Салом СССР ва хонандагони гиромии он! Бо таъкиди Пешвои муаззами кишвар «Мо дар сиёсати забон, қабл аз ҳама, дар забони тоҷикии меъёрӣ аз мерос ва андешаҳои устод С. Айнӣ истифода мекунем». Зеро ба қавли устод Айнӣ «Барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик беҳтар аст, ки ба адабиёти классикӣ ва хазинаи забони зиндаи тоҷикӣ роҳ ёбем» ва дар ин росто рисолаи муҳтарам профессор С. Ятимов, «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ»-ро хонда, 2 масъала, роҳандозӣ гардидани забони меъёрӣ – адабӣ ва зарурату таҳрикдиҳанда омили чи гуна ва дар кадом шароиту кай оғозу анҷоми рисолаи устод С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик», оромам намегузошт. Оиди онҳо ба таври умумӣ тасаввурот доштам, вале баъди шиносоӣ бо сарчашмаҳои боло ҷиддитар пайи омӯзиш шудам.
С. Ятимов дар шинохти С. Айнӣ
Тавре дар рисолаи муҳтарам С. Ятимов зикр гаштааст, «Муҳимтарин масъалае, ки устод С. Айнӣ ҳаёти худро ба ҳаллу фасли он сарф намудааст, тарғиби зарурати донишандӯзӣ, маърифаткунонии сартосарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли рӯҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон» буд ва дар ин роҳ устод С. Айнӣ аз худ гузаштанҳо зоҳир намуда, барои таъсис ва пойдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинохти миллати тоҷик ва забони меъёрӣ – адабии тоҷик, адабиёти кӯҳанбунёди он ва инкишофу рушди он дар даврони шӯравӣ хизматҳои шоистаеро ба анҷом расонидааст.
Андешаи таълифи асоси «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мурратабсозии забони меъёрӣ – адабии тоҷик дар Бухоро дар сӯҳбати шахсиятҳои пурнуфузи ҶСХБ, РАССТ ва РССТ рафиқон Абдулқосим Лоҳутӣ, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Ҳамдӣ Аҳмадҷон, Мунзим Мирзо, Абдулвоҳид ва Дяков А. М дар манзили истиқоматии Мунзим Мирзо Абдулвоҳид моҳи феврали соли 1925 воқеъ гардида, барои давлати навини тоҷик ва миллати тоҷик тақдирсоз гардид.
Ошноии мухтасар бо иштирокчиёни ин сӯҳбати муфиду тақдирсози таърихӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ – (1887-1957) – инқилобчии Ҷумҳурии Эрон ва баъдан яке аз асосгузорони назми советии тоҷик, яке аз арбобони намоёни давлатӣ ва маорифу маданияти Тоҷикистон;
Садриддин Айнӣ – (1878-1954) – шоир, нависанда, ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамдӣ Аҳмадҷон – (1876-1937), шоир, маорифпарвар, аз дӯстон ва ҳамкорони наздики С. Айнӣ, иштирокчии фаъоли инқилоби халқи Бухоро;
Абдуқодир Муҳиддинов – (1892-1934), фарзанди давлатманди бузурги Бухоро Мансур Мирзо Муҳиддин, ки дар Инқилоби Бухоро иштирок дошт ва молу мулку дороияшро ба ҳукумати нави Бухоро бахшид. Фарзанди вай Абдуқодир Муҳиддинов яке аз пешвоёни ҷавонбухориён, аъзои ПК Туркистон, аввалин раиси Ревкоми ҶСХБ, аз моҳи августи соли 1921 то ноябри соли 1924 Нозири корҳои саноат ва тиҷорат, Раиси Шӯрои Олии хоҷагии халқ ва Шӯрои иқтисод. Баъд аз ташкилшавии РАССТ (1924) Раиси Совети Комиссарони халқи РАССТ ва дигар вазифаҳоро иҷро кардааст;
Дяков А. М – (1896-1975) – олими шарқшинос, духтур, узви Ревкоми Тоҷикистон, Комиссари корҳои нигоҳдории тандурустии Тоҷикистон солҳои 1925-1932;
Мунзим Мирзо Абдулвоҳид – (1877-1934) – маорифпарвар шоир, инқилобчӣ, яке аз ташкилкунандагони аввалин мактаби усули нав дар Бухоро.
Баҳси сари чойи кабуд
Баъди тановули оши палав ва чой Дяков А. М., ки забони тоҷикиро хуб медонист, аввалин шуда, сухан оғоз карда гуфт:
– Имрӯз барои тоҷикон масъалаи забони адабӣ низ аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Забони китоби тоҷикон, чи гуна хоҳад буд ва дар оянда ба кадом роҳ пеш хоҳад рафт? Ин забон бояд ба оммаи мардум фаҳмо бошад. На забони адабии имрӯзаи Эрон метавонад ин вазифаро иҷро намояд ва на забони арбобони мадрасаи Бухоро, шояд масъалаи ба вуҷуд овардани забони адабии имрузаи тоҷик ба майдон барояд.
С. Айнӣ гуфт:
– Дар ин ҷо ба фикри ман ба иштибоҳ роҳ додан, масъалаи «ихтироъ» – забони адабии наверо ба миён овардан лозим нест. Тоҷикон забони адабӣ доранд ва он забон таърихи ҳазорсолае дорад, ки шоирон ва адибони гузаштаи ин сарзамин дар давоми асрҳо осори гаронбаҳои худро бо он забон ба вуҷуд овардаанд ва он ҳамеша аз забони зиндаи халқ барои худ захираҳо андӯхтааст. Ҳоло дар назди мо ҳаргиз сохтани забони адабии нави тоҷик не, балки сода кардани заминаи таҳрир, ба талаботи имрӯза ҷавобдиҳанда гардонидан, аз манбаъҳои зиндаи забони халқ барои худ афзудани сарват ва захираи луғавии забони мавҷудаи адабии тоҷик меистад.
-Ин масъала тадқиқоти ҷиддии илмӣ талаб менамояд, – гуфт Абдуқодир Муҳиддинов – мо дар ин кор аз шарқшиносони рус умеди мадад дорем. Вале 1 қисми равшанфикрони кӯҳансоли тоҷик, хусусан онҳое, ки дар Истамбул хондаанд, ғояҳои пантуркистиро ба Осиёи Миёна овардаанд. Ҳоло дар ҳама ҷо гапҳое паҳн мешавад, ки Осиёи Миёна гӯё ватани туркон аст ва ин диёр Тӯрон ва дар ин ҷо халқи таҳҷоие ба номи тоҷик вуҷуд надорад. Онҳое, ки ҳоло ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд, ё эрониҳои муҳоҷиру мусофиранд ва ё туркони форсигӯй …. Ин гуна «донишмандон» ҳатто аз тоҷик номидани миллати худ низ ор доранд.
– Вақте, ки сардори пантуркистон Анварпошо аз Туркия ронда шуд, вай барои мадад домани босмачиёни Туркистонро гирифт. Баъзеҳо ҳатто аз паси мизи идораҳои давлатӣ ба қароргоҳи босмачиён шитофтанд, – афзуд Мунзим.
– Анварпошо се сол пеш дар наздикиҳои Балҷувон кушта шуда бошад ҳам, лекин ғубори сиёҳи вай ҳанӯз тамоман рафъ нашудааст, – гуфт Абдулқодир.
– Барои уламои Бухоро мазҳаби суннат ва ҷамоат аз миллият ва забон муҳимтар ва болотар будааст – гуфт Ҳамдӣ. Дар инҷо албатта маркази хилофат будани Туркия низ нақши муҳҳиме доштааст.
Айнӣ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфт:
– Ба ғайр аз ин набудани мактаб, набудани муаллим, набудани китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо ва китобҳои тоҷикӣ барои хониш низ кори худро карданд. Баъд ин ки гап дар бораи худро дар шиноснома тоҷик ё узбек номидани ину он нест. Масъала дар ҷойи дигар, дар барқарории адолати миллӣ мебошад.
– Адолати миллӣ бо сиёсати мудаббиронаи миллии ҳукумати советӣ барқарор шуд. Ҳоло маданияти миллиро эҳё кардан, маданияти давраи советиро ба вуҷуд овардан лозим аст, – гуфт Абдулқодир – ана, ман бо рафиқ Дяков бо ин масъала ба шумо муроҷиат карда, ёрӣ мехоҳем.
– Ба фикри ман дар навбати аввал ин корро аз нашри китобе дар бораи адабиёти тоҷик сар кардан лозим меояд, пас аз андак таҳаммул гуфт Айнӣ.
– Дар ин ҷо бо 1 тир 2 нишон задан мумкин аст. Ин гуна китоб аз 1 тараф, вазифаи китоби дарсӣ ва хонишро ба ҷо биёрад, аз тарафи дигар шоҳиди гӯёи он хоҳад буд, ки тоҷикон дар ин марзу бум асрҳост, ки зиндагӣ мекунанд ва соҳиби маданияти маънавии дерини мутараққӣ мебошанд.
Ҳамдӣ ба сухан ҳамроҳ шуда, гуфт;
-Мударрис ана ҳамин корро шумо ба уҳда гирифтанатон даркор аст. Фақат Шумо аз ҳар ҷиҳат ба иҷрои ин кор мувуфоиқ мебошед, дар шахси Шумо се сифат: шоирӣ, муаррихӣ ва адабиётшиносӣ ҷамъ шудааст.
Бо таълифи чунин китоб Шумо аз як тараф номи Тоҷикистонро зинда намуда, аз тарафи дигар, шӯҳрати илмӣ адабии бузурге ба даст медароред, – гуфт Абдулқодир. – Аз ҳамин рӯз эътиборан Шумо ин корро ба худатон супориши давлатӣ шумурда метавонед.
– Гирем, ки чунин китоб навишта шуд, вале дар мо имконияти нашри он мавҷуд нест, гуфт С. Айнӣ.
– Дар ин бобат ман ба хизмат тайёрам, – гуфт Лоҳутӣ. – Ман дар Масков ба нашриёти марказии халқҳои Шарқ алоқаманд ҳастам. Ба муҷарради таълиф ёфтани ин китоб, ба зудӣ нашри онро ба зимма мегирам.
-Хеле хуб, – гуфт Айнӣ. – Ин борро мутеъона ба дӯши худ мегирам.
Ҳама хандиданд. Дар ҳол дар атрофии чигунагии ин китоб, ба он дохил карда шудани осори кадом шоирон ба гуфтугӯ сар карданд.
Дяков ва пешниҳоди ӯ
Дарвоқеъ, Дяков М. масъалаи забони тоҷикиро хеле дуруст ба миён гузошта буд. Аз ҳамон рӯз сар карда, ин масъала диққати Айниро ба тарафи худ кашид ва аз масъалаҳое гардид, ки дар солҳои наздики оянда яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва адабии ӯро ташкил дод.
Дар масъалаи сода кардани забон ва наздик кардани забони матбуот ва адабиёт ба оммаи мардум баъзе кормандони онрӯза ба фаҳмишҳои нодуруст роҳ медоданд, онҳо услуби одии гуфтугуиро сарфи назар аз хилофияти он ба қоидаву қонуни сарфу наҳви тоҷикӣ, ба асоси тарзи таҳрир қабул кунонданӣ мешуданд.
Устод С. Айнӣ дар яке аз аввалин мақолаҳояш 6 марти соли 1925 мулоҳизаҳои худро оид ба инкишофи забони адабии тоҷикӣ ба майдон гузошта навишта буд:
«Адои ин вазифа (сода кардани забон) басе душвор аст, зеро бисёр мешавад, ки сода кардани забон ба фаҳмидани маром монеъ мешавад. Ба воситаи суханҳои кӯчаву бозор бисёр масъалаҳое, ки мо имрӯз дар сари баёни он ҳастем, шарҳ намеёбанд.
… Барои он ки ҳам забон сода шавад ва ҳам муддао ҳосил гардад, бисёр кӯшиш ва ҷустуҷӯҳоро ба кор бурдан даркор аст. Бисёртарини ин кӯшишҳо танҳо бо варақгардонии китобҳои кӯҳна ва хондани таърихи гузашта набуда, дар байни мардум, ки ҳозир зиндагӣ мекунанд, даромада ва забони зиндаи эшонро ҷустуҷӯ кардан лозим аст…»
Устод С. Айнӣ медонист, ки бо қабул кардани таълифи “Тазкираи адабиёти тоҷик” вазифаи басо душвореро ба зиммаи худ гирифтааст. Пеш аз ҳама, чӣ будан ва дар кадом ҳудудҳо вуҷуд доштани адабиёти тоҷикро муқаррар кардан лозим буд. Имрӯз чунин масъала ба назар хело одӣ менамояд, вале он замон дигар буд.
Ба устод С. Айнӣ як масъалаи муҳими дигареро низ ҳал кардан лозим меомад. Адабиёти тоҷик дар даврони нашъунамои худ чӣ давраҳоеро аз сар гузаронидааст, агар ба ифодаи адабиётшиносон сухан кунем, тақсимоти он ба давраҳо чӣ гуна будааст?
Дар коре, ки устод С.Айнӣ ба уҳда гирифта буд, тазкираҳои камшумор ва баёзҳои пароканда, хусусан дар бобати назми асрҳои 18-19 ягона манбаи корӣ буданд. То асри 16 адабиёт ба забони дарӣ дар Мовароуннаҳр, Эрон, Озарбойҷон ва дар Ҳиндустон баробар интишор дошт. Аз ин хотир устод ба омӯзиши ин ҳавзаҳои адабӣ аз асрҳои 8-10 оғоз карда, то ба асрҳои 18-19 диққату таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ кори худро аз ҷамъ овардани манбаъҳо оғоз бахшид. Сараввал вай бо шоир ва адабиётшиноси машҳур Турақул Зеҳнӣ ба манзили Шарифҷон махдум Садри Зиё, ки соҳиби китобхонаи шахсӣ буд ва он дар тамоми Бухоро аз бойтарин китобхонаҳо ба шумор мерафту нодиртарин китобҳо ва дастнависҳоро дошт, ташриф оварданд. Шарифҷон махдум Садри Зиё – фозилу олим собиқ қозикалони Бухороро нағз медонист ва ошноӣ бо он касро доштанд ва дар наврасиаш маҳз бо маслиҳати вай Садриддинро барои хондан, падараш ба Бухоро оварда буд. Вай аз китобхонаи Шарифҷон махдум барои истифода ва навиштани тазкира, 8 дастнависро интихоб карда гирифт ва инчунин дар муддати дар Бухоро буданаш, чандин бор ба хонаи Садри Зиё рафта, баъзе китобҳои даркориро дар аз назар гузаронида, қайдҳо барои худ мекард.
2 марти соли 1925 бошад дар рӯзномаи «Овози тоҷик», ки дар Самарқанд нашр мегардид барои кӯмак дар таълифи тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» муроҷиатнома ба адибон ва алоқамандони адабиёт навишта, кӯмак дархост намуд.
Ҳамин тавр бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, устод С. Айнӣ дар муддати на кам аз 1 сол тавонист, ки рисолаи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишта, ба охир расонад ва он бо кӯмаку дастгирии устод Абдулқосим Лоҳутӣ тибқи қавли додааш, дар Москов дар Нашриёти марказии халқҳои СССР ба нашр расид ва ба он А. Лоҳутӣ муқаддимаи басо хубе ҳам таълиф намуд.
Таснифи С. Ҳайдаров
н. Темурмалик
