Ҳақиқатро аз ҷаҳолат фарқ кунем!

Дуруд! Рости гап, дар замоне, ки дар давлатҳои мутараққии асосан Ғарбу Аврупо бо такя ба илму дониши замон, фанновариҳо ба кашфиёту ихтироъҳои нав ба нав машғуланд, аз мафкураи танги асримиёнагии ҳамватанони алоҳида, ғамгин мешавам. То ба кай мо бо чунин андешаю фаҳмиш умр ба сар мебурда бошем? Гуфта – нагуфта, қаллобони дар либоси дин пинҳон ба куфру ширк ҳукмат мекунанд. Ҳол он ки бисёре аз рафтору кирдорҳои худашон берун аз шарту талаби шариатанд.

Ҳама шоҳид ҳастем, ки баробари соҳибистиқлолӣ ба даст овардан, чӣ қадар шумораи одамон барои ҳатман ба ҳаҷ рафтан зиёд шудааст. Аслан, он ба як мӯд, мусобиқа ва худнамоишдиҳӣ табдил ёфтаасту зиёдашон аз рӯи сидқ нест. Бо вуҷуди суханронию таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус, баъзеҳо бо сарфи маблағҳои зиёд ба такрор ва бо оилаҳои худ гуруҳ – гуруҳ шуда, мераванд. Ин ҳам дар ҳолатест, ки баъзе аз хешу таборони наздик, ҳамсояҳои онҳо дар ҳоли хуби иқтисодӣ қарор надоранд. Кам нестанд оилаҳое, ки бахусус, кӯдакон аз фақр азоби сахти руҳию ҷисмонӣ мекашанд ва номаълум, ки фардо онҳо чӣ гуна фарди солими ҷомеа ба камол мерасанд?

Ҳамзамон, дар деҳаю ноҳияҳо ҳам кам нест мардуме, ки ба роҳи обод, оби нӯшокӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва амсоли он ниёзманданд. Магар намешавад, ки он ҳама маблағҳои зоҳирпарастонаро ба корҳои ободу зебогардонӣ, муҳайё намудани шароити дурусти кору зиндагӣ дар кишвари худ сарф намоем?

Каъбаро гуфтам сиёҳ пӯшиданат аз баҳри чист?

Гуфт: Аз ҷаҳли ҳамин уммат азодорем мо.

Пӯлод Иброҳимов,

нафақахӯр, ш. Хуҷанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube