Беҳтарин тарбия ибрат аст

Дар зиндагӣ ҳатман, мешавад, ки фарзандонро гӯё адаб нишон доданӣ мешуда бошанд, гоҳо лату кӯб мекунанд. Мутаассифона, баъзеҳо ниҳоят ва ҷоҳилона рафтор намуда, аз ҳад мегузаронанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин усул, яъне зӯрӣ умуман, ҳеҷ таъсире дошта наметавонанд балки кӯдакро дар руҳияи  хашинӣ ё худ “ агрессивӣ” тарбия менамояд ва пуф кардани аловро мемонад, ки он дучанд аланга мегирад.

Барои тарбияи фарзандон пеш аз ҳама мо, худ калонсолон, ки мутаассифона, камбудиҳои кам надорем, бояд инсони комил бошем, зеро ки беҳтарин тарбият ибрат аст. Хурдон ҳар хубу бадро аз мо ёд мегиранду пайравӣ мекунанд. Ҳикмати хубе миёни мардуми мо роиҷ аст, ки тибқи он хусусан, задани падар духтарро, дуруст несту ӯро  бадбахт месозад.

Шахсан тасаввур намекунам, чӣ тавр дил мешавад, ки пайкараки чун гул нозуку оҷизро озор бахшид?

Ёд надорам, ки  раҳматии падар мо, фарзандонро қабеҳ гуфта бошад, ё ба қавле “ сояи шаппалоқ” карда бошад.  Фарзандони ман ҳам , ки имрӯз худ падару модар шудаанд, айнан, муносибати қиблагоҳамро аз ман дидаанд. Худо худаш инсофашон диҳад. Ман аз фарзандонам аз замин то осмон миннатдорам. Умри дурӯза ҳеҷ кирои сангдилию бешафқатӣ намекунад.

 Бо мақсади  харидани борхалтаи сафарӣ вориди бозори “Сафариён” – Автовокзал шудам. Фурӯшандазани миёнасолеро болои курсичаи хурдакаки камбардошт, машғули кор дарёфтам. Пушти ӯ духтарчаяки дӯстрӯяке , мехост, ки кӯмак расонад, меистод. Нохост зан “ Гум шаве! гуфта, бо кафи даст бар сари духтарча, ки наберааш будааст,  зад.

 –   Тоқат накарда,гуфтам, ки барои чӣ чунин як духтарчаи хушрӯ ва ҳалимро мезанӣ? О, ӯ баръакс, мехост, ки ёрдам кунад? Дигар ин ки Худо накарда, аз рӯи ин

“чахтакпай” афтода монӣ, баъд мефаҳмӣ, ки хизматрасонии духтурҳою муллоҳо то кадом сатҳ боло рафтааст.

Ҳамин асно марде пайдо шуд ва бо хитоб ба ман гуфт, ки “ Барои чӣ беинсофию зулми милисаҳоро дар ин маврид намегӯӣ?:

 – Бародар, агар ҳамаи онҳоро қатор кунем, фурсати гуфтан намерасад. Беҳтараш, ки мӯлнуқта мемонем! – посухаш додам, ки ҳамоно “Не, онҳоро ҳам бигӯй!” гуфта истодагарӣ кард. Аз афташ, алами зиёд дошт.

Борхалтаи сафариеро савдокунон суҳбатро идома додем.

–  Мавриди  танбеҳи бачаҳо бо хулоса аз худу ҳамсолон ку, чизе намегӯям, аммо  духтарчаҳоро задан, ҳоҷате надорад, зеро табиатан онҳо боодобу орому дастёракони беминнатанд. Чӣ мешавад, ки дар кӯдакиаш момою модару холааш бизанад ва Худо накарда, ба марди бадҷаҳле ба шавҳар барояду ӯ азобаш бидиҳад?

Ва пурсидам, ки чӣ ном дораду дар синфи чандум мехонад, бо хоҳиши момааш номашро худаш Ёсуман гуфт. Дар синфи як мехондааст.

Аз телефон сурати набераи дар ш. Москва будаамро, ки дар синфи тайёрӣ мехонад, нишон додам. Зан ҳам ҷавоб дод, ки модари Ёсуман ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор дорад.

Ниҳоят, фурсати хайру хуш ҳам расиду ба Ёсуман таъкид кардам, ки хубу аъло хонда, соҳиби касбу ҳунару бахт шавад!

 Мирзо Нуралиев

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube