Ватан аз номи ту оғоз гардад!

Абдуқодир Ҷабборов – ходими шинохтаи ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 2  августи соли 1954 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи коргар таваллуд ёфта, дар вазифаҳои ҷонишини сардухтури Маркази ҷумҳуриявии санитарӣ– эпидемиологӣ, сардори Раёсати корҳои Вазорати тандурустии кишвар, муовини сардори Раёсати корҳои Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Москва фаъолият намудааст. Чанде қабл китоби ёддоштҳои мавсуф бо номи «Маснади шаҳбол» ба табъ расид, ки алҳол чанд боберо аз он пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Эҳдо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ватан аз номи ту оғоз гирад.

Ту танҳо Тоҷикистон офаридӣ,

Ба дастони Худову ҷонфидоит,

Ту хатти сарнавишташро кашидӣ.

Бале, ҳақ гуфтааст шоир. Ин мисраъҳоро мехонаму ба воқеияти онҳо бори дигар эътимод мекунам. Дар даврони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба гирдоби балову навмедӣ, ҷангу ҷидол ва нобасомониҳо ғарқ гардид. Он замон дар қатори ҳазорон ҳаммилатони хеш оҳи пурдард аз қаъри сина мекашидам, ки чаро мулки нозанинам ба вартаи пурдаҳшати ҷангу ҷидоли бемаънӣ кашида шуд, чаро мо – тоҷикон аз маънавиёт ва пандиёти бузургони илму адаби ин қадар бою ғанӣ ба доми найрангу фитнаи бегонагон афтодем ва худро бо дастони худ саросема, беандешона, бо ҳаёҳую валвала саркӯб кардем, ки мислашро ҳанӯз таърихи башар надида. Хушбахтона, оҳи пурдардамонро Худованди муттаол шунавид. Иҷлосияи таърихии шонздаҳум, ки дар сарнавишти миллат воқеан ҳам тақдирсоз буд, бо сулҳу салоҳи гурӯҳҳои даргир, бо аҳди дустиву бародархондагӣ ва даъвати якпорчагию эҳёи Тоҷикистон анҷом пазируфт. Ва ҳамон фарде, ҳамон ҷавонмарде, ки ҳамагон орзуи ба майдон омаданашро дар дил мепарваридем, пайдо гашт, ки он кас Эмомалӣ Раҳмон буданд.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал чун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сонитар ҳамчун Президенти ба таври демократӣ интихобгашта ва аз ҷониби халқ эътирофшуда бо қатъият, устуворӣ ва шуҷоату мардонагии беҳамтое, ки танҳо хоси лидери ҳақиқист, баҳри амалӣ гардидани орзую омоли дерини халқи ҷафодидааш бо нияти нек, дили соф, қалби ҷӯшон ба майдони сиёсат даромаданд ва дар набардҳо силоҳашон – сулҳу салоҳ, такягоҳашон – халқи бузургворашон буд.

Хушбахтона, сулҳу ваҳдати комил ба диёри ғамзадаи мо омад, Ватан ободу зебо гашт, ҷаҳониён Тоҷикистонро чун як кишвари мутамаддину пешрафта эътироф карданд ва сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардид. Дар саргаҳи ин ҳама пешрафту тараққиёти давлату мамлакатамон Пешвои миллат меистоданд, халқро раҳнамоӣ мекарданду фатҳу зафарҳои навин миллатро ёр мегардид.

Иҷлосия ва сафои сулҳу ваҳдат

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи навини кишварамон наҷотбахшу тақдирсоз меноманд. Бале, наҷотбахшу тақдирсози миллату давлат ва мардум. Ба тақдири ман ҳам баргузории иҷлосия таъсири амиқ гузоштааст. Чун вазъи Душанбешаҳр ноором буду садои тир аз ҳар самт баланд мегашт ва таҳдидҳо ба ҷони одамҳо бештар гардид, муддате ба хонаи падарӣ ба ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадам. Он шабу рӯзҳо дар Қасри Арбоб иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда буду тамоми мардуми тоҷик натиҷаи неки онро уммедвор буданд.

Моҳи ноябри соли 1992 Пешвои муаззами миллат баъди интихоб шуданашон ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии нахустини худ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин иброз намуданд:

«Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман ҷонибдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Барҳақ барои хидматҳои шоиста ва беназир Пешвои муаззами миллат соли 1999 ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2015 ба мақоми олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат сазовор дониста шуданд, ки ин ҳам эътирофу ҳам эътибори иродаи озодонаи халқ мебошад.

 Такрор шавад ҳам боз мегӯям, ки дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки ҷони худро сипар намуда, кӯшишу ғайрат намуданд, то ки мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон пояи асос бигузоранд. 

Баъди чанд рӯзи баргузории иҷлосия дар наздикии меҳмонхонаи «Ваҳдат» – и шаҳри Хуҷанд бо Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Шӯрои вазирони мамлакат Рамазон Мирзоев ва вазири тандурустии ҷумҳурӣ Аламхон Аҳмадов, ки нав таъин гардида буданду бо онҳо шиносоӣ доштам, суҳбат доштем. Маро ҳам он замон мухолифин аз кор ронда буданд. Ҳамин лаҳза Ҷаноби Олӣ бо Раҳмон Набиев омаданд. Бо онҳо салом кардем. Раҳмон Набиев дасти маро доштанду бо Ҷаноби Олӣ шинос карданд.

-Ин кас Қодирҷон Ҷабборов, дар сохтори вазорати тандурустӣ кор мекунанд. Кадри хуб, дастгирӣ кунед.

Ҷаноби Олӣ воқеан ҳам ба ҳурмати ҳамин суханони Раҳмон Набиев маро дастгирӣ карданд. Ман он шабу рӯзҳо ба вазифаи муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят таъин шуда будам. Вале як рӯз ҳам дар ин вазифа кор накардаам.

-Пагоҳ ба Душанбе бармегардед. Дар вазифаи пештараатон кор кардан мегиред, – гуфтанд Аламхон Аҳмадов.

Вазифаи пештараам роҳбари дастгоҳи вазорати тандурустӣ буд. Ман ҳам розӣ шудаму пагоҳаш боз ба Душанбе баргаштам.

Баъдтар маро ба дастгоҳи Шурои вазирон ба кор даъват карданд, ба вазифаи муовини роҳбари дастгоҳ. Чун сарпарасти соҳа ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ қариб ҳар рӯз меомадам. Он рӯзҳо Ҷаноби Олӣ бо аҳли оила дар ҳамин ҷо зиндагӣ доштанд. Ёд дорам, модари азизашон дар корпуси 5 мезистанд ва ман ҳар рӯз модарро хабар мегирифтам. Дуояшонро гирифтаам, ки бахти баланду фахри ман аст. 

19 апрели соли 1993 – ро ҳеҷ аз хотир намебарорам. Ҷаноби Олӣ маро даъват карданду ба вазифаи директори Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд, ки то соли 1999 дар ин вазифаи пурмасъул сарбаландона фаъолият доштам. Он солҳо дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, вазирону вакилони Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, Яҳё Азимов, Гулафзо Савриддинова, Тӯхтабой Ғаффоров ва бисёр дигарон зиндагӣ доштанд. Утоқи кории ман низ таърихӣ буд. Дар ин утоқи барҳаво замоне Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ зиндагӣ ва эҷод карда буданд.

Баъзан меандешам, ки чӣ боис бошад, ки ин қадар ба адабиёту фарҳанг ва санъату ҳунар шавқу меҳр дорам? Шояд рӯҳи бузургони адабиёт, рӯҳи поки устод Садриддин Айнӣ муҷиб шуда бошад, ки дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ зиндагӣ карда буданд.

Шояд…

Дарахти ошно

Дар хотирам ҳаст соли 1995. Айни дарахтшинонӣ. Рӯзе Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ омаданд.

-Имрӯз ниҳоли Сиква мешинонем. Номи тоҷикияш шояд набошад, зеро ин дарахти русӣ аст, – гуфтанд Пешвои миллат.

Мавзеъро интихоб карданду бо ҳам бел задем, чуқурии муайян кофта шуд. Ниҳолро ман доштам, он кас хок партофтанд, баъд бо пойҳояшон гирду атрофи ниҳолро ду-се бор зер карданд.

-Иншооллоҳ, сабз мешавад.

Аввалин дарахти сиква ба хоки Тоҷикистон пайваст. Мо ҳамон рӯз 30 ниҳол шинондем. Сиква байни дарахтон хеле озода будааст. Дар вақти ниҳол буданаш хеле нозук. Андак шамол метавонад, танашро шиканад. Ман ниҳолро озода гуфтам. Баъди мустаҳкам шуда реша рондан, муҳиташро тоза нигоҳ медорад. Дар таги ниҳол на ягон навда ҳасту на ягон хас. Санавбару шамшод ин тавр не. Хасу хошокашон бисёр. Дар ин муддат сикваҳо бузург шуданд, тану тӯшдор гаштанд. Касе бо ҳавас нигоҳ мекунад, аз он ба тану ҷонаш қувва зам мешавад. Аҷибаш ин аст, ки сикваҳо то 600 сол умри бегазанд мебинанд. Ва ин қадар сол худро озода нигаҳ медоранд, ҳатто тозатар аз гул…

Ҳар бор Пешвои миллат ба Бӯстонсаро ворид мешаванд, аввалан ба дарахтҳо салом мегӯянд. Ба дарахтони куҳан таъзим мекунанд. Дар муддати начандон зиёд, натанҳо дарахтон неру гирифтанду азим шуданд, Тоҷикистон ҳам рӯзгори худро беҳтар кард. Ҳаёти бистсола пешро наметавон ба рӯзгори имрӯз муқоиса кард.

Боз ман аз ҳаёти Пешвои миллат мисол меорам. 7 ноябри соли 2016 рӯзи дигар шудани маҷрои Вахш дар пеши чашми ҳазорон ҳазор ҳамватанону меҳмонони хориҷӣ, дар кабинаи булдозери зардчатоби офтобӣ нишаста, барои бастани дарё сангу хоку шағалро пайваста тела медоданду иштирокчиён хавотир мешуданд, ки баногаҳ дар ин ноҳамвориҳо ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Сарвари давлат ба худ имони комил доштанд, ки дарёро мебанданд, Вахшро лаҷом мезананд, то фармонбардори мардумон шавад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғуни пуриқтидор, ки баробари 4 неругоҳи атомист, оламиёнро ба ҳайрат меоварад, бе хавфу хатар, бе ҳеҷ гуна зарар. Ҳамин тавр, одамони бузург ба ҳама гуна кори хайр даст мезананд…

Абдуқодир Ҷабборов,

Директори Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994-1999

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube