АКАИ ҚИЁМ…

02.06.2024. Соат ба вақти Кӯлоб 10:13 дақиқа. Ба аёдати бародарбузургам эшони Қиёмиддин Мизробов ба Кӯлобшаҳр, ба бемористони марказӣ рафтем. Дар ҳуҷрае ба ӯ дору мерехтанд. Зиёд безобита буд. Маро дидаву бо ҳаракатҳо фаҳмонид, ки нагузорам дору резанд. Вале мани бехабар, тибқи масали «то реша дар об аст-умеди самаре ҳаст!», амал карда, гуфтам, акаҷон ҳамааш хуб мешавад…

Янгаи меҳрабони ман, Кайбону, ки дар тули 44 соли ҳамзистӣ (соли 1980 арӯсӣ кардаанд) сӯи акаам ҳатто боре напесондааст, бо ин ки ҷое низ нахондааст, бо чашмони ашкбор гуфт:

Акаатонро бояд хона барем!…

Ману писараш Ғиёсиддин гуфтем, на, иншоллоҳ соз мешавад, шифо меёбад. Кайбону бо нуги рӯмол чашмонашро пок карда гуфт:

Намешавад…бурдан даркор…

Вале мо набурдем… Ман то ҳол ҳамеша ҳайронам, ки бонувони солдидаи мо аз куҷо, бо кадом таъсири табиӣ ва беруна дарк месозанд, ки марги ину ун одам наздик аст. Шояд маҳз ҳамин риштаи нозуки пайвандии онҳо бо табиат аст, ки маҳз Зани Тоҷик ибни Сино зода будӣ…

Охирдидоре, ки муяссарам нашуд…

Бегоҳ пеши бародар рафтам, ки дар поини бемористон фарзандашро дидам, ки гуфт хоб аст. Бо Алии Беҳудуд бозпас гаштем ва ҳанӯз 3 километр нарафта, хабар расид, ки…:

– Инно илайҳи роҷиъун…

 

Акаи мардам

5 сол акаи Қиёмиддин фалаҷ бар асари инсулт шудаву имкони роҳгардӣ чӣ, ки сухангӯӣ надошт. Забонаш гапро намегирифт. Танҳо метавонист шинад ва он ҳам бо кумаки наздикон. Вале ҳамеша лабонаш пур аз табассум буду қаҳқаҳаи хандааш фазои хонаи хобашро ҳукмрон.

Ман дар тули 5 сол, ки хабаргириш мерафтам, 1 бор ҳам надидаам, ки нолида бошад. Дарде, ки ӯ дошт, Худо бар душмани ту муяссар магардод, хонандаи ин сутур. Вале чун ҷавонмард буд, медонист, ки нолад, пайвандон, ба вежа азизи дилаш-завҷаи меҳрабонаш Кайбону, ки барои дасту панҷаи ҳунари пухтупаз доштан, дар хӯрдӣ ҳанӯз ӯро чунин тахаллус додаву худаш ҳам намедонад, номи аслияш бибӣ Розия аст, ғамгин мешавад.

Яккафарзандаш Ғиёсиддин, ки чун ба номи бобокалони муътабараш Эшони Ғиёсиддини Эшон-бала номгузорӣ шудаву ӯро ҳама Бобоҷон мехонанд, дастгиру муттакояш буд. Бобоҷон хизмати фарзандиро онгуна иҷро кард дар нисбат ба падараш, ки орзуи ҳар падару модар аст. Шахсан ман мехоҳам фарзандонам чунин меҳрабону ғамгусор бошанд. Акаи маро ӯ чун луфтаки даст, арӯси нозпарвард ҳифзу нигаҳбонӣ мекард. Ҳар рӯзи 2-уми ҳафта, яъне ҳафтае 3 бор ришашро метарошиду баданашро пок мекард, оббозӣ медоронду либосашро ҳар субҳ иваз менамуд. Ҳар нафаре ба аёдати Акаи Қиём меомад, ӯро ҳамонгуна дармеёфт, ки дар ҳолати пешазфалаҷӣ дидааш будӣ:

– Олуфта, стиляга, фасон, покиза ва ҳамвора латиф…

Стиляга

Шаҳри Кӯлоб, ки таърихи 2700 сола дорад, воқеан ҳам саршор аз авантюраҳои консервионист. Кӯлоб худ консерваторист, мисли Хуҷанди бостонӣ. Фарзи мисол, дар Кӯлоб ҳаргиз Душанберо шаҳр намегӯянд. Зеро Душанбе чанд сол умр дорад? Максимум 80-100 сол. Ва ин дар баробари шаҳри антиқае бо умри 2700-3000 сола ҳаргиз шаҳр нест. Душанберо кӯлобиҳо пойтахт мегӯянд. Зеро дар рӯи олам барои онҳо танҳо 1 шаҳр вуҷуд дорад:

– Кӯлоб!!!

Маъзарат, вале Парижу Лондону Маскаву Питерро ин ҷо шаҳр намегӯянд. Ёдам ҳаст, ки боре Соҷидаи Мирзо чунин нақл карда буд:

Аз Прага ба Тоҷикистон омадам. Солҳои сангини 90-ум. Дар Душанбеву Хуҷанд аксарият мепурсиданд, чигуна ун ҷо рафтӣ ва мо чӣ кунем то низ маскуни Прага шавем? Илло дар Кӯлоб, ки мӯсафедакони ҳамсоли падарам ба аёдатам омадаву гуфтанд:

– Хуб… То кай дар қишлоқи бегуна мегардӣ? Ба шаҳри худамон баргард!!!

Ва ана ҳамин шаҳр сокинони махсуси худро дорад:

– Стилягаҳо, ҷавонмардон, авбошон, разборшикҳо, воизон, муллоҳо, гапзанҳо, муштзӯрон, хулиганҳо…ва ҳатто дуздакону корчазанҳо!

Стилягаҳо қисмати вежа ва эътирофшудаанд. Раҳмон-стил дар раъси стилягаҳо, яъне олуфтаҳои шаҳр будӣ. Акаи Қиём ҳам стиляга буд!!!

Стрелка-теғи шимаш бурути мардакро мебурид!!! Кафшҳояш аз рӯи хоку хас чунон мегузашт, ки гард рӯяшон «успети нишастан» намеёфт. Буруташро табар намебурид. Ҳар субҳ, стилягаҳо 30-40 дақиқа худро оро медоданд. Акаи Қиём 50-60 дақиқа, зеро стилнитар будӣ. Миёни ин мардуми олуфта фарқе нест, ту чӣ кор мекунӣ, раисӣ ё саис? Стиляга, ки шудӣ, гуфти Суҳробшои Фаррухшо «буд добр» риоя кун стилатро. Фарзи мисол, Нуралии бачаи бобои Акрами «нос» катокчӣ-роҳсоз буд. Вале чун стиляга шуд, то мурданаш стил, яъне олуфтагиро риоят кард. Акаи Қиём стиляга буд ва ҳам муҳандиси роҳсоз…

 

Аз Кӯлоб Данғараву Норак…

Ин шоҳроҳро дар тӯли солҳои 1972-1992 Акаи Қиём сохтаву таъмиру тамрин мекард. Зеро роҳсози №1 дар ДСУ-4 буд. Мисле, ки худашро ҳамарӯза 50-60 дақиқа то охирин қили бурут тоб медод, роҳро низ бо усули стил месохт. Ин аст, мавзеъи роҳе, ки шахсан ӯ бунёд мекард, бегазанд, рост ва ҳамвор буданд.

Улфат ва бебок. Шоҳидон қисса мекунанд, ки барои 1 ташкилӣ дари хонаи дилхоҳ деқонро дар н. Данғараву Восеъ… асфалтпуш мекард. Чу мепурсиданд, мегуфт:

– Давлат камбағал намешавад. Вале камбағалон дуо кунанд, кори савоб мешавад…

Имконияте, ки Акаи Қиём дошт, метавонист қасру кушк созад. Инро тамомии сокинони ин шаҳри бостонӣ медонанд. Аммо ҳамагӣ 1 кулбаи пастаку назарногире дошт, ки ҳатто таккурсӣ ё худ фундаменти сементӣ надошт!!! Вале хонааш ҳарчанд бе сементу таккурсист, дар тули 30 соли ахир побарҷост ва ягон заминҷунбӣ ё сел онро вайрон накард. Зеро хонаи Акаи Қиём рӯи дуои камбағалоне бунёд шудаст, ки дар тули 20 сол дасташонро гирифтаву роҳи хонаашонро асфалтпӯш мекард: таккурсии ин 2-хонаи одӣ дуову дуруди мардум буду ҳаст…

 

Ҳоҷӣ Қиёмиддин

Агар 1 моҷароро нагӯям, дурӯғгӯ мешавам. Стилягаҳои кӯлобӣ айшу нӯшро дӯст медоранд. Акаи Қиём низ. Боре аз ӯ эрод гирифтам, ки «бас намекунӣ?». Гуфт, «ҳаҷ равон кун-мебинем». Рӯзи дигараш бо дастгирии Холиқзода-раиси Кумитаи дин аллакай ба умра мерафт. Омад. Ча-а-анд сол нанӯшид. Вале рӯзе ширакайф дидамаш. Ба нигоҳи суоломезам гуфт:

Додари акаш! Ба номи Худо, ҷамъияти ин стиляга-айёрон басе дилсапедтар аз муллову ҳоҷиюни наменӯшидагист!!! Ман дар миёни унҳо ҷавонмардӣ надидам, ки ин ҷо роиҷ аст…

5 соли ахир наменӯшид. Фалаҷ шуда буд. Шӯхиш мекардам, ки Акам биё 100 гр резам, механдиду мегуфт, «на, мо ба тупаш расидем!»…

 

Муҳимтар аз ҳама…

Баъди 5 соли фалаҷӣ, ки дигар зану фарзандон ҳам аз бемор қимоб шудаву роҳи халосӣ меҷӯянду ҳатто ҳамсояҳо бар мариз марг орзу мекунанд… фиғони «Отамой»-и Бобоҷону «Қиёмой»-и янгаи меҳрабон ва Акамой-и куллияи ҳамсоягон гӯши фалакро онгуна кар кард, ки ба таҳқиқ фариштаҳо ту гӯӣ, ки пушаймон шуданд, ки чаро ҷони ингуна ҷавонмардро ба ин сабукӣ гирифтаанд…

Руҳат шод, гӯрат олуфтаву пурнур бод, Акаи олуфтаам, Акайи стилягам, Акайи Қиём, Эшони Қиёмиддин бини Мизробиддин бини Ғиёсиддини Эшон бала бини Шоҳ Ҳусайн бини Шоҳ Гарди Алии кӯлобии балҷувонӣ…

 

С. Мизроб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube