Дуруди бепоён, СССР! Беҳуда намегӯянд, ки «15 моҳ торику 15 моҳ равшан аст». Умри инсон мисли гармоника ҳаракат мекунад, яъне паси шодӣ ғам ва акси он меояд.
Боиси ташвишу андуҳ аст, ки имрӯз пошхӯрии оилаҳо ва зиндаятиммонии кӯдакон торафт зиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои асосӣ омода накардани ҷавонон ба оиладорӣ аз ҷониби волидон мебошад. 80% тарбияи фарзандон бар дӯши модарон бор аст, ки мутаассифона, аксарашон саводи кофӣ надоранд. Сабаби дигар дуюму сеюмдараҷа шуморидани дарси «Маърифати оиладорӣ» дар мактабҳои кишвар мебошад. Олимону равоншиносони зиёд дорем. Хуб мешуд, ки фанни «Маърифати оиладорӣ»-ро ба шароити имрӯза мутобиқ карда, боберо бар масъалаи «Фарҳанги хоҷагидорӣ ва сарфаю сариштакории даромади оила» илова менамуданд. Бе иқтисодиёт сиёсат пеш намеравад.
Бояд маблағҳои даромади оиларо ба 4 қисмат ҷудо карда, самаранок истифода баранд:
1. Барои маводи хӯрока
2. Барои пӯшока
3. Барои масрафҳои доимӣ (об, нерӯи барқ, беморхона, андоз ва маводи хониши фарзандон)
4. Барои ободию рӯзи мабодо, ки онро дар Бонкҳои амонатгузорӣ захира намоед.
Дар урфият мегӯянд, ки «Ба кӯрпа нигоҳ карда, пой дароз кун». Агар ба сахтиҳои зиндагӣ тобовар шуда, ба ин 4 қисмат оқилона маблағро ҷудо намоем, зиндагиамон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад ва ба касе мӯҳтоҷ намешавем. Мутаассифона, имрӯз аксар оилаҳо бо пули қарзи бонк зиндагиашонро пеш бурда истодаанд, ки рӯзгорашон бо душвориҳо мегузарад. Дар ин оилаҳо тез-тез нофаҳмию баҳсу ҷанҷолҳо рӯй медиҳанд. Азбаски зану шавҳар бо сабабҳои номусоидии рӯзгор асабҳояшон хаста шудаанд, муноқишаҳои оилавӣ ба пошхӯрии оила оварда мерасонад ва боиси зиндаятимии кӯдакони бегуноҳ мегардад.
Барои гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлуб ва барои ҷомеа бо оқибатҳои бад ҷавонону духтаронро пеш аз ҳама, аз ҷиҳати маънавӣ, ахлоқию маърифатӣ омода бояд кард. Ба оилаҳои ҷавон имкониятҳои моддӣ фароҳам овардан лозим. Бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ё манзили зист таъмин карда шаванд.
Мутаассифона, дар ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич барои эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигии деҳаи Хоҷаҳо аз соли 2013 инҷониб замин ҷудо нашудааст. Ҳол он ки бо қарори фонди манзилии соли 2010 зиёда аз 6 га замин то соли 2024 дар ихтиёри ҷамоат буд. Эҳтиёҷмандон симчӯбҳои чӯбини хати барқро бо бетонӣ иваз намуда, аз дохили замин бароварданд, ки қариб 50000 сомонӣ маблағи аҳолӣ сарф шуд. Соли 2024 бо баҳонаи бекор кардани қитъаи мазкури замин бо қарори Фонди манзили ноҳия, он ба ихтиёри хоҷагии кооперативии тухмипарварии «Хоҷаҳо» дода шуд. Фиреб додани мардум ва заҳмату хароҷоти пулии онҳоро кӣ ҷуброн мекунад? Ғами кӯдакони зиндаятиммондаро ки мехӯрад?
Шахсан бо ҳамсару фарзандону келинҳо, ҷамъ 4 оила дар 1 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зиндагӣ дорем. Ману ҳамсарам дар як вақт баробар аз хона намебароем, то ки ҳамдигарнофаҳмӣ байни келинҳо рух надиҳаду гапу калочаи мардум нашавем. Ин хел оилаҳо мисли ман дар деҳа зиёданд. Масъулин илоҷашро ёбед. Дар ҳаққи идамон, оилаҳои ҷавон, кӯдакони бечора зомин нагардед!
Мақсадулло Ҷамолов
н. Деваштич
