АКБАР 60 СОЛА ШУД

Ӯ аслан бовар надошт, ки замоне, баъди сараш, олами журналистикаи тоҷик, ки ҳомиву ҳодияш ӯ будӣ, фаромӯшаш мекунад. Вале мо кардем. Ҳамагӣ баъди чанд моҳи реҳлаташ ба биҳишти Худой, ба дунёи фаромӯшии мо низ рафт…

…Рафт, то баъди солҳо бозпас баргардад. Бар боварам, замоне Акбар бармегардад ва мо тоҷикакони фаромӯшӣ, чун юнониҳои соли 1193 то милод, ки мегуфтанд: “Мо дар замони Гектар ва Ахиллес ба сар бурдаем!”, пеши наслҳои баъдӣ ифтихор хоҳем кард, ки:

  • Мо ҳамасри Акбари Бузург будем…

Шояд он замон каме шарм кунем. Ақаллан наздики виждони худ…

 

Акбари Бузург

Баъди сари Акбар бо талошу даводави барзиёд редаксияи газетаи мардумии СССР китоберо бо номи “Акбари Бузург” нашр кард. Аз дӯстону ҳамкорону ҳамтоён бо зораву тавалло, ӯриву зар хотироташонро “рӯёндем”. Зеро зумрае аз журналистони фаромӯшӣ, намехостанд ё “вақт надоштанд”, ёддошти худро нависанду Акбарро ба некӣ ёд кунанд. Мо пофишорона ун китобро гирдовар кардем. Сипос бар Исмоилов Ёқуб Боронович-директори КТН “Шарқи Озод”, ки масъулияти нашрро бар дӯш гирифт. Ва чанд сол пас дар бораи ин китоб журналисти тавонои дигаре навишт, ки он, яъне китоби “Акбари Бузург” бо талошу кӯшиши шодихӯрдагону шогирдони марҳум нашр шудааст. 1 ҳарф дар бораи СССР, Ёқуб Исмоилов ва коллективи кори редаксияи газетаи мардумӣ – Ҷамила Ҳусейнова, Идибек Маҳмудҷонов, Умари Шерхон, Омирона Достиева, Шаҳрзоди Амин-масъулини нашр набуд.

Ҳаволаи ҳар кас ба Худо…!

 

Акбари Саттор аз ошноӣ то ҷӯрагӣ

Ӯ 2 зодрӯз дошт. 10.02.1965. Расмӣ! Ва 16.04.1965. Воқеӣ. Модараш мегуфт, Акбар дар нимаи баҳор, яъне апрел таваллуд шудааст. 2 бор зодрӯзашро ҷашн мегирифт. Зеро бисёр мехост, баҳонае ёфт шаваду дӯстонро сари 1 хон гирд оварад. Аз Питер то Душанбе, мо дар ин 2 рӯз таваллуди ӯро ҷашн мегирифтем.       Вақте бори нахуст ба Ленинград омадам, маро Равшани Махсумзод-нависандаи тавонои Тоҷик ва Абдухолиқ Давлатов-журналисти муваффақи газетаи “Тоҷикистони советӣ” (баъдан албатта, зеро он вақт студент будему бас) пешвоз гирифтаву ба хонаи номбари 1503 оварданд. Ин хона, баъдан фаҳмидам, ки Штаб-квартираи Тоҷикони Санкт Петербург будааст. Зеро дар он Акбари Саттор мезисту ин хона дар надошт! Ҳар касе Петербург меомад, кофта-кофта ин хонаи бе қуфлу калидро меёфт.

Акбар он рӯз дер омад (аҳ, барвақт хона намеомад). Дар тамрин будааст. Зиёд спортсмен буду баъдан шӯхӣ мекард, ки акнун ману ту спиртсмен шудаем… Рӯзи дигараш маро низ бо худ ба машқ бурд. Усулан таҳсили мо дар Питер ингуна тақсим шуда буд:

  1. Субҳ, дави варзишӣ (…..км.)
  2. Соати 9 дарс (дарсҳо ин ҷо соати 09:45 сар мешуданд);
  3. Пас аз дарс китобхона:
  4. Баъди китобхона машқ:
  5. Баъди машқ 3 соат хоб ва:
  6. Кор дар заводи булкабарорӣ аз соати 23 то 05-и субҳ…
  7. Боз дави варзишӣ, дарс ва ғ ва ҳ.

Ва дар ин ҳама гирудор Акбар ҳамеша №1 буд ва ҳамингуна монд, то соати марги мармузаш…

 

Лутфи Акбар

Ба таъбири худаш бисёр “съғераи шӯх” буд. Дар ҳама ҳолат латифае мебофту аз вазъ мебаромад. Боре дар шабу рӯзи майдоннишиниҳо, ки вазъ басе буғранҷ мегардиду наҳзатиҳо роҳпаймоӣ мекарданду кишвар ба коми ҷанг меғелиду мо-журналистони ҷавон, малул пеши Главпочтамт нишаста будем, устод Валӣ Самад пайдо шудаву пурсиданд, ки мабодо Камол Айниро надидаем?

-Мо дина бо он кас вохӯрӣ таъин кардему имрӯз ин ҷо ин маҳшарро бинед!-бо ҳасрат ба издиҳом нигариста гуфтанд устод…

Гуфтем: не, надидаем ва ҳатто намешиносем.

Устод гуфтанд:

-Ӯ каллаву кандаи устод Айнист! Бинед, гӯед, ки ман ӯро меҷӯям.

Ин ҳин Акбар гуфт:

-Устод бовар кунед, ҳамин ҳоло худи устод Айнӣ оянд, намешиносем…

Аввалин бор дидам, ки Валӣ Самад қақразанон хандида рафтанд…

 

Наҷоти Акбар

Акбари Саттор дар соли 1993 инқилобе кард. Ӯ матбуоти Тоҷикро наҷот дод. Дайджест-Прессро кушод. Даҳҳо нафар журналистро ба кор гирифт. 25.04.1996 дар зодрӯзи банда “Чархи Гардун”-ро ташкил намуд ва дар Бари ГЖК, вақте ин газетаро “мешустем”, гуфт:

-Ин тақдими ман ба зодрӯзи туст!

Ва нагузошт ман ба Россия ба мардикорӣ равам…

Чархи Гардун дар он шабу рӯз газетаи №1 ҳам не, ягона газетае шуд, ки ҳар ҳафта мебаромад ва аудиторияи бузурги хонандаи худро дошт. Даҳҳо тани дигар ба кор ҷалб шуданд. Садҳо нафар соҳиби нон гашт. Ҳазорон кас ба мутолиа бозгардид. Матбуоти Тоҷик зинда, эҳё шуд.

Рӯзи аввали таъсиси ЧГ бо шӯхӣ гуфтам, “ахиран сағераи Акбар ҳамин “Чархи Гардун” нонунамактеи “Дайджест-Пресс” мегардад!”. Ҳама хандид. Вале ин шӯхӣ рост баромад. Тули мавҷудияти ООО Чархи Гардун оилаи рӯзномаҳо таваллуд шуданд ва массмедиаи Тоҷик соҳиби аввалину охирин Медиамагнати Тоҷик шуд, ки ӯро ном Акбаралӣ Сатторов буд.

Рӯзномаи «Чархи гардун»«Вечерний Душанбе»«Авиценна»«Аладдин», «Студент», «День за днём», «Время-деньги» ва «Дайджест пресс» узви қавии ин оила будандӣ, ки баъди фавти Акбар куллан аз байн рафтаанд. Илло «Дайджест Пресс», ки аз ҷониби Қурбоналӣ Файзуллозода харидорӣ шуду рӯзҳои охирини мавҷудияташро аз сар мегузаронад…

 

Акбари Вазир

Ростӣ, шахсан ман намедонам, Иттифоқи журналистони РСС Тоҷикистон дар даврони шуравӣ чӣ манзалате дошт, вале дақиқан медонам, ки то омадани Акбар ИЖТ ба ном вуҷуд дошту бас.

Соли 2006 интихоби раиси ИЖТ баргузор шуд ва дар он Акбари Саттор алтернатива надошт. Зеро аксарияти кулли рӯзноманигорон роҳи наҷоти ин ниҳодро маҳз дар симои ӯ медиданд. Дар тули қариб 10 сол, ки Акбар раис буд, тавонист аз ИЖТ воқеан ҳам 1 ниҳоди қавӣ ва боэътимоде созмон диҳад. Дар даврони раҳбарии Акбар журналист қадру қимат дошт: хоҳ дар музофоти дурдасттарин ва хоҳ дар пойтахт. Зеро ҳама ниҳодҳои калидӣ медонистанд, ки “Вазири Журналистон”, тахаллуси Акбари Саттор, аз аъзояш дар ҳама ҳолатҳо дифоъ мекунад…

Боре 1 журналисткаро бо иттиҳоми авомфиребӣ боздошт карданду чанд нафаре аҳд бастем, ки барои ҳимояташ ба ниҳоди қудратии масъул меравем. Пагоҳ омада, дар назди дари ИЖТ танҳо Акбари Сатторро дидам. Сигор бар лаб, чашмони хуморияш ба ханда мойил, гуфт:

-Ҳа, съғера, бовар доштӣ, ки боз ягон кас меояд? Ман туро интизор будам. Рафтем!!!

Ягон кас бо мо нарафт, вале мо рафтаву бо асли воқеа шинос шудем. Ун нафар воқеан ҳам муҷрим буду ҳабс шуд. Аммо сухан сари ин нест: суҳбат ин ҷост, ки Акбари Саттор ҳатто барои ҷинояткорони узви ниҳодаш ба дилхоҳ мақомот мерафту то метавонист таъсир мегузошт. Зеро Шахсият буд! Ва ҳар журналист дар симои ӯ пуштигири худро медид. Руиҳамрафта, он даврон воқеан ҳам мо Иттифоқ на, ки Вазорати Журналистон будему ВАЗИРИ худро доштем!

Дилхоҳ чиновник агар мушкиле пеш меомад, ҳатман ба Вазир занг мезаду мушкилро миёниҳамӣ ҳаллу фасл менамуд. Ин корсозӣ ва дипломатияи фардии Акбари Саттор буд, ки Тоҷикистон дар тули 9 соли раёсаташ дар ИЖТ дар феҳристи озодии сухан пайваста боло мерафт! Ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти судӣ БОЯД сари ин моҷаро андеша кунанд ва имиҷи давлатро ҳифз!!!

Мо Метавонем!

 

Охирсухан

Акбари Саттор 28.08.2015, дар синни – 50 солагӣ, ихтиёран ба олами улв пайваста, ба қатораи роҳӣ сӯи Биҳишт билет харид. Агар зинда мебуд, имрӯз, ГЖК тӯй дошту Шарқи озод сурур. Юбилей муборак, муҳтарам Вазир…

Бар қиболи аксат (ҳарчанд бас кардаам!!!) ҳатман бо Ҷамилаву Идибеку Умари Шерхон…пайк мебардорам. Зеро портрети ту танҳо дар дафтари марказии СССР ин ҳама солҳо овезон асту бас. Ва медонӣ чаро Акбар? Оре, чунки маҳз дар СССР “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!.

Мо намакпосдорем ва Мо Метавонем!

 

*******************************************

 

АКБАР, ЯЪНЕ БУЗУРГ…

Ном нисфи ҳусн аст ва исм посухгӯ ба хислати инсонҳост. Акбари Саттор, дӯсти беҳтарини айёми донишҷӯии ман дар Санкт-Петербург, посухгӯ ба номаш мезист ва бовар дорам, ки хоҳад зист. Зеро хую хислати одам агар то 7 солагӣ шакл гирифтаву сипас устухонбандӣ ёбад, пас, баъди 50 сол ҳиҷ тағйир нахоҳад дид. Ба вежа аз Акбар, ки ин нукта бар аҳли ГЖК-макони журналистикаи Тоҷик ошност.

Who is you, мr.Akbar?

Акбар чанд хислате дорад, ки мутаассуф ва ё хушбахтона дар дигарон камназир аст. Ӯ содиқ, некпиндор, дурустандеша ва сапеддил аст. Касеро ғайбат намекунад. Ва агар кунад ҳам…дар рӯяш, ки дигар ғайбат нест!

Хиёнатпиндор нест, чӣ расад ба хиёнаткорӣ!!!

Муваффақ аст! Ва ана ҳамин плюсаш дар аксари маврид ғаши дигаронро меорад. Зеро ҳасад мебаранд. Ва ин дар ҳолест, ки ҳаргиз худи Акбар ҳасуд нест!

Шояд дигарон донанду дидаанд, аммо ман дар тӯли 30 соли шиносӣ бо Қурбоналиевич ҳаргиз ҳасаду бухлашро надидаам. Шояд бошад, аммо ҳасади пок ва созанда, мисле ки русҳо мегӯянд: Белая зависть. Яъне ба касе баробар шудану аз касе дар ҷодае пештар гузаштан. Бе чунин ҳасади сапед зиндагонӣ дар гардиш нест.

Соҳиби Идея!

Боре ӯро Умед Бобохонов-раиси кулли Азия плюс, «Кладезь идей»-Кони Идея хонда буд. Рост мегуфт, Умед. Зеро Акбар ҳар рӯз 1 идеяи нав дорад ва ҳар рӯз чизе месозад. Муваффақ ҳам нашавад, месозад!

Пионер аст, яъне пешоҳанг ва фаттоҳ (первооткрыватель). Газетаи нахустини Дайджест-Прессро дар ҳолате кушод, ки дили ҳама аз журналистика ва хондан сард буду ба ҳолаш механдиданд, ба ин маънӣ ки «Ҳушат дар ҷояш ҳаст? Атроф пури маргу миру ту дар фикри газета?!». Муваффақ шуд. Сипас дигарон ҳам сар карданд.

Газетаи Тоҷикии «Чархи Гардун»-ро 25.04.1996 (воқеан ҳам дар 30-солагии банда) кушод. Ин нуктаро таъкид месозам. Зеро 1 ҳадафаш агар пул кор кардан буд (бе ин дар матбуоти муосир намешавад!), мақсади дигараш маро аз бозгашт ба Русия нигоҳ доштан шуд ва ман истодам! «ЧГ» ба ташбеҳи клоссик ана ҳамон «Ситорае дар тирашаб»-и Тоҷик шуд, ки дубора дили мардумро ба журналистика гарм сохт.

Даҳҳо ва шояд аз ин ҳам бештар газета кушодааст. Муҳим нест, ки бархе баста шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ҳар самте ба дигарон роҳ нишон медод. Дар назар дорам, матбуотро.

Ҳатто ошхона кушод!!! Вале боз ҳам барои журналистон!!! Ва имрӯз «Бари Акбар» дар олами журналистикаи муосир маъруф аст.

Дача кард ва ҳар гулро худ мекораду ҳар хиштро худ мегузорад. Дачааш бустонсаройҳои олигархҳо нест. Аммо дар он Акбар дилашро гунҷонидааст. Муҳим ин аст-барои Акбар, албатта.

Бо ин ҳама Акбари Саттор аз хоксортарин дӯстони ман аст, ки бо ӯ фахр дорам. Ва ҳич боварам намеояд, ки ҳамин Акбаралии 20 сола, ки бо ҳам гарду чанги Ленинградро ба осмони 7 дакка дода, мегардидем, имрӯз ба синни 50 расидааст. Аммо ҳақиқат ҳам ин аст ва паймонаи умри мо ҳамеша дар ҳоли пуршавиҳост.

Зодрӯзи Акбарро метавон ба ҳама қаламбадастони кишвар табрик гуфт ва ман ҳам мегӯям:

-Зодрӯзи Акбари Саттор муборакамон бод!!!

С. Мизроб

Махсус барои 8 млн тоҷикистонӣ

Тарҷумаи ҳол

Сатторов Акбар Қурбоналиевич 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №25-и н.Ҳисорро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ намудааст.

Соли 1987 таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) давом дода, соли 1990 онро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Аз моҳи августи соли 1990 то моҳи ноябри соли 1990 мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ». Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи ноябри соли 1994 мухбир, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум». Аз 18 ноябри соли 1994 то ҳозир директори генералии ҶДММ «Чархи Гардун» (ҶДММ «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Дайджест пресс»).

Корҳои ҷамъиятӣ

Аз моҳи июли соли 2006 Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардидааст (аз ҳамин ҷост, ки бархе аз масъулин ва корафтодаҳо вазифаи ҷамъиятии ӯро дида, тамоман ҷиддӣ ӯро «Вазири журналистон» номида, аз газетаҳо шикоят мебаранд). Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои миллии муқовимат зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви ҳайати таҳририяи 14 маҷалла, рӯзнома, қомус ва нашрияҳо.

Вакили халқ ва аъзои ягон ҳизб набуд. Мукофотҳои давлатӣ надорад. Дар зиёда аз 30 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Америка, Швейтсария, Шветсия, Япония, Туркия, Хитой, Олмон, Австрия, Миср, Аморати Араб, Қатар, Эрон будааст.

Гузориш, очеркҳо, мусоҳибаҳо ва новеллаҳояш дар 18 маҷалла ва рӯзномаи ҷумҳурӣ ва дар 7 нашрияи хориҷӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, қазоқӣ, олмонӣ, чиноӣ нашр шудаанд. Соли 2010 Маркази омӯзиши Чинро таъсис дод. Барои вусъат ва ҳамкории интернатсионалӣ бо Ордени «ҷасорат»-и ИДМ ва 17 медали Русия ва ИДМ қадр шудааст.

Сайф Достиев

10 феврали 2015.  ·

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube