АЙНӢ: КӮМАКИ МАРО ДИГАРОН ГИРИФТАНД…

Салом СССР! Ман маъюби артиши шуравӣ буда, оилаи мо дар феҳристи камбизоатон қарор дорад, вале раиси ҷамоат маро аз гирифтани кӯмакҳои моливу пулӣ маҳрум кардааст.

Ман ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбии ш.Полтава – «ПВЗРККУ» гирифтори касалии рӯҳӣ шуда, то инҷониб маъюб ба ҳисоб меравам. Оилаи мо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Барои гирифтани кӯмакпулӣ ба миқдори 500 сомонӣ, ки аз номи Ҳукумати мамлакат дода мешавад, ва кӯмаки башардӯстона, ба раиси ҷамоати Зарафшон Олимзода муроҷиат кардам, аммо ӯ маро аз ин кӯмакҳо маҳрум сохт. Эътироз кардам, ӯ бошад гуфт, ки ба куҷое хоҳам рафта шикоят кунам, аз касе наметарсад. 23.09.2023 кӯмаки башардӯстонаро аз маркази ҷамоати Анзоб берун бурда, дар мавзеи Работ ба хешут табор ва шиносони худ тақсим карда доду мо мондем…

Айб дар ҳукумат нест, айб дар чунин мансабдорони маҳаллист, ки бо чунин шеваи кор латма ба обрӯи ҳукумат мезананд!

Эрка Ёров,

сокини деҳаи Такфони н.Айнӣ

Аз СССР: Мо бар боварем, ки муҳтарам раиси н. Айнӣ, ҳарчанд обуна ба газетаи мардумиро фаромӯш карда бошанд ҳам, газетаро доимо мехонанд ва ба ин моҷаро расидагӣ мекунанду ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube