БАТКА ЛУКАШЕНКО

27.01.2025. Александр Лукашенко Президенти нави Беларус интихоб гардид. Барои бори 7-ум, ӯ дар Беларус №1 шуд

Муборакаш бод! Пеш аз ҳама барои он ки иғвои сиёсии интихоботи президентии қаблӣ, вақте Александр Лукашенко барои бори 6-ум сӯи ин курсӣ мерафт, дар Минск такрор наёфт. Лукашенко хеле марди рӯзгордидаву пухта аст. Ва масали «кӯр 1 бор асо гум мекунад!»-ро нағз дарк намуда буд…

09.08.2020. Хотиррас мешавем, дар интихоботи қаблӣ, ки ҳарифи асосии Лукашенко хонум Светлана Тихановская, барандаи 10,09% раъйи мардум гашта буд, дар Белорус тазоҳурот бархест. Гуфта шуд, ин кори дасти хадамоти ҷосусии хориҷист. Дар ҳар сурат, Мински расмӣ дар ин танишҳо Амрико, Иттиҳоди Аврупо, ба вежа Украина, Литва, Латвияву Эстония ва Лаҳистонро гунаҳкор хонд.

Ин бузургтарин тазоҳурот дар тамомии мавҷудияти Беларус буд ва дар он даҳҳо ҳазор нафар ширкат карданд. Кор то ҷое расид, ки ҳатто худи Батка (тахаллуси мардумии Лукашенко) бо автомат ба ҷавлон баромада, ҳушдор дод, ки мисли Янукович, президенти Украина тарсу нест ва ба Россия фирор накарда, ба ҷанг мебарояд! Хотиррас мешавем, ки Виктор Янукович-раисиҷумҳури расман интихобшудаи Украина дар таърихи 22.02.2014 ба таъбири Бобои Ғулом, ки он замон зинда буд, аз тарси «ғазаби майдан» думро хода кард ва ин сарзамин, мутаассуф инак 11 сол мешавад, ки бар коми ҷанги гражданӣ рафтааст.

Ин фирори Янукович ҳамон фирори Раҳмон Набиевро дар соли 1992 ба хотир меорад, ки ахирӣ аз тарси ҷони худ гурехт, дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳароси 2-3 бангиву ҳангии наҳзатӣ истеъфо дод ва Тоҷикистон ба коми даҳшати ҷанги граждании 7-сола ғеҷид. Ба бахти ману ту, хонандаи ин сутур, Эмомалӣ Раҳмони 40-сола сари қудрат омаду моро аз коми маҳву нестӣ вораҳонд. Ин иддаои ман нест. Инро борҳо Александр Лукашенко, дӯсти Тоҷикистон, дар ҳаққи ҳамтои Тоҷикаш баён кардааст…

Воқеан ҳам Александр Лукашенко низ дар 40-солагӣ, дар соли 1994 ба сари қудрат омада, кишварашро аз вартаи маҳв вораҳонида буд…

Александр Лукашенко, ки бо унвони фахрии Батка (Падари Беларус) маъруфу машҳур аст, ҳамеша шахси якҷиҳата, якрӯя ва ба таъбири мардумӣ якфоға буду ҳаст! Ӯ, мутаваҷҷеҳ шав, хонанда, дар соли 1991 ЯГОНА депутати Шурои Олии РСС Белорусия шуд, ки бар зидди пошхӯрди СССР ва Аҳдномаи Беловежская Пуша баромад кард.

08.12.1991. Хотиррас мешавем, дар ин рӯз Елтсин, Шушкевич, Кравчук -президентони республикаҳои советии Россия, Белоруссия ва Украина дар мавзеъи Беловежская Пуша ҷамъ омада, ҳукми қатли СССР-ро хонданд! Инҳо бо 1 имзои худ бузургтарин давлати раъиятпарварро дар сартосари олам барҳам доданд. Баъди имзои ин санад, таърихан сабт аст, ки Борис Елтсини маст ба президенти Амрико занг зада мегӯяд:

– «Давлати Бадӣ» (СССР) дигар вуҷуд надорад! Худоё Амрикоро нигаҳбон бош!!!

Дар он шабу рӯз ҳама фикр дошт, ин 1 қахрамонист. Вале танҳо Лукашенко паёмади ин моҷароро дарк карда, тани танҳо бар зидди беруншавии Белоруссия аз ҳайати СССР овоз дод ва ин 3 танро табадулотчӣ хонд.

Баъди сари қудрат омадан дар соли 1994 то ин рӯз Батка Лукашенко талошҳо дорад, то СССР барқарор ҳам нашавад, СНГ аз байн наравад. Проекти Лукашенко «Давлати иттифоқӣ (Союзное Государство)» ҳоло ҳам вуҷуд дорад…

Дар соли 1994, вақте Лукашенко 40 сола буду ба нахустин интихоботи президентии 7-сола мерафт, 2 бор ба ҷонаш қасд карданд. Бори аввал мошинашро бо витсе-президенташ тирборон намуданд ва бори 2 милисаҳо ӯву ҳамсафонашро лату кӯб карданд. Вале бо сари кор омадан, ӯ гунаҳкоронро… бахшид!

Ёд дорӣ, хонанда, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо афродеро, ки бар ҷонаш қасд кардаанд, бахшида буд? Мо дар ин бора зиёд навиштаем. Фарзи мисол, Холбаш Холбашеро, ки дар Бадахшон ба ҷони Президенти мо суиқасд намуд, шахсан бахшид!!! Бахшид ва унвони полковник ва сипас генералӣ дод! Ва ин ки ин нафар ҳоло зиндонист, тамоман моҷарои дигар аст: зеро ӯ боз ҳам дар соли 2021 бар зидди ҳукумат ва давлат ошӯб кард ва дар таърихи 21.09.2022 ҳукми абад гирифт…

Вале баргардем сари қаҳрамони ин очерки портретӣ. Александр Лукашенко дар тӯли 31 сол, ки сари қудрат аст, ба гуфтаи худаш беҳтарин коре, ки кард, ин шуд, ки «заводҳои аз даврони СССР меросмондаи МАЗ, БелАЗ, ва МоАзро наҷот дода, маданияти картошкапарварӣ ва системаи советии колхозу совхозҳоро риоят намуд». Лукашенко ҳоло ҳам бар ин назар аст, ки:

– Коллапси СССР бузургтарин ва мудҳиштарин садама (катастрофа) дар асри ХХ буду ҳаст ва мемонад!!!

Дигар хидмати бузурги Лукашенко ин ҳам шуд, ки тавонист дасти ҷангҷӯву ҷангхоҳони Ғарбиро аз сари давлаташ дур созад. Ва соате Украина дар оташи ҷанги хонумонсӯз кабоб шудаву ҳамарӯза ҳазорон кушта бар ҷо мегузорад, ӯ бо зиракии сиёсӣ ва хиради азалии давлатдорияш тавонист белорусҳоро аз коми марг раҳо бубахшад.

Ба таҳқиқ Александр Лукашенко дар баробари Эмомалӣ Раҳмон яке аз атворитетҳои қораи СНГ маҳсуб меравад. Суханаш вазн дорад.

 23-24.06.2023. ЧВК Вагнер бо роҳарии Евгений Пригожин, ҷангозмудатарин Армияи зархаридони русӣ бар зидди Кремл ошӯб кард. Вагнер майдони набардро дар Украина тарк карда, бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ сӯи Маскав рафт. Ҳамагӣ дар 2 рӯз онҳо нисфи масоҳатро ғасб карда, аллакай дар саргаҳи Маскав меистоданд. Касе набуд пеши роҳи онҳоро бигирад. Дар ҳамин соати басо ҳассос, Александр Лукашенко бо 1 занги телефонӣ ба Евгений Пригожин садамаи давлатии Россияро ҷилавгир шуд. Бо пешниҳоди Батка Лукашенко артиши ғазаболудаи ЧВК Вагнер Маскав надаромада, бозгашта ба Беларус рафт…

Ин миёнҷигарии Лукашенко, ки бар ҷанги гражданӣ ва табаддулоти давлатӣ хотима бахшид, табиист, ки тарафи дигари ҷанг – НАТО ва муттафиқинашро сахт безобита кард. Ва табиист, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, натоиҷи интихоботи соли 2025 дар Беларусро пазиранд. Вале ба гуфтаи Бобои Ғулом, аз чунин иддаъо дигар «пашори касе намебарад» ва Лукашенко ҳам дуруст таъкид намуд:

– Это их проблемы!!!

Воқеан ҳам, хонандаи ин сутур, имрӯз замоне расидааст, ки ҳар нафари 0,5 грамм ашёи хокистарранг дошта (ақл дар назар аст!), дарк бояд кунад, ки ЯГОН давлату ЯГОН миллат дар фикри дигар давлату дигар миллате нест. Демократияҳо, озодиҳо, баробаҳуқуқиҳо дигар ҳама дурӯғанд! Зеро имрӯз хунбаҳои садҳо ҳазор мусалмони кушташуда (баъд аз пошхӯрди СССР), даҳҳо миллиони мусалмони беватанамонда (баъд аз пошхӯрди СССР) ва даҳҳо давлати мусалмонии барҳамрехта пас аз коллапси Шуравиро касе ҷуброн намекунад. Ба таҳқиқ шоҳбайти Муҳаммад Иқболи Тоҷикзабон имрӯз низ мавқеъ ва мавзеъи сиёсии худро гум накардааст, ки мегуфт:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт!

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт!!!

Тақдир ба дасти хеш навиштан ин ҳамин интихоботҳои хурду бузург аст, ки миллати Беларус новобаста ба таҳдиду фишорҳои беруна ба номзадии Батка Лукашенко раъй дод. Ту ҳам дар интихоботи дарпешбуда, хонандаи ман, бояд тақдиратро бо дасти худ нависӣ.  Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube