ПМЭФ-2024: Аз А то Я

23.05.2024. Соат ба вақти СССР 16:05 дақиқа. Ҳамааш аз он шуруъ шуд, ки чун тундар дар ҳавои соф, ман аз номи мушовири давлатии Президенти Федератсияи Россия, ҷаноби Кобяков ин даъватномаро тавассути почтаи электрониям гирифтам:

Ростӣ, ҳайрон мондам. Зеро банда бо иқтисодиёту молиёт кам сару кор мегирам. А, ПМЭФ бошад, чун майдончаи гуфтугӯ ва диалогҳои молиявиву бонкдорӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ширкатҳои глобалӣ ва давлатҳост.

Чун ҳамеша, ба кӯмакам Ҷамила Ҳусейнова шитобид ва аз сафоратхонаи Россия дар Тоҷикистон маълуму мушаххас кард, ки сардабири газетаи мардумии СССР барои саҳми бориз гузоштан дар муносиботи ҳасана дар байни ҷумҳуриҳои собиқ давлати паҳновари СССР ва низ барои шарҳу тафсироти воқеӣ ва реолии вазъият дар ин маҳдудаи  барпаҳнои “Шашяки рӯи Замин” шахсан аз сӯи масъулини Кремлин, ба форуми мазкур, ки дар таърихи 05-08.06.2024 дар Питер баргузор мегардад,  даъват шудааст.

Акнун ҳайрати мо бар ифтихор табдил ёфт!!! Ва маълумоти бештар дар бораи ин форум, ки маъруфтар бо аббревиатураи ПМЭФ аст, дастрас кардем, ки мехоҳем онро ба хонандаи худ низ пешкаш созем.

Таври маълум, СССР газетаи мардумист ва мо сареҳатан медонем, хонандаи мо 2-забона аст ва низ забони русӣ забони №2 ва ё худ забони расмии байнулмилалист. Зимнан бархе хабарро бо забони русӣ мекорем, ки фикр мекунам, ба ҳама фаҳмост. Мо Метавонем!

 

САЛОМ ШАҲРИ ҶАВОНӢ!!!

04.06.2024. Соат ба вақти Питер 04:30 дақиқа. Дар аэропорти Пулково маро дӯсти овони ҷавонӣ ва ҳамкурсам Игор Семиков, яке аз журналистони пуркору маъруфи рус пешвоз мегирад. Воқеан ҳам агар бо фаъолияти Игор Семиков ошно шуданиед, ба ин ҷо муруре кунед. Матлабҳои сирриву пинҳонӣ, таҷассусӣ ва вобаста ба иқтидори мошинсозии низомӣ бисёр дорад: MASHNEWS. Новости промышленности

Баъд аз гузаштани ПЦР-назорати набуди Ковид-19 (оҳ, ман фикр доштам, ин ситамҳо дар соли 2021 тамом шудаанд!!!) ва гирифтани тоблуи гарданбанд-бейджик ба шаҳр мебароем!!!

Воқеан ҳам кортҳои таърифии Голди Амонатбонк ин ҷо кор намекунанд ва доллар касе намехарад. Хайрийят дӯсти ҷавониям омада буд, вагарна дар кӯча мемондам. Зимнан маълум шуд, ки корти одиву мардумии МИР-и Амонатбонк фаъол будаасту бас. Россия бо ҳамин корт равед мардум!!!

Пештоз мегӯям, дӯсти виртуолии дигарам, Амонулло Қодирзода, ки баъдан рафиқи шафиқи воқеиву реолӣ шудему пайваста ҳамсафару ҳамроҳам будӣ, ба таъбири худаш «дар хоб монда» будаст. Пешопеш аз меҳмондориву обу иззати Амонуллову Игор ва Фатҳулло Назаров-дӯстонам, сипосгузорӣ мекунам, ки ба таъбири Бобои Ғулом «намонданд дастамро ба оби хунук занам!». Раҳмат шербачаҳои Ваҳдату Питер. Мо Метавонем!!!

 

ПМЭФ чист ва онро бо чӣ мехӯранд?

Барои бори 27-ум аст, ки ин форум баргузор мегардад ва давлатҳои ба масале ҷаҳони 2 ва 3 роҳҳои алтернативии рушд меҷӯянд. Ин ҳукуматҳо, ки дар тӯли камаш 100-соли ахир зертобеи неоколонизаторҳои Амрикову Аврупо ва Ҷопону муттафиқинашон мондаанд (G-7) мехоҳанд 1 зиндагонии шоиста ва бидуни бардагӣ аз 7-гонаи бузургро, ки худро ҳокими мутлақи олам шуморида, кадом давлатеро хоҳад мешканаду касеро хоҳад мекушад (ба вежа мусулмононро) соҳиб гарданд.

Дуруст аст, ки ҳоло дақиқан ба ҷое нарасидаанд. Вале ПМЭФ, БРИКС, Шартномаи Шонгҳой, ЕАЭС, ОДКБ ва ғ. ва ҳ. гувоҳанд, ки давлатҳои “ақибмонда ва ғайридемократӣ” намехоҳанд то абад зертобеи Доллару Евро буда бошанд.

Вусъати фарогирии аъзои созмонҳои нав гувоҳанд, ки дар ҳар сурат дунё пешорӯи фурӯпошии империяи нав-барҳамрезии шоҳаншоҳии Амрикову Англия қарор дорад. Суҳбатро ба дарозо намекашем ва мебинем, ки Путин В.В.-президенти Россия, ки дар раъси ҳаракати муқовимат бо абарқудратон, блоки НАТО ва G-7 қарор дорад, аз ПМЭФ чӣ умедҳо дошт…

 

XXVII ПЕТЕРБУРГСКИЙ МЕЖДУНАРОДНЫЙ ЭКОНОМИЧЕСКИЙ ФОРУМ

ПМЭФ — одно из самых масштабных и значимых деловых событий в мире. За 27 лет Форум завоевал статус ведущей мировой площадки для обсуждения ключевых вопросов глобальной экономики и обмена лучшими мировыми практиками и компетенциями в целях обеспечения устойчивого развития.

ПМЭФ проходит ежегодно, начиная с 1997 года. С 2006 года Форум проводится под патронатом и при участии Президента Российской Федерации.

В 2021 году ПМЭФ стал первым и самым масштабным в мире деловым событием очного формата после вынужденного перерыва из-за пандемии коронавируса.

ПМЭФ — это пространство для диалога и развития деловых связей, не имеющее аналогов. Это возможность найти партнеров для развития бизнеса в России и за ее пределами, расширить круг заказчиков и поставщиков, выйти на контакт с лицами, напрямую принимающими решения, привлечь внимание потенциальных инвесторов и ведущих СМИ.

В ПМЭФ-2023 в реальном и виртуальном форматах приняли участие более 17 000 участников из 130 стран мира. На площадке Форума было подписано более 900 соглашений на общую сумму 3 трлн 860 млрд рублей.

 

Аз 3 трлн то 6 трлн

Ба рақами охирин таваҷҷӯҳ кун, хонанда: 3 триллиону 860 миллион рубли русӣ дар форуми гузашта, ҳамагӣ 1 сол пеш дар ПМЭФ ба чарх даромад. Зимнан аксариятии давлатҳо талош карданд, дар ПМЭФ-2024, ки суммаи расмии шартномаҳо марзи 6 триллион рублро бояд мегузашт, фаъолтар шаванд.

Ин ҷо аҳамият деҳ, хонандаи ман, ки сухан сари “суммаи расмӣ”, яъне хароҷоти рушод меравад. Чаро чунин гуфтем? Зеро то ҷое шахсан ман пайхас кардам, шартномаҳои ниҳониву сиррӣ дар ин форум ба тасвиб мерасиданд. Фарзи мисол, касе намедонад, делегатсияи Толибони Афғонистон чӣ гуфтушунуфтҳои сиррӣ дошту давлати Чину Ҳинду Эрону Россия ва Белорус дар кадом мавзуъ гуфтугӯҳои ниҳонии низомиву ҳарбӣ карданд.  Зеро дар форум танҳо ба хабару инфои расмӣ журналистон дастрасӣ меёфтанд. Ва ин ки аксарияти сиёсатмадорон, ҳатто худи ВВП дар ин плошадкаҳо дастрас буданду ба суолот посух мегуфтанд, ҳаргиз ба маъние нест, ки шартномаҳои сиррӣ ва пинҳониву таҷассусӣ ба тасвиб нарасидаанд.

Воқеан ҳам, баъди ин ташрифи ҳайати Толибон ба Питер-ватани бобоии Президенти Россия, ҳайати баландпояи ГосДепи Амрико, ба таври ниҳонӣ ва сиррӣ ба Кобул ташриф овард. Дақиқан барои “аз роҳ задани Толибон” ва ҷалби таваҷҷӯҳашон ба спонсорҳои асливу усулии худ. Ва аммо ин тамоман мавзуъи дигар аст. Ҳоло бубинем, ПМЭФ дар ҷамъ чӣ дод ва кадом хостаҳои кишварҳои ҷамъшударо бароварда кард. Рӯ меорем боз ба забони асли форум. Мо Метавонем!

 

Итоги работы ПМЭФ-2024

Петербургский международный экономический форум в 27-й раз собрал на своей площадке лидеров крупнейших российских и иностранных компаний, представителей государственных структур, политического и научного сообщества для того, чтобы установить деловые контакты, найти новых партнеров, обсудить перспективные проекты, обменяться мнениями по актуальным тенденциям в политике и экономике на глобальных и региональных рынках.

Престиж Форума как одного из самых значимых деловых событий в мире продолжает неуклонно расти. Форум становится все более прикладным и динамичным: оперативно принимаются решения, по результатам обсуждений происходит реальный запуск новых проектов и формирование практических решений.

 

Аз СССР: Тоҷикистонро надидем!!!

Хеле мутаассифем, ки дар ин форуми бузург ҳайати Тоҷикистон қариб ба чашм намерасид. Шахсан ман на-ди-дам фаъолияти ишонро. Ҳарчанд дар суҳбат бо ман, баъди пахши гузориши видеоӣ аз мавзеъи ПМЭФ чанде аз масъулини баландрутба занг задаву гуфтанд, ки шартномаҳое бастаанд, аммо «дарбачаи суҳбат»-Диалоговое окно ва майдонча-плошадкаи вежа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум надошт! Ин фактест, ки ягон кас инкор карда наметавонад.

Баръакс, давлатҳои ҳамҷавори мо – Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон хеле фаъол буданд дар ПМЭФ. Ба вежа Қирғизистон фаъол будӣ. Дар ин бора, хонандаи азиз, ҳамин ҳоло метавонӣ бо асли масъала худат шинос шавӣ. Чигуна? Одӣ!

Ҳоло, ки даври нанотехнолгия аст, кампутар ва ё телефони мобилиатро фаъол намуда, ба интернет ва сипас Ютуб пайваст шав. Шудӣ? Дар ютуб нишонии расмии моро барчин: «СССР ТВ» (ҳатман байни СССР ва ТВ фосила, пробел мон. Ин муҳим аст. Зеро метавонӣ бар дигар ҷо дароӣ). Хуб. Даромадӣ?

Акнун бин, ки рамзи мо пайдо мешавад:

Болои ин рамз шуда, тукмачаро пахш мекунед ва 3 гузориши моро дар бораи ПМЭФ мебинед. Ва «Кори хирс тамом!», гуфти Аловиддин Абдуллоеви раҳматӣ:

1. ПМЭФ: Путин завернул на Восток…

2. ПМЭФ: Ширкати Тоҷикистон назаррас нест!

3. ПМЭФ – 2024: о чём говорил В.Путин?

 

Кобяков чӣ гуфт?

Советник Президента Российской Федерации, ответственный секретарь Оргкомитета ПМЭФ Антон Кобяков отметил: «В этом году участие в мероприятиях Форума приняли 21 800 человек из 139 стран и территорий. Такое весомое присутствие многочисленных иностранных делегаций и представителей бизнеса еще раз подтвердило, что ни о какой международной изоляции России речь не идет. На Форуме собрались представители стран, желающих развивать свою экономику в парадигме справедливого и многополярного мира».

Свободу выбора политической и экономической ориентации различных мировых держав подтверждает и лозунг ПМЭФ-2024: «Основа многополярного мира – формирование новых точек роста».

 

Иштирокчиёни ПМЭФ

Несмотря на санкции, в 2024 году Форум посетило рекордное число участников, что превзошло аналогичные показатели последних лет. Гости и участники мероприятия собрались, чтобы обсудить международную торговлю и сотрудничество, рынки сбыта, технологическое лидерство и инвестиции.

В Санкт-Петербург приехали руководители четырех государств: Президент Боливии Луис Альберто Арсе Катакора, Президент Зимбабве Эммерсон Дамбудзо Мнангагва, Президент Республики Абхазия Аслан Бжания, Президент Республики Сербской (Босния и Герцеговина) Милорад Додик.

Гостями Форума стали члены королевских семей Бахрейна и Саудовской Аравии: Абдулла Халифа Салман Альхалифа и Абдулазиз бин Салман бин Абдулазиз Аль Сауд.

 

Аз СССР: Ранҷидаҳо…

Бо 1 ҳарфе метавон гуфт, Форум президентонеро гирд овард, ки аз санксияву ҳукмҳои Амрикову Аврупо ранҷидаанд. Фарзи мисол, Додик баъди эълони ҳукми СММ ва ба қатли омми мусалмонони Балкан муттаҳам сохтани давлаташ, ба назар мерасад, ки аз Иттиҳоди Аврупову НАТО сахт дилгир шудааст. Боливия бошад, даҳсолаҳо дар конфронтатсия ё худ хархашаи сиёсӣ бо Вашингтон қарор дорад. Президенти Зимбабве Эммерсон Дамбудзо бошад, бо ишороти нозук давлатҳои узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро дар суҳбат бо Путин «шакал»-шағолу мурдахор номид!

 

Хитой хеле фаъол буд!!!

В мероприятиях участвовали более 120 высокопоставленных иностранных официальных лиц: руководители международных организаций и объединений, иностранные министры, главы дипломатических представительств, главы иностранных городов и регионов. Наиболее многочисленные делегации прибыли из Китая – 192 участника, ОАЭ – 105, Зимбабве – 86, Казахстана – 84, Индии – 80, Омана – 75.

 

Аз СССР: Хитойи зирак ва Ҳинди прагматик

Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ки агар ин форум фоидовар намебуд, Пекин ба он ҳайати аз ҳама бешашро равон намекард – 192 намоянда!!!

Рақиби асливу усулии Чин дар қораи Осиё Ҳиндустон бошад 80 делегат фиристод. Ва ин дар ҳолест, ки Деҳлӣ шарту аҳдномаҳоро хеле прагматикӣ мебандад ва усулан тавассути ширкатҳои хусусӣ, на давлатӣ. 1 намояндаи Ҳиндустон дар суҳбат бо сардабири СССР гуфт:

-Чин шартномаҳои давлатӣ мебандад ва ришваҳои давлатӣ низ мепардозад. Фарзи мисол, барои соҳиби кони тилову сурма ё сурб шудан, Хитой барои давлати соҳиби кон ё роҳ, пул, нақб месозад ва ё гранти дарозмуддат пардохт мекунад. Ин омил сабаб мешавад, ки дар тендеру музоядаҳои кишварҳои пасошӯравӣ ширкатҳои чиноӣ ҳамеша дастболо бошанд. Мутаассуф, давлати Ҳиндустон ин имкониятро надорад ва мо ба оҳистагӣ, вале пайваста изи пои худро дар маҳдудаи СССР руфта истодаем…

Дар ин форум мошинҳои нави Хитой низ ба маъраз гузошта шуда буданд, ки ҳатто нархашонро шунида, тӯпиятон аз сар меафтад. Фарзи мисол дар ин акс, банда савори ҶИП истеҳсоли Чин мебошам, ки нархаш 50 миллион рубли русӣ ё худ 550.000 доллари амриокист!!! Дуруст аст, ки мо алъон тавони хариди чунин мошинро на-до-реммм! Вале Мо Метавонем миёни мардум лоф занем, ки савори автое шудем, ки ним миллион доллар нарх дошт. Мо Метавонем!

4216 журналист

В работе Форума приняли участие более 8300 представителей российского и иностранного бизнеса. Иностранный бизнес был представлен на Форуме более чем 480 компаниями из 94 стран и территорий, российский бизнес – свыше 3300 компаниями. Впервые в Форуме участвовали представители ключевых компаний и организаций алмазной (горнодобывающей) отрасли из стран Африки и Южной Азии.

Среди участников ПМЭФ-2024 были широко представлены ведущие автомобилестроительные корпорации Китая и их российские подразделения.

О беспрецедентном интересе со стороны отечественных и зарубежных СМИ говорит количество журналистов, которые освещали мероприятия Форума, – более 4216 человек из 34 стран.

 

Меҳмони олиқадр

В этом году почетный статус страны-гостя принадлежал Султанату Оман, представительную делегацию которого возглавил министр промышленности, торговли и привлечения инвестиций Кайс Бен Мухаммед Аль-Юсеф. Свое участие в Форуме Оман проводил под лозунгом изучения возможностей по реализации совместных проектов в перспективных сферах межгосударственного сотрудничества: промышленности, энергетики, туризма, науки и технологий, логистики и продовольственной безопасности. Национальный павильон Султаната и насыщенная деловая программа с участием оманских партнеров предоставили уникальную возможность для участников Форума установить прямые контакты с оманскими компаниями и представителями власти, подробно ознакомиться с торгово-инвестиционным потенциалом страны. Члены внушительной делегации Омана – бизнесмены, дипломаты, чиновники – подтвердили свое желание «сотрудничать с российскими предприятиями и видеть больше туристов в своей стране».

 

6,5 трлн рубл куҷо мешорад???

По итогам работы Форума было подписано 1073 соглашения на общую сумму 6 трлн 492 млрд рублей (учтены соглашения, сумма которых не является коммерческой тайной), из них 55 – с представителями иностранных компаний.

 

Аз СССР: Тоҷикистон пассив буд…

Дақиқан аз ин пули калон сӯи кишвари мо шояд чизе нашорад! Зеро чуноне ки дар боло гуфтем, Тоҷикистон шояд ягона кишваре буд дар ин форуми бузурги бо сарварии шарики стротегии хеш, ки намояндагии хуб, Дарбачаи баҳсӣ-Окно Диалог ва мавзеъ-плошадка надошт. Кор то ҷое буд, ки ҳатто тоҷикони муқими ФР ва соҳибони ширкатҳои русӣ (Муҳаммад Назаров-АНО «Сибирское общество международных исследований», Джабори Наджибулло-Русский Экспортный Центр ва ғ.)

намояндагии Тоҷикистонро меҷустанд, то бо ишон ақаллан суҳбат кунанду аҳдҳо бубанданд, вале бе натиҷа… Даст рӯи сина гузошта, 1 ҳақиқатро мегӯям:

-Шахсан ман 3 намояндаи Тоҷикистонро танҳо дар фурудгоҳи Пулково дидам. Субҳи рӯзи 04.06.2024. Соате, ки бағочамро мегирифтам ва бо ҳамин гуфти ҳамон Аловуддин Абдуллоеви ҳамешазинда боз ҳам:

-Кори хирс тамом…

Ва ин дар ҳолест, ки Қирғизистон бузургтарин нолаҳои пуливу молиро аз ин форум сӯи Бишкек канду Тошканд низ дар самти сохтсози неругоҳҳои барқи атомӣ ва роҳи оҳану стансияҳои метро бо Маскав гуфтугузорҳои судманд намуд ва Қазоқистон худро ба Питер наздиктар сохт…

Игор Семиков бо аҳли оилааш

Амонулло ва Фатҳулло

Назди пайкараи воқеии Петри 1

 

Сайёфи Мизроб

Душанбе-Санкт Петербург-Душанбе

04-09.06.2024

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube