ҲАМШИРАҲОИ ТИББӢ МЕРАСАНД

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми соли 2024 -2025 ҳамагӣ 4342 нафар табиб ва 21553 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаолият намуда истодаанд. Дар давоми соли гузашта 405 нафар табибони дорои маълумоти олӣ ба кор қабул карда шуданд, ки аз инҳо 245 нафар ҷавонон мебошанд.

Тавре Иброҳим Мусоев, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма итиллоъ дод, дар ин давра 46 нафар табибон дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомузӣ гузашта, айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо ба корҳои табобатӣ машғуланд. Норасоӣ дар кадрҳои ҳамшираҳои шафқат дида намешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зерсохтори он бо мақсади таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа ҳамкории зичро бо муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимии соҳавӣ васеъ ба роҳ монда, дар пойгоҳи худ кафедраҳои гуногуни соҳавиро ҷойгир ва бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин намудаанд.

Дар ин асно ҳамкорӣ бо 3 муассисаи таълимӣ аз ҷумла бо ДДТТ ба номи А. И. Сино, ДМТ, ДДТХ дар ноҳияи Данғара, ДТБКС тандурустии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар ва маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва муассисаҳои миёнаи касбии вилоят ва Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар ва Кӯлоб ба роҳ монда шудааст.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube