Салом, СССР! Ростӣ, мақолаи “Саховат “Душмани матбуот” – ро дар шумораи 3, СССР, 29 январи соли 2026 хонда, хеле мутаассир шудам. Ба ҷои дастгирӣ ва сипосгузорӣ ба Муҳаббат Ортиқова, зан – модаре, ки дар чунин як шароити вазнини иқтисодӣ на даст ба талбандагӣ задаю на аз касе ёрӣ хоста, бо фурӯхтани рӯзномаю маҷаллаҳо ҳам рӯзгори худро пеш мебарад ҳам нашрияҳоро ба мардум мерасонад, монеъагӣ намудан ба қолабе рост намеояд. Алалхусус, вақте ки таҷрибаи 35 – солаи кори паҳнкунандаи матбуотро дорад. Пештар ба чунин инсонҳо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ медоданду сураташонро дар лавҳаи фахрӣ ҷой. Дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар бораашон ҳамчун чеҳраҳои ибрат менавиштанд.
Рӯзномаҳо офтобпараст, картошкаю пиёз ё дигар маҳсулоте нест, ки ҳам ҷои зиёдро ишғол намоянду ҳам гирду атрофро ифлос. Барои ташкили дӯкони алоҳидаи фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо ин модари меҳрубон на зарурат, на шароит, на имконият надорад. Иҷозатнома бошад, чун дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд бо ташаббуси худи роҳбарияти ҳукумати ноҳия ба ин зани фаъолу бомаърифат дода шавад, на ин ки баҳона гардад.
Матбуот ин чашму гӯши давлат мебошад. Бе адабиёт, матбуот, маориф, илм ҷомеаи инсонӣ ба ҷомеаи ваҳшиҳо табдил меёбад. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ, Сардафтари адабиёти советии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон “Ҷомеаи бекитобу рӯзнома тани беҷон аст”
Гадойбой Раҳматуллоев,
н. Айнӣ
АЗ РЕДАКСИЯ: Баъди нашри матлаби мо шахсан раиси н. Фирдавсӣ ба мавзуъ расидагӣ карда, ба ин бону иҷозати фурӯши газетаву маҷаллаҳоро доданд. Аммо аз рафти тафтиш маълум гардид, ки ин нафар не, балки хешаш, дар ин зерзамин на танҳо рӯзномаву маҷалла, ки бисёр чизҳои дигареро мефурухтааст, ки ба талабот посухгӯй нест. Мо ҳатто санҷида баромадем, ки фурӯшандаи ин мавзеъ газетаи СССР-ро бо роҳҳои қочоқӣ, аз кадом нафаре дастрас кардаву мефрухтааст. Дар ҷамъ танҳо 5 дона газета мегирифтаасту ун тарафаш савдои кӯчагӣ. Зимнан, ҳарчанд мо аз ӯ пуштигирӣ кардем, дигар масъулияти фаолияташ бар дӯши худи ин бонуст. Мо Метавонем!
