Ҳоҷиёни дурӯя

Салом, ССР! Чандин хешу табор, ёру дӯстон, шиносу ҳамкорон баъди аз синни 50 гузаштани умр ва ё пас аз ба нафақа баромадан, гӯё барои шӯстани гуноҳҳои содиркарда, ҷиҳати талаби авф аз Худованди 18 000 – и олам ба зиёрати Хонаи Худо мераванду илова ба ном соҳиби лақаби Ҳоҷӣ мегарданд, ки дигар дар пеши нафасашон нишаста намешавад. Муддати зиёде нагузашта, гузаштаи худро фаромӯш намуда, якбора ба авлиё табдил меёбанд. Гӯё ки аз осмон ситора оварда бошанд, карру фар ва ифтихорашонро дида, кас дар ҳайрат мешавад.

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Бархе аз ин ҳоҷиёни дурӯя ба таври пинҳонӣ аъмоли зишти пештараашонро идома дода, тарзи мунофиқонаи ҳаёти худро пардапӯшона давом медиҳанд. Онҳо ҳеҷ дарк намекунанд, ки бо рафторҳои авомфиребонаи худ ба номи поки дини Ислом иснод оварда, қадру қимати зиёрати ҳаҷро паст зада истодаанд

Замонҳои пеш бинобар ҳанӯз набудани мошину самолётҳо, одамон пиёдаю савори хару шутуру асп биёбони тафсону беобро бо азобу машаққати зиёд паси сар мекарданд ва ба хонаи Худо рафтан имтиҳони бузург маҳсуб меёфт ва дар ин роҳи ҳақ чанде аз зоҳирин ҷон ба Ҷаббор месупурданд.

Бесабаб шоири бузургамон Саъдии Шерозӣ нагуфтааст:

Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он –к,

Бечора хор мехӯраду бор мебарад.

Зоиронро шутур мебурд ва барои ҳамин зарбулмасале пайдо шуда буд: «Ҳоҷӣ мурд, шутур халос шуд».

Аз ин хотир барои номи поки ҳоҷигӣ Кумитаи динро лозим аст, ки пеш аз сафари ин гуна ҳоҷиёни дурӯя дафтари аъмоли онҳоро варақ занад. Зеро бештари онҳо зиёрати хонаи Худоро ба тиҷорат табдил додаанд ва ҷиҳати покии дини ислом ва наовардани иснод ба ин маъракаи маъруф чораву тадбирҳои амалӣ андешанд.

 Зариф Ғулом,

адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube