Достони пайдоиши сегона (тройка)
Сегонаи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз намояндаи ҷумҳурӣ, минтақа ва вилоятии НКВД инчунин сегонаи додситони СССР, барои гузаронидани амалиёти зуд ҳабс (репрессия)-и элементҳои зиддишӯравӣ таъсис дода, аз августи 1937 то ноябри 1938 амал карда буд. Наздики 700 ҳазорро кушта, паронда, сӯзонда ва зиёда аз 4 миллони дигарро зиндонӣ карда буданд. Асосгузори давлати Тоҷикистони Шӯравӣ, муҳтарам Нусратуллои Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон низ миёни ин сӯхтагон буд.
Достони пайдоиши сегона (тройка)-и фарҳангӣ
Баръакси ин тройкаи хунин, устодони сухани тоҷик, сегонаи адабӣ ташкил дода буданд, ки овозаи он то ҳоли ҳозир ба мо мерасад.
Сайидалӣ Вализода (10 октябри 1900 – 12 декабри 1971), 71 сол, Боқӣ Раҳимзода (15 мая 1910- 30 январи 1980), 70 сол ва Мирзо Турсунзода (19 апрели 1911- 24 сентябри 1977), 66 сол ба сар бурда, дар фазои хабарии замони худ ба ҳама комёбиҳо расидаву аз Шарқ то Ғарб номи Тоҷдоронро дар саҳнаҳои бузурги сиёсиву адабӣ ба сари баланд, ифтихори беназир муаррифӣ кардаанд. Мебинед, ки Саидалӣ Вализода аз дигарон 10 сол бузургтар аст. Низ замони дар Москав ташкил кардани хунинтарин сегона (тройка), гӯё зидди одамкӯшии онҳо, ин мардони тоҷик сегонаи адабиро ташкил карда, то охири умр дар вафодорӣ бо мардуму Зодгоҳ (Ватан)-и хеш боқӣ мондаанд. Дар бораи ин сегонаи адабӣ ҳар чӣ нависем, камӣ мекунад. Ҳар кадом аз ин бузургони фаъоли мактабу донишгоҳу аҳли гузар буданд. Ҳеҷ гоҳ аз мардум дурӣ намеҷустанд. Ба ин ҳодиса нигоҳ кунед:
Устод Вализода фаъоли кишвар ва шаҳри Кӯлоб буд. Шодравон Мирзо Бекматов (22 августи 1924 — 2 феврали 2021), раиси Комиҷроияи шаҳр ва вилояти Кӯлоби он замон буд. Зуд-зуд раисони корхонаву идораҳои таълимӣ ва ғайра фаъолонро пеши худ даъват карда, аз ҳоли шаҳрдорӣ бохабар мешуд. Солҳои 60-70-и асри гузашта, корхонаву шаҳрҳо бо суръати баланд бино карда мешуд, ки дар аксари кӯчаҳо ҳандақу ҷӯйбору партовҳо соли дароз мемонд, ки 1 навъ ба шудгори замини пахта монанд буд. Барои роҳравии одаму мошин халал мерасонд.
Ҳар шашмоҳаву солона, назди ҳозирин раисони корхонаҳо баромад карда, нақша (план)-и шир – 110%, пахта- 112%, гӯшт – 119%, пашму пила ва ғайраву ҳоказоҳоро 116 фоиз иҷро карда, гузориш (рапорт) медоданд. Дар поёни яке аз чунин маҷлис Мирзо Бегмат ба устод Вализода муроҷиат кард:
-Хуб устод! Шумо доимо бо мардуму аз ҳолу аҳволи шаҳрдорӣ хуб бохабар ҳастед. Чӣ эроду пешниҳод доред !?
-Эроду пешниҳод надорам, лекин аз ҳамаи раисони шаҳр пурсиданӣ ҳастам, ки ҳамаи нақшаро иҷро карда бошед, кай плани шудгори шаҳрро иҷро мекунанд?
Ҷашни 125-солагии Вализода муборак бошад!!!
10 октябри имсол 125 солагии шоири халқии мо, устоди сухан, ромишгар, бастакор, сарояндаи хушовоз, ҳофизи мардумии Тоҷик, Саидалии Вализода мебошад. Ҳайати эҷодии ҳафтавори СССР ҳамаи аҳли адаб, мардуми куҳанбунёди кишвар ва хешу табори ин марди номдори Тоҷикро таҳният мегӯяд. Ин расми устод Вализодаро дар саҳифаи 104-и китоби “Дафтари сабз”-и Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ, ки устод Абдулҳай Муҳаммадаминов, нашриёти “СИНО”, ки соли 2004 ба муносибати 2700 солагии шаҳри Кӯлоб омода кардаст, пайдо кардем. Устод Сомеъ соли 1907 таваллуд шуда, рӯзи 10-уми октябри соли 1995 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид. Хабаркашони моҳири деҳа ӯро ба НКВД супорида, аз соли 1934 то соли 1960 дар зиндонҳои Шӯравӣ, яъне 25 соли умри худро гузаронидааст. Ҷумлае аз саҳифаи 57-и ин китоби устод Муҳаммадаминоов: “Дар таърихи башарият то давраи сотсиализм чунин воқеаи мудҳиш сабт нашудааст, ки инсонро маҳз барои китобхонӣ ва шеърдӯстӣ ба муддати 25 сол зиндон карда бошанд”. Сомеъ Одиназода мегӯяд, ки: “Ҳамроҳам як нафар менишаст, дар ҳабсхона, аз Қистақузи Ленинобод буд. Ихтиёрхон Тӯра ном дошт. Гуноҳаш ҳамин будааст, ки Туғралро дӯст медоштааст, шеърашро мехондааст”.
Дар саҳифаи 103-и ин китоб омада, ки: “…Мирзо Қосим – яке аз хешовандони шоири халқӣ Саидалӣ Вализода чунин нигоштааст: “Хонаи Вализода як навъ маҳфили адабиро мемонд. Ҳар доим-рӯзҳои шанбе, ё якшанбе адибон, навқаламон, дӯстдорони шеъру шоирӣ ва каломи бадеъ Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Сомеъ Одиназода, Иброҳим Ҷалилзода, Қурбоналӣ Раҷаб, Раҷабалӣ Назар, Сайато Муқимӣ, Ҳабибулло Файзулло, Аловуддин Давлат ва амсоли онҳо ба хонаи шоири халқ ташриф меоварданд. Соатҳо гирди хони пурнозу неъмат менишастанд. Ҳар кадом аз шеърҳои ба тозагӣ эъҷод кардаи худ порчаҳо қироат менамуданд…”.
Сад афсӯс, ки мо чунин бузургони адаб бисёр дорему дар роёна (интернет) дар бораашон ба ҷуз чанд ҷумлаи умумӣ, ҷавони имрӯза чизеро дарёфт карда наметавонад. Агар гӯем, ки пештар мансабдори Москва иҷоза намедод, ғалат аст. Аз пош додани СССР 30-35 сол сипарӣ шуда, ки мо ҳатман дар ин фазои хабари истиқлолияти адибону забони давлативии худро дошта бошем. Барои ин кор мушкилие надорем, ба ҷуз танбалию бепарвофалакӣ.
Боварӣ дорем, ки мусаддаси:
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед!
-ро борҳо хондаанд. Саидалӣ Вализода бо Мирзо Шарифи Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ дӯсту ҳамнишини хеле наздик, ҳамзамон (современник) буд.
Ману Сайёф низ ҳамзамони ин родмардон ҳастем. Мактабхон будем, ки ин устодон назди мо омада, шиносоӣ мекарданд. Кӯдак будем, бузургвории ин шахсони замонро кам ҳис мекардем, аҳамият намедодем. Баъдан дар мактаби олӣ аз устодон шунидем, осори бебаҳои онҳоро хондем, таҳлил намуда, ҳис кардем, ки шоирони куҳансоли замонро дида будаем. Ба ҳар ҳол, фахр аз он дорем, ки бо устодони забардасти аввали асри ХХ ошнойӣ доштем.
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва.
