ДОД АЗ ДАСТИ СМС- ПАЁМАКҲО!!!

 (Ё тоҷиконро аз ғорати ширкатҳои мобилӣ кӣ ҳифз мекунад???)

Хонандагони зиёд бо идора тамос гирифта, аз хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ, хосса СМС – паёмакҳои ба қавли хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н.Файзобод Ҳокими Сафар “пулхӯр” шикоят мекунанд.

Ширкатҳои мобилӣ бо ирсоли СМС – паёмакҳои нодаркор аз ҳисоби муштарӣ маблағ кам мекунанд, ҳол он, ки муштарӣ аз ин хабар надорад ва ё намедонад. Ширкатҳо аз муштарӣ на мепурсанд, ки оё ин хидматрасонӣ ба шумо лозим аст ё не, балки маҷбуран ин ё он аксия, бозӣ ё викторинаҳои гуногунро бар дӯши муштарӣ бор мекунанд. Муштариро гӯл мезананд ва маҷбур мекунанд, аз нофаҳмӣ ва ё барои “фаҳмондадиҳӣ” рақамеро зер кунад ва ҳамин кофист, ки кисаи телфонатон холӣ шавад!

Маълум аст, ки хизматрасонии иловагӣ ҳатман пардохти иловагӣ мехоҳад, вале мизоҷони пиронсол нохоста метавонанд рамзҳои гуногунро зер карда, хизматрасонии иловагиро зеркашӣ кунанд. Муштарӣ чизеро намефаҳмад, вале масалан ҳар рӯз аз ҳисобаш 1 сомониву 20 дирам кам шудан мегирад. Ин ғорати рӯирост аст. Вале додраси муштарӣ куҷост?

 

“Викторина”-и маҷбурӣ ба кӣ лозим?

28.05.2024. Соат бо вақти Душанбе 16:44 дақиқа. Аҳли коллективи кори газетаи мардумии СССР дар кабинети сармуҳаррир нишаста, бобати шумораи нав суҳбат доштем. Баногаҳ ба телефони устод Сайёфи Мизроб аз ширкати «Вавилон-М» СМС – паёмак, аниқтараш рамзи 5869 –  рақами пурааш 00005868 омад. Дар он гуфта мешуд, ки “Мизоҷи муҳтарам! Аксия, марҳамат даромада бинед».

Сардабир рамзи “ОК”-ро зер карду дарҳол 90 дирам аз ҳисоби телефон кам шуд. Зимнан СМС – паёмаки навбатӣ ирсол гашт:

“Мизоҷи муҳтарам! Шумо барои пайваст ба рақамҳои 5869 паём фиристодеду мо қабул кардем, акнун ҳар рӯз аз ҳисоби шумо 90 дирам ситонида мешавад”…

Дар ин маврид суоле пеш меояд, ки ширкати “Вавилон-М” аз кадом лиҳоз ва аз руйи кадом қонунгузорӣ бидуни огаҳию иҷозати расмӣ мизоҷони худро ба ким кадом “Викторина” дохил мекунаду пул меситонад? Аҷабаш ин буд, ки барои баромадан аз ин ҳиллаи авомфиребонаи “Вавилон-М”  сардабири СССР маҷбур шуд, боз СМС-паёмак фиристодаву аз он барояд ва боз ҳам 90 дирами ӯро кашида гирифтанд!!!

Яъне ин афёра чунон роҳандозӣ шудааст, ки хоҳӣ-нахоҳӣ бояд пул диҳӣ! Зимнан газетаи мардумии СССР қотеъона аз роҳбарияти Вавилон-М дархост дорад, ки 90 дирами моро баргардонанд. Расман баргадонанд ва бахшиш ҳам пурсанд. 100% бовар дорем, тибқи масали “дузди хуб соҳиби говро бастааст!”, ин ширкат ҳоло худи моро боз гунаҳкор ҳам мебарорад, ки чаро ба ин бозӣ даромадаем.

Ҳамаи муаммои ин авомфиребон ин ҷо нуҳуфтааст, ки мутаассуф Хадамоти алоқаи кишвар дар фикри пуштибонии манофеи муштариёни ватанӣ нест…

 

«ОК»-и пулхураку пулдуздаку пулгирак

Ҳамин, ки телефонамро ба даст мегираму ба дӯстонам занг заданӣ мешавам, дарҳол СМС – паёмакҳои ба қавли бибиям тезпазаки ширкати «Мегафон» меояд:

Вы подписались на услугуSimpler“. Стоимость услуги 2 TJS в день. Шумо ба хизматрасонии “Simpler” обуна шудаед! Арзиш 2 TJS дар 1 рӯз.

Ё ин ки чунин СМС – паёмакҳо мешоранд:

 “Шаби ошиқонаву шод бо гурӯҳиБеҳзод банд“, рӯзи 9 март дар Кохи Суруш, тел: 992979131313»,

ПодключитеДоверительный платёжна сумму 10 TJS и активируйте пакет ” Ещё- 50 минут по РТ” со стоимостью 9,91 TJS и оставайтесь в сети»;

“Минут много не бывает: Наслаждайтесь общением с родными и близкими, подключите пакет “ЕЩЁ – 50 по РТ” Стоимось: 9, 91 сом».

Ин паёмакҳо дар ҳоле меоянд, ки ман ба ягон нафар занг заданӣ мешавам, рамзи «Нет» ва «ОК» мебарояд. Саросема «Нет»- ро зер карданӣ шавам, худ ба худ «ОК» мешавад. Маълум, ки ширкатҳо барои «ОК» шудани чунин хизматрасонии иловагии пулӣ шавқу ҳавас доранд!

 

«Мегафон»: 20- сомонӣ куҷо меравад?

Бобати ин мавзӯъ Норбибӣ Ҳамдамова, сокини ш. Душанбе мегӯяд, ки ҳамарӯза ба телефонам 20 сомонӣ маблағ мепартофтаму ин маблағ хеле зуд ба итмом мерасид.

Пеш аз ба хизмати ҳарбӣ рафтани писарам фикр мекардам, ки ӯ ба дустонаш занг задаву пули телефонро харҷ мекунад. Барои ин кораш ҳамеша ӯро сарзаниш мекардам. Пас аз рафтани писарам ба хизмати Модар – Ватан, фаҳмидам, ки 20 сомонӣ маблағи маро писарам нею ширкати «Мегафон» мехӯрдааст, – таъкид дошт ӯ.

Зеро ин бонуи солдида, ки аз макру ҳияли ширкатҳои мобилӣ бохабар нест, шояд ҷое тукмачаи ОК зер кардаасту инак дар балои ситами ширкати Мегафон дармондааст. Мутаассуф чунин афрод кам нестанд дар кишвари мо.

 

Аз бало ҳазар!!!

Наовардани номи ширкатҳои дигар дар ин матлаб ба ин маънӣ нест, ки дар онҳо макру ҳиял ва дому фиребу афёра роиҷ нест. Ҳаст! Ещё как ҳаст!!! Вале мо бо ун ширкатҳо, ки шарик нестем, аз додуситадашон воқиф низ нестем. Шумо нависед, то мо ҳам донем.

Хонандагони гиромӣ! Агар аз ҳисоби маблағи телефони мобилии шумо ҳар рӯз пул кам мешавад, пас шумо дониста ё надониста ба ин ё он хизматрасонии иловагӣ ҳамроҳ шудаед ва ё ин ки ширкат шуморо иҷборӣ обуна кардааст. Барои аз байн бурдани ин хизматрасонии «пулхӯрак» ба наздиктарин маркази хизматрасонии мобилии ширкати худ даромада, рақами худро аз ҳар гуна «Викторина» ва «Оҳанги писандида» пок кунед. Ва нагузоред, ки бидуни огоҳӣ ба шумо ҳар гуна иқдомҳоро бор кунанд!

Мо пайгири мавзуъем. Зимнан агар шуморо низ ҳамингуна фиреб додаанд, ба мо нависед. Мо нашр мекунем.

Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф,

СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube