Отто Мелис: Дар соли 1945 маро ҷанговарони советӣ наҷот доданд!

Носталжӣ

Кадоме аз насли замони шӯравӣ филми “17 лаҳзаи баҳор” – ро, ки кӯтоҳ бо номи Штирлитс ҳам маъруф аст, ёд надорад? Актёри немис Отто Мелис, бозандаи нақши аскар Хелмут Голд дар филми бисёрсериягии советӣ “17 лаҳзаи баҳор”, ки бо қимати ҷони худ ҳаёти бонуи алоқачӣ Кэт ва тифлашро имконияти наҷот ёфтан  аз гестапочиён фароҳам овард, дар мусоҳибаи худ бо агентии советии ТАСС нақл кард, ки соли 1945 ҷанговарони советӣ сабаби зинда монданаш гардиданд. Сарбозони Армияи Сурх дар соли 1945, ки Германияро аз фашистон озод мекарданд, бисёр мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакони аз касофатии ҷанг тамоман  аз обу ғизо маҳрум ва ба марги ногузир маҳкумшударо умри дубора бахшиданд. Дар баробари ин, ботил будани миф, яъне таблиғоти дурӯғини фашистиро дар бораи даҳшати бедодгарии Армияи Сурх исбот карданд.

9 май чӣ арзиш дорад?

-Шахсан барои ман ин сана, ҷашн қимати ҳастиамро дорад. Он айём мо, немисҳои аз таблиғоти гитлерӣ заҳролудшуда, кӯру кар гашта будему қобилияти дарки воқеиятро надоштем. То ҷое, ки ҳатто давраи анҷоми қатъи ҷанг ва ногузирии капитулятсияи Германияи гитлерӣ ба ғалабаи гитлерчиён 100% бовар доштем. Соли 1945 ман 14 – сола будам. Моро бовар кунонданд, ки советиҳо ваҳшианд, инсон нестанд. Вақте ки омаданд, кӯдаконро аз пояшон дошта,  сарашонро ба дарахтон зада, мекушанд. Инро баъдтар фаҳмидем, ки чунин бераҳмиро айнан худашон нисбати кӯдакони советӣ мекардаанд. Мутаассифона, ба ин дурӯғ аксарият бовар мекарданду ба воҳима афтода буданд. Маҳз бо ҳамин сабаб модарам дар ҳолати шок худкушии худу фарзандонро ягона қарори дуруст интихоб намуд. Ғизои заҳролудаи ҳамон шаб тайёркардаи модарам хоҳарамро бо 3 писарбачаи дӯстрӯякаш ба хоби абад бурд. Танҳо ман тасодуфан зинда мондаму ба ҳуш омадам. Ҳамсояҳо дарак ёфта, маро нигоҳбину ғамхорӣ ва ба по рост карданд.

Ҳамин тариқ, мани дар лаҳзае аз азизон маҳруму танҳомонда, бо дасти захмини латтапеч, аз кӯча мегузаштам, ки дар назди даромадгоҳи биное аспони зиёдеро дидам. Он ҷо рафта, пурсидаю фаҳмидам, ки аспон ба аскарони комендатураи советӣ тааллуқ доштаанд, ки дар онҳо маҳсулоти хӯрока барои онҳо мерасондаанд. Назди сардори комендатура рафтаму гуфтам, ки ман сахт гуруснааму хӯрдан мехоҳам ва ҳамин ки сиҳат шудаму қувват гирифтам, метавонам нигоҳубини аспҳоро ба уҳда бигирам. Сардор розӣ шуд ва аз ҳамон рӯз бо онҳо мондам ва соҳиби хӯроки доимӣ шудам.

Ҳелмут-немиси дилсӯз аз «17 лаҳзаи баҳор»

-Соли 1947 ман ба омӯзишгоҳи театрӣ дар Шверин дохил ва ба омӯзиши СССР  ва фарҳанги он дода шудам. Хеле аз филмҳо, ба мисли асари сегонаи Горкий “Бачагӣ”, “Дар байни мардум”, “Университети ман” – ро тамошо кардам. Маҳз ҳамон вақт фаҳмидам, ки санъат чӣ тавоноие доштааст. Баъдтар ман дар филми “ Доктор Шлютер” нақш бозидам. 3 ҳафтаи расо банаворгирӣ дар соҳили Байкал давом кард ва ман бо бисёр чеҳраҳои фавқуллодаи наҷиби советӣ аз наздик шинос шудам. Мо бо онҳо ба он дараҷа дар муоширати наздик қарор доштем, ки ногуфтанист.

 Баъди ин иҷрои нақши Ҳелмут ба ман хушҳолию қаноатмандии зиёд бахшид. Кор бо коргардон Татяна Лиознова бошад, одӣ карда гӯем, олиҷаноб буд. Дар филм Ҳелмут аз боиси маҷруҳӣ мушкилии хос дошт ва аз ин ҷиҳат ба ҳолати ғайриодӣ афтод ва ҳамин таваҷҷуҳи хомӯшона, кӯмак, дастгирии дутарафа ба фикри ман хеле таъсирнок буд. Тамошобин ҳам ин ҳамаро чуноне ки ҳаст, қабул кард. Дар ин филм дигар ҳолате ҳам бо ман рух дод. Дар студияи дубляж дар Ҷумҳурии Демократии Германия аз ман хоҳиш карданд, ки аз номи Вячеслав Тихонов – Штирлитс гап занам. Ман гуфтам, ки имкон надорад, чунки бевосита худам дар филм нақш мебозам. Аммо ба ман гуфтанд, ки дар нақши ман ҳам ба ҷои ман дигар касе овоз медиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуду ман ба ҷои В.Тихонов ва ба ҷои ман дигар актёр сухан кард.         

Ҳамагӣ 8 рӯз дар наворгирии киностудияи ш. Москва будаму халос ва давоми филмро дар ш. Берлин наворбардорӣ карданд. Бо ҳамкасбони советӣ асосан бо имою ишора, ҳаракатҳо муошират мекардем. Вақт барои русӣ ё немисиро омӯхтан қариб ки мавҷуд набуд. Мегӯянд ку, табибон ҳамдигарро бо нигоҳ, ишорае, бо дил мефаҳманд, Дар мо, ҳунармандон ҳам айнан чунин аст!

Мирзо Рустамзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube