РЕЗААХБОР

04.02.2025. Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, собиқ Генпрокурори кишвар, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

03.02.2025. Сар аз имрӯз низоми раводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон барои парвозҳои байни Душанбеву Теҳрон пурра лағв гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 150 миллион сомонӣ ё қариб 14 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ ҷудо кардааст.

Агентии «Тоҷикстандарт» соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиону 11 ҳазору 801 кило маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифатро ошкор ва несту нобуд кардааст.

Дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддира мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023  тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ бунёд ва азнавсозии 29 026 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни замон 18800 (64,8%) иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 5529 (19%) иншоот корҳо идома доранд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube