Барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” 5 нафар – Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ), Қамаруззамон Азизов, Акбар Аҳмадов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаев ба ҳукми абад маҳкум шуда, гумонбарони дигар аз 1 то 8 сол гирифтанд.
Арзиши хидматрасониҳои Ҳаҷи фарзӣ барои шаҳрвандони кишвар 57 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад: Ҳаҷ-2024 аз нимаи дуюми май то нимаи моҳи июн давом мекунад.
Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони давлатҳое дохил намуд, ки метавонанд бе раводид ба ин кишвар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он боқӣ монанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки дар пасманзари фоҷеаи «Крокус-Сити Холл» аз иштирок дар ҳамагуна чорабинӣ ва ҷамъомадҳои оммавӣ худдорӣ намоянд.
