ҲОДИСАЕ ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТ

03.02.2025. Соат ба вақти Душанбе 15:44 дақиқа. Ин рӯз ҷамъияти Тоҷикистонро хабари доғи шӯриши зиндониён дар Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такон дод. Овозаҳо оҷилан фарогир шуданд, ки дар ин зиндон норомӣ шудааст. Чанде муқаддамтар аз ин ҳодиса дар чорроҳаи мавсум бар Профсоюзи пойтахт мошине оташ гирифт. Воқеа соати 15:55 дақиқа ба вуқуъ пайваст ва табиист, ки ҳангомаҷӯён хостанд ин 2 воқеаро ба ҳам бупайванданд. Вале мошин ба ин шӯриш ягон рабте надошт. Ин ҳодисаи техникӣ ва бехатарии автомобилӣ буду бас.

Дар ҳамин маврид, бояд иқрор шуд, ки ба таври бесобиқа фаврӣ мақомот ба ҳодисаи шӯриш дар зиндони Ваҳдат пӯшиши иттилоотӣ доданд ва нагузоштанд, ки ба осиёби душманони дохиливу берунӣ об равад. Зимнан шаби 3 – юми феврал ин хабар тавассути АМИТ «Ховар» пахш гардид.

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю буранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳании нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонда, фирор намоянд.

Муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд.

Ба захмбардоштагон сари вақт ёрии тиббӣ расонда шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.

Низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.

Расонаҳои хориҷӣ аз 5 кушта хабар доданд

Ахбори оҷили мазкур пайи ҳодиса пахш шуд ва дақиқият надошт. Ин аст, ки бархе расонаҳои хориҷӣ бо дастрас кардани сурати кушташудагон аз ҷойи ҳодиса теъдоди онҳоро беш аз 5 нафар гуфтанд. Аҷиб аст, ки кӣ ё киҳо манфиатдор буданд, то дар соатҳои ҳассоси даргирӣ ин ҳодисаро сабт, аккосӣ ва тавассути интернет пахш созанд? Мақомот агар хоҳад сарриштаи калобаро ҳатман меёбад. Ва аммо бубинем ки дар асл чӣ шуду чанд кас фавтид?

Изи ДИИШ ва наҳзат

Сарчашмаҳои ба таҳқиқи ин ҷиноят наздик, ба шарти набурдани ном, ба СССР гуфтанд, «дар ин ошӯб изи пойи ТЭТ ҲНИ, ки шохаи ДИИШ аст, сахт мушоҳида мегардад».

Зеро маҳз размандагони ДИИШ ба таври комилан бераҳмона ба қурбониёни худ дармеафтанд. Дар ин рӯз низ дастикам 9 тан аз диишӣ, ки бо ҷурми экстремизм, таассубгароӣ ва терроризм муҷрим ба муҳлатҳои тулонӣ бандӣ будаанд, ба зиндонбонҳо дармеафтанд.

Ҷойи зикр аст, ки байни ошӯбгарон ЯГОН НАФАР «зиндонии сиёсӣ» нест! Баръакс гуфта мешавад, тамомии боқимонда зиндониён кӯшиш кардаанд, то доишиён гардани зиндонбонҳоро набуранд. Ин аз он далолат медиҳад, ки шарту шурути зиндон хубтар шудаву зиндонбонҳо бо бандиён муносиботи бад надоранд. Дар сурати акс ҳама сари по мешуданду хуни ноҳақ бисёр мерехт.

Балвогарон

Таври маълуму маъруф балвои зиндониён дар ҳама кишвару давлатҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд! Ҳатто аз таърихи ба ном авторитетҳои даврони шуравӣ медонем, ки ҳатто Сангак Сафарови маъруф дар зиндонҳои Сибири Россия балво карда буд. Аммо ошӯби зиндониёни советӣ барои беҳтар намудани шароити буду бош будӣ. Ошӯбгарони наҳзатӣ ва доишӣ ягон талабот надоштанд. Онҳо мехостанд ҷамъиятро ноором созанду бас.

Ин аст, ки тибқи иттилои сарчашмаҳои ба мақомот наздик ва шоҳидии бандиёни дигар, онҳо бе пеш гузоштани ягон талабот ба афсару аскарон дарафтода, касеро дарёб мекарданд, бо ханҷару кордҳои сунъии сохташуда, захм задаву куштан мехостанд.

 Онҳо ҳатто ба сардори Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳм накарданд. Гуфта мешавад, онҳо ба бадану сару чашму гӯшу бинии Шарипов Садриддин, ки ҳамеша ба доди зиндониён расида, аз ҳоли ишон бевосита хабар мегирифт, чанд захм задаанд. Полковник Шарипов С. ҳоло дар ҳолати бисёр сангин бистарист. Ба шоҳидии худи зиндониён, бандиёни дигар талош карданд, то ДИИШиҳо ин нафарро сар набуранд!

Ин моҷаро бори дигар собит месозад, ки аксарияти зиндониён бо ошӯбгарон набуданд…

Онҳо кӣ буданд?

Дар ин ошӯби бебарор 9 кас ширкат дошт ва тавре гуфтем миёнашон ягон «маҳбуси сиёсӣ», ки расонаҳои хориҷӣ мехоҳанд, моҷароро гарм созанд, набуд. Аз ин байн ному насаби 7 тан ба мо маълум шуд (ниг ба акс):

Ҳасанов Суҳроб Сафарович

Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович

Тилабов Алӣ Тилабович

Орзуев Шаҳзод Ҷамшедович

Бурҳонов Шуҳрат Муҳаммадалиевич

Ҷӯраев Муҳаммадшариф Бобомуродович

Давлатов Фарҳод Сайаҳмадович

….?

….?

Ҳамаи инҳо бо иттиҳоми экстремиз ва терроризм муҷриманд.

Безараргардонии ҷинояткорон

Бар асари чораандешии фаврӣ тибқи иттилои аввалия 3 тан безарар гардид (яъне кушта шуд). Аммо аксҳои баъдӣ муайян карданд, ки шумораи кушташудаҳои шодихӯрдагони ТЭТ ҲНИ ҳадди ақалл 5 нафаранд. Ин фактро акси гирифташуда, ки дар интернет ба чархиш даромада буд (агар монтаж набошад!) тасдиқ менамояд. Аксҳо ҳамзамон гувоҳӣ медиҳанд, ки ошӯбгарон зери ливои ба ном «Давлати исломӣ» ҷинояти мазкурро содир кардаанд.

Дар ҳар сурат, гуфта мешавад, ҳамаи 9 балвогар инзивоъ шуда, то ин соат, ки гузориши мо омода мешуд, зиндони мазбур ба ҳукми анъанаи роиҷ кору фаъолият дорад ва зиндониёни боқимонда дар шароити амн ба сар мебаранд.

Муҳимтарин коре, ки рӯи даст гирифта шуд, ин аст, ки мақомот тавонист сари вақт балвогаронро хунсо созад ва нагузорад, ки фитна домана занад. Аз сӯи дигар, маҳбусон, ки чанд сол пеш шоҳиди ҳамингуна 1 амали ифротии шодихӯрдагони ДИИШ ва наҳзат шуда буданд, ақли расоро кор фармуда, бо балвогарон ҳамраъй нашуданд. Балки зидди онҳо садо баланд карданд…

Дар охир қайд карданием, ки ҳар ошӯбу балвое, ки афроди ангуштшумор мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба низому тартиб ва оромиву тинҷии Тоҷикистони азиз асар нахоҳад кард. Зеро мардум, ҳатто зиндониён намехоҳанд осудагии Давлати Тоҷикон халалдору хатчадор гардад:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!

Хотиррас мешавем, 6 сол муқаддам ҳам, дар зиндони фавқ ошӯб сар зад, ки бар асари он 3 корманди зиндон ва 29 шодихӯрдагони ДИИШ кушта шуданд. Он замон масъулияти балворо Давлати Исломӣ (дар Тоҷикистон созмони террористӣ шинохта шудааст), бар дӯш гирифта буд.

Дар соли 2018 бошад тарафгирони ин созмони террористӣ дар зиндони Хуҷанд даст ба балво заданд, ки бар асари он 21 экстремист кушта гардид.

Тибқи иттилои расмӣ, то аввали моҳи январи соли 2024 дар Тоҷикистон 14000 мард, 500 зан, 134 ноболиғ ва 244 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ зиндонӣ буданд.

Зимнан редаксияи газетаи мардумии СССР бар назар аст, ки соати саъди амнистияи навин барои чунин зиндониён фаро расидааст, ки маънан ислоҳ шудаанду худро аз экстремизму терроризм дур мегиранд.

Хотиррас мешавем, ки дар тули 33 – соли истиқлолият беш аз 15 бор дар Тоҷикистон, бо амри Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонуни амнистия роиҷ шудаву садҳо ҳазор нафар озод шудаанд.

Бо расидани далелу арқому ахбори нав мавзуъро боз ҳам муфассалтар шарҳ хоҳем дод.

Мо Метавонем!

СССР

 

PS: Дар охир бояд қайд кард, ки аз ин ошӯбу балвоҳои стихиявӣ ва тасодуфӣ, ки дар ҳама зиндону кишварҳо дучор меояд, танҳо душмани қаттоли миллати мо метавонад хурсандӣ кунад. Ва ин ҳам ТЭТ ҲНИ мебошад, ки таври маълум ин ҳизби террористӣ, аз сари кор омадани Толибон дар Афғонистон, вусъати нуфузи ДИИШ дар фаросӯи марз, чун «падари маънавии тамомии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ» табли шодӣ мезаду мезанад. Зимнан аз фитнаву ошӯби наҳзатиҳо алҳазар!!!

Атрофии сиёсати созандаи давлати муттамаркази хеш бояд зичтар печид, то тири душман ба ҳадаф нарасад. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube