Аз шамолӯхӯрӣ эҳтиёт бошем

Бо арзи салом!  Бо вуҷуди он ки боду ҳавои имсола назар ба солҳои дигар хуб омад ва бо оғози зимистон барфу борон андаке арзонӣ шуд, аммо зуд – зуд тағйир ёфтани боду ҳаво, ки хоси иқлими Тоҷикистон аст, хеле фиребанда мебошад. Чунончи,  чанд рӯзе зимистони қаҳратуни сибирӣ мешаваду 2 – 3 рӯз баъд мегӯӣ, ки баҳор аст. Баъзе одамҳои бетоқат, бахусус, ҷавонон ба фиреб ё шӯхии табиат дода шуда, бо либосҳои тунук ба берун мебароянд ва дар натиҷа ҳам худ грипп шуда, ҳам аҳли хонадонашонро сироят менамоянд. Аз ҳама бад, паҳн ва хуруҷ гардидани зуком дар сартосари кишвар мебошад.

Бинобари ин, аз таҷрибаи бисёрсолаи ҳаётӣ истифода карда, эҳтиромона аз ҳама хоҳиш дорам, ки то фарорасии баҳор сабур бошанд ва нисбати зимистон нописандӣ зоҳир накунанд, ки ба хашм меояду қасд мегирад. Дар ниҳоят, эҳтиёт кунеду ҳеҷ гоҳ бемор нашавед!

Таваралӣ Авсақолов,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube