06.10.2025. Муаллимаи нахустини ман хонум Бойматоваи конибодомӣ буд. Рӯҳаш шод, дар мактаби миёнаи №6, ба номи А. Рӯдакии ш.Кӯлоб онгуна сиёсаташро шинонида буд, ки хулиганҳои кӯчаи Куйбеш, ки аксарияти кулли бошандагонро таъсис медоданд, аз муаллима чун аз аҷал метарсиданд. Сахтгир буд! Бидуни илм чизе намехост. Мо, ки кӯдак будем, овозаи сиёсаташро аз хонандагон шунида будем. Мегуфтанд “бо каблуки туфлӣ ба сари кӯдаки нодон мезанад!!!”. Ва тасаввур кунед, ки маро бародарбузургам Аслиддин Достиев 31 августи соли 1973 бурда, даст ба дасти Бойматова қаппонду гуфт:
– Хеле бачаи боҳуш асту Алифбову Хонишро кайҳо хатм кардааст ва Математикаи синфи 3-4- ро беҳтар аз дигарон медонад…
Муаллима маро оғӯш гирифта бусид ва гуфт:
– Аз ин рӯз пас ту бачаи манӣ!!!
Дар роҳ чунон гиристам, ки ҳисобаш гум. Аз бародарам, ки дар синфи 10 мехонд, гила мекардам, ки Бозоруфу муаллимаи НИНА буд, магар шарт, ки маро ба ситами Бойматова гирифтор кунӣ???
Хандида мегуфт:
– Ба ту устоди беҳтарин ёфтаам! Дониш хоҳӣ, бояд шогирди Бойматова бошӣ!!!
…Муаллима воқеан ҳам сахтигр буд, аммо сахтгирии модарона дошт. “Каблуки туфлияш”-ро воқеан нишон медод, химчаи тару дарозе ҳамеша дошт, аммо 1 нафарро, ҳатто Рустами Девонаву Сайҷаъфари хардузду Хайдуки зури синфро низ намезад (воқеан ҳам ҳатто хулиганҳои синфи мо донишмандтар аз дигар авбошон буданду ҳастанд! Бовар накунед инро аз Алии Беҳудуд пурсед!)… Имрӯз тамомии ҳамсинфони ман, бо шумули Алии Беспредел, ба дониш саводи мо, рашк бурдаву мегӯянд, ки “Худо додатон, ки дар синфи Бойматова хондед, дар умри мо Нинаву Бозоруфу…”…
Руҳаш шод бод муаллима Бойматова-ОЧАҷони маро. Ҳар чизе дорам-агар дошта бошам-аз Ӯ дорам. Аз Модари дуввум, Очаҷони сониям…
Рӯзи омӯзгорон бар ҳама муаллимини арзандае чун Бойматоваи ман муборак бод!!!
Мо Метавонем!
Сайфиддин Достиев,
хонандаи синфи 1,
мактаби №6, ш. Кӯлоб, соли 1973
