ППГ

Наёфтед! Ин аббревиатураи Пробка Проблемаи Глобалӣ! Акнун дар бораи пайдоиши ин мушкил ва роҳҳои ҳалли он баҳс мекунем!

Пештоз мегӯям, ин Пробка-Проблемаро дар пойтахт танҳо генерал – майор Шоҳрух Саидзода ҳаллу фасл карда метавонад. Зеро таври маълум баъди сари кор омадани ин ҷавони ғайюру серталаб, дар Душанбе қонуну қоида 100% ҷорӣ шудааст. Ва аксарияти сокинони пойтахт маҳз ба ин ҷавон, ки дастпарвардаи Мактаби Давлатдории Рустами Эмомалии ҷавон аст, бовару эътимод доранд. Мо Метавонем!

13.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 16: 40 дақиқа. Банда дар тӯли ҳамагӣ 2 соату 19 дақиқа, аз Кӯлоб то пойтахт расидам. Зеро роҳҳо ҳамвор, гулкор ва муҳимтар аз ин ағбаҳо бо тунелҳо оро ёфтаанд. Роҳи 6-7 соатаро дилхоҳ, мошин, агар аз рӯи 80 км/соат ҳам ҳаракат кунӣ, дар 2,5 – 3 соат мерасӣ.

Чун аз маъракаи арӯсии додарзодаам меомадам, дохили мошин, шукри яздон, пур аз набера будӣ. Наберагон 1 шикамсер хобро заданду мо, аккурат, дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ҳозир шудем. Гуфтам, то чашмонро мемоланд, ки ба хона ҳам мерасем. Аммо аз куҷо?!

Сар аз мавзеи мавсум бар Садбарг Пробкаи бузурге таъсис ёфту ба ту дониву худо, хонанда, ки то мавзеи Яккачанор 2 соати 39 дақиқа омадем!!!

Кӯдакон дигар бедор шудаву дилгир гаштаву фиғон мекашиданд. Вале ягон чорае набуд, ки набуд. Зеро фураҳои гаронвазну калонҳаҷм, траллерҳои борбар, зилу камазу памаз, ки ҳамагӣ 4 рӯз манъ шуда буданд (ба хотири Саммити ИДМ ва сафари давлатии ВВП), имрӯз ба пойтахт штурм карда будаанд!

Вазъ дар чорроҳаҳо печида мешуд. Зеро то 1 Дулан ё Фура ё Траллери 15-20 метра мегузашт, ки чароғак, ҳамоно светофор, 10 бор зарду сабзу сурх мешуд. Дуруст аст, ки кормандони БДА дар такудав буданд, вале бо нозири роҳ ин мушкил ҳаллу фасл намешавад. Мушкилро бояд дигар хел ҳал кард…

Данғара ва Пробка

Айни ҳамин ҳол 15-20 сол пеш дар маркази шаҳраки Данғара будӣ. Зеро тамомии нақлиёти боркаши вилояти Кӯлобу Бадахшону Хитой аз байни ноҳия мегузашт ва ҳамарӯза қиёмат гардон буд ин ҷо. Гирифтанду роҳи алтернативии гардишгузар барои мошинҳои боркашу хурду бузург карданд ва Проблемаи №1 барои Данғара дар 2 рӯз абадан ҳаллу фасл шуд.

Душанбе чӣ кор кунад?

Албатта, роҳҳои гардишгузар ё убуркунанда дар пойтахт низ сохта шуда истодаанд, вале то инҳо бунёд мешаванд, ки гуфтаи Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «думи шутур бар замин мерасад». Шумо тасаввур кунед, ки тамомии боркашҳои калонҳаҷми ба водии Кӯлобу Рашту Бохтару Хуҷанду Хоруғу Бадахшон мерафта, ҲАТМАН аз маркази Душанбе бояд гузаранд. Зимнан дар Душанбе бояд оҷилан чанд корро анҷом дод:

1. Режими ҳаракат: Нақлиёти боркаш, фураҳо, траллерҳо, дулану камазу умуман мошини калон набояд рӯзона дар шаҳр умуман ҳаракат кунанд. Танзими ҳаракати гаронвазнҳо бояд, ну, фарзи мисол, аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ иҷоза дода шавад.

2. Танзими «новостройкаҳо»: Оре, хонандаи гиром, яке аз сабабҳои асливу усулии Пробка маҳз «домсозон» гаштаанд. Зеро «бетонмешалка», зилу камази хиштбарак, траллерҳои арматуркаши онҳо сабаби асливу усулии Пробкаҳо мешаванд. Инҳо низ бояд дар навбати шабона кор кунанд. Бигзор коргаронашон дар сменаи шаб кор кунанду хишту бетону арматураву семонташонро шаб оранд ва рӯзона роҳат онҳо кор кунанду мо, сокинони пойтахт ЗИНДАГӢ…

3. Рӯзона манъи кори крану бетонрезҳо: Агар аҳамият додаед, дар дилхоҳ кӯчаи танг «домсоз» меораду 2 крану 2 бетонрезаки хитоиро чорпоя зада, мегузорад. То инҳо кор мекунанд, табиист, нақлиёт тамба мешавад, Пробка пайдо мегардад. Инҳо низ бояд танҳо шабона кор кунанд. Қимат меафтад кори крану сементкашак бар «домсоз» ин проблемаи вай аст, на сокини одии пойтахт.

4. Дар соатҳои Час – Пик нозирони роҳ танҳо не, ки хадамоти ба роҳу равиш масъул (танзими нақлиёт, милисаҳои нозирони маҳаллӣ), дар чорроҳаҳои ҷои кори худ, пайдо шудаву кумак расонанд, то Пробка нашавад.

5. Тамом вассалом!!! Бовар кунед, агар кори мошинҳои гаронвазнро танзим кунем, «домсоз»-ро маҷбур созем, то ба қонун итоат кардаву бар мардум ситам накунад, фураву дулану траллеру бетонмешалкаву зилу камазҳо соати маълум ба ҳаракат дароянд (воқеан ҳам гаронвазнҳоро ҳатто дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Бохтар танзим мекунанду танҳо шаб ба ҳаракат медароянд!), олам гулистон мешавад ва Пробкаҳо ба таърихи фаромӯшӣ мераванд.

Шахсан банда бовар дорам, муҳтарам Шоҳрух Саидзода бар ин амал камари ҳиммат бандад, дар 1 рӯз мушкиле, ки ба Глобал-Проблем табдил ёфтааст, аз байн меравад:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад!!!

(Суратҳо аз А. Собир)

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube