“Ҳар касе омад, порае аз ғами маро бо худ бурд…”

(Ё ҳикмати райҳонзори Абдуллоҳи Раҳнамо)

Бо чанд рафиқе ба дидори Абдуллоҳи Раҳнамо баъди даргузашти бародараш расидем: бино ба гуфти худи Абдуллоҳ, рӯзи шанбе (ки расми фотиҳаи бародари дар 57-солагӣ даргузаштааш эълом шуда буд), манзили бобоии ӯ ниҳоят серодам шуд, дигар на фурсати суҳбат буду на дидорбинии бафурсате…

Бо маслиҳати дӯстон баъди зуҳр роҳи деҳаи Чилчинори Ҳисорро пеш гирифтем, тақрибан соати 15 ӯро дар ҳалқаи бархе дӯстону хешовандон дарёфтем. Бо пешниҳоди Абдуллоҳ ба хонаи худи бародари ғуррамаргаш – Абдурасул ворид шудему даст ба дуъо бардоштем…

Банда ба дӯстонам – Назари Муҳаммадхоҷа, Солеҳ Қосимзода ва Абдуламини Маҷнун ишора кардам, ки зуд бархезем, зеро аз субҳ то ин замон сари по будани Абдуллоҳ шояд ӯро хаста карда бошад, шояд андаке дам гирифтан хоҳад… Аммо бо ибтикори худи Абдуллоҳи Раҳнамо як суҳбате оғоз шуд, ки соатҳо идома кард…

Суҳбат аз бачагиҳои ӯву бародараш, чӣ манзара доштани манзили бобои модариаш ва чаро маҳз дар ҳамин ҷо унс гирифтани ӯву бародараш хеле мароқовар буд: ҳис кардам, ки ҳар гоҳ “бародар” мегуфт, бо баҳонаи дуруст кардани айнак даст ба чашмонаш мебурд…

Сӯзу гудози фироқи бародари азизаш баъди гузашти панҷ рӯз (ки бояд андаке одамро сокиту осудатар кунад) ҳамоно дар қалбаш аланга мезад…

Суҳбат аз бисёр масъалаҳо буд, аз вазъи фарҳанг, адабиёт, шахсиятҳои фарҳехта, сафарҳои ӯ ба кунҷу канори кишвар… Аммо мисли чархаи осиёб бармегашт ба вазъу ҳоли бародари аздастрафта…

Банда ҳамон ҷо дақиқан эҳсос кардам, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ташнаи суҳбат аст ва бад-ин восита мехоҳад ғаму андӯҳи хешро андаке канор гузорад… Дар миёнаи суҳбат чанд бор вожаҳои такягоҳ ё муттакоро шунидам, аз суҳбати дӯстон ва аз забони худи Раҳнамо. Беихтиёр панде ба ёдам омад, ки ба торихи ҳикмати Чин дахл дорад.

…Ҳакимеро мепурсанд, ки агар падар бимирад, инсон аз чӣ маҳрум мешавад?

Он пири хирад посух мегӯяд: аз қалъае, ки одамро аз ҳар навъи офот муҳофизат мекунад…

– Агар модар бимирад-чӣ?

– Чашмаи муҳаббате хушк мешавад, ки ташнагии одамро мешикаст.

– Агар аз бародар маҳрум гардад?

– Аз такягоҳе маҳрум мешавад, ки то кунун ба ӯ умед мебахшид…

Вақте ки аз раванди фотиҳа ва омадани мардум пурсон шудем, баъди шукру сипос ҷумлае ба забон овард, ки хеле муассир буд:

– Ҳар касе омад, порае аз ғами моро бо худ бурд…

Банда дар ҳамин ҷумла ба суханвари ҳаким ва ё ҳакими суханвар будани Абдуллоҳи Раҳнамо, надонам, ки бори ҳазорум аст ё бештар, эътимод кардам. Яъне ҳар касе омад, дилбардорӣ кард, сухан аз меҳру вафо гуфт, даст ба дуъо бардошт ва ҳамаи инҳо, табиист, ки ғами синаро андак-андак мекоҳанд, кам мекунанд…

Порае аз ғами моро бо худ бурдан, ба фикрам, ба ҳамин маъност. Инчунин ба маънои он аст, ки ғами дигареро чун ғами хештан эҳсос бикунӣ, ба гардиши чархи фалак бингарӣ, ки ин воқеа аз сари ману ту ҳам хоҳад гузашт… Дер ё зуд, пеш аз мо ё баъди мо…

Наздики се соат гузашт, аммо ҳамоно суҳбат идома меёфт. Он рӯз Абдуллоҳи азизро ташнаи суҳбати дигарон дарёфтам. Метаморфозаи андуҳангезе…

Ҳакими суханвар Абдуллоҳи Раҳнамо мудом ва ба ҳама маҷолису маҳофилу тадобир бо эҳтирому самимият даъват мешавад ва сухан мегӯяд… Доим сухан мегӯяд ва бо ин суханрониҳо қобилияти фавқулодаи ҷалб кардани мардумро дорад… Зеро баҷову бамавқеъ, дар пояи фазлу дониш сухан мегӯяд, аз масоили муҳимми рӯзгор мегӯяд…

Аммо он рӯз бештар мо мегуфтему ӯ мешунид ва ӯ низ мегуфту мо гӯш мекардем… Умед мекунем, ки шояд порае аз ғами ӯро бо худ бурда бошем, шояд андаке ӯро осуда кардаем… Ҳарчанд баъди даргузашти чунин бародар, ки ба қавли Абдуллоҳ, ду ангушти як мушт будаанд, барои осоише ёфтан муддати мадиде лозим…

Вақти гусели мо Абдуллоҳи Раҳнамо манзараи аввалаи ҳавлӣ ва сохтмонҳои баъдинаро қисса кард… Аз ҳолу ҳавои бобояш, тағояш… Ва хонаи хурди тозасохтмонеро нишон дод ва гуфт, ки ин хоначаро барои замони пирии худам сохтам…

– Вақте ки аз ҳама кору ташвишҳо осуда мешавам…

Инчунин ба писараш амр кард, ки як даста райҳон бичинад.

– Бубинед, чӣ қадар райҳонзори мо зебост…

– Ҳам зебо ва ҳам дар масоҳати калон, – илова кардем мо.

– Ин дастаи райҳонро ба хона бурда, ба бурҷе овехта монед, то хушк шуданаш хонаро хеле хушбӯй мекунад… Баъдан дар ғизо истифода мекунед…

… Он дастаи райҳон, инак, ду рӯз аст, ки дар хонаи банда ҳаворо хушбӯй мекунад…

Ва рӯзе хушк мешавад… Аз он дастаи райҳоне, ки бо ҷамолаш диққатро мерабуд, чизе ба ҷуз баргҳои хушкшуда барои ғизо намемонад. Танҳо ёд мемонад, ки чӣ бастаи райҳони зебое буд… Чӣ накҳати хуше дошт…

Мисли умри одамӣ… Замоне дар аспи зиндагӣ савор шудану ҷавлон задан ва замоне рӯйи бистар шудану аз нафас мондан…

Пас, бишитобем ба суҳбати ҳамдигар, ки умр бақо надорад…

Бишитобем, то мабодо дер намонем…

 Ҳафиз РАҲМОН,

06.10.2025

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube