде аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд. Қисмати соҳили дарёи Даҷларо дар Қайроққум ва қисмати хаймаи биёбонии бобои Мавлоно дар дашти Исфара сабт карда шуд.
Баъзе қисматҳои филм бо пардаи сабз наворбардорӣ шуданд, ки баъдаш бо эфектҳои визуалӣ бояд коркард шаванд то шаҳомату сифати филмро боло бардорад. Ин тарзи кор дар бештари филмҳои ҷаҳонӣ истифода мешавад. Ҳамчунин шутурҳо ва аспҳои зиёд низ мувофиқ ба саҳна истифода шуданд. Яъне 40 рӯзи сабтро дар ҳудуди ҷумҳурӣ дарбар гирифт ва бачаҳои бахши танзим ҳамарӯза саҳнаҳои сабтшударо бандубаст карда мемонданд.
17-уми сентябр гурӯҳи мо роҳ гирифт ба самти шаҳри Бухорои Шариф, ки аллакай бачаҳои гурӯҳи «ӮзбекФилм» онҷо буд, ва аз 19-ум дар оромгоҳи қадимаи «ЧОР-БАКР» давоми сабт шурӯъ шуд. Дар ин оромгоҳ бачаҳо саҳнаи декорие сохта буданд, ки шаҳомати хубе дошту пасманзараш пур аз биноҳои қадимаи хиштин буд. Баъдан дар роҳравҳо, мадрасаҳо, мақбараҳо ва даштҳои қумзори ин шаҳри аҷдодӣ сабтҳо давом ёфт, ки ҳудуди 33-рӯзро дарбар гирифт. Дар ин қисмат ҳам мардуми зиёде бо аспу шутур ва дигар лавозимотҳои лозима ҷалб карда шуданд, ки ба ҳолатҳои мавҷудбуда басо мувофиқу мутобиқ буд.
Қисмати охири наворбардорӣ, ки дар павилони шаҳри Тошканд дарназар буд, хоса саҳнаҳои дохили дарбори Ҳусайн Бойкаро аз 26-уми январ шурӯъ шуда 05-уми феврали соли 2026 ба анҷом расид, яъне 10-рӯз. Саҳнаҳои серодам дар дарбор ва атрофи он низ зиёд буд.
Ҷамоҷамъ 40-рӯзи наворбардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 43-рӯзи наворбардорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ин проссес 6-моҳро дарбар гирифт. Яъне:
. Марҳилаи сабт 6-моҳ
. Марҳилаи омодагиҳо 1-сол зиёдтар
. Марҳилаи сенариянависӣ 3-сол
. Марҳилаи банду бастҳои танзим 6-7 моҳи дигар тӯл мекашад. Танзими садо, танзими дубляж, танзими оҳангсозӣ, танзими эфектҳои визуалӣ, танзими рангпардозӣ ва зернавиштҳо, ки ин ҳама бахши охири филм поспродакшенро дарбар мегирад.
Ин заҳмати 6 сола, ки дар саргаҳаш ду роҳбари некхоҳу дурандешу нексиришт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев меистад умедворем, ки барои насли имрӯзу фардо як филми хубу дидае хоҳад шуд. Ин пешниҳод дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҳарду кишвар беҳтарин армуғоне хоҳад буд.
Бо умеди рӯйи пардаи синамо омадани ин талоши деринтизор ва пойдории ҳамешагии дӯстии халқҳо.
Тоҳир Назар – рассом таҳиягари ҳамин филм.
ш.Тошканд, 05.02.2026
