ВОҲИД АСРОРӢ  ЖУРНАЛИСТ, ФРОНТОВИК, ШОИР, ОЛИМ…

Номи устод Воҳид Асрориро солҳои 70-уми асри гузашта дар матбуоти даврӣ хонда будем. Соли 1980, пас аз дохил шудан ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон бо эшон аз наздик ошно шудем. Донишҷӯёни курсҳои болоӣ мегуфтанд, ки муаллим муттакон журналистон аст.

Дар нимсолаи дуюми севумкурсӣ (бахши шабона) ҳафт нафар ба гурӯҳи журналистика шомил гаштем. Он овон факултаи журналистӣ мавҷуд набуд. Қариб се сол аз муаллимон Асадулло Саъдулоев, Улашбой Гулмуродов (Пайванди Гулмурод), Абдусаттор Нуралиев (равонашон шод бод) ва Иброҳим Усмонов, сабақ андӯхтем. Ҳарчанд устод Воҳид Асрорӣ ба мо дарс нагуфта бошанд ҳам, аммо номи муаллим доиман вирди забони ҳамагон буд…

Он замон байни донишҷӯён қисса  мекарданд, ки В. Асрорӣ ҳини имтиҳонҳои давлатии хатмгарон, бахусус ба бачаҳои журналист ёрии хешро дареғ намедоштанд. Намегузошанд, ки нафаре аз онҳо номурод монад. Баъдтар ин гуфтаҳоро ба чашми сар дида, ба муаллим қоил мондем. Устод марди матин, ғамхор ва соҳибэҳтиром буданд…

 

Воҳид Асрорӣ

Фарзанди содиқи Ватан, журналист, фронтовик, фолклоршинос, адабиётшинос, шоири тоҷик 7-уми ноябри соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст.

Соли 1938 факултаи забон ва адабиёти Институти дусолаи муаллимини Тошкандро тамом карда, бо роҳхат ба шаҳри Сталинобод меояд ва дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе муаллимӣ мекунад. Аслан фаъолияти меҳнатии устод аз соли 1933 ибтидо гирифта…

 

Ҷабҳа

Воҳид Асрорӣ солҳои 1942-1944 дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Соли 1944 баъди захм бардоштан дар майдони ҳарбу зарб табобат гирифта ба ақибгоҳ рухсат мешавад…

 

Нозир, журналист

Воҳид Асрорӣ солҳои  1944-1946 инспектори назорати давлатӣ буданд. Сар аз соли 1946 мавсуф ба олами журналистикаи ватанӣ гоми устувор ниҳод. Аввал муовин, баъд ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи   “Пионери Тоҷикистон” то соли 1950 ифои вазифа намуданд.

Соли 1949 факултаи филологияи Институти давлатии омӯзгории Сталинободро хатм карда, вориди аспирантура шуд. Ва соли 1953 дар Университети давлатии Ленинград рисолаи номзадии хешро дифоъ кард.

 

Институти педагогӣ, УДТ

Воҳид Асрорӣ тайи солҳои 1952-1957 муаллими калон, дотсенти Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко буд. Устод соли 1957 ҳамчун муаллими калон, мудири кафедраи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин пайваст. Соли 1968 рисолаи докториашро ҳимоя карданд.

Профессор аз соли 1970. Солҳои 1968-1973 декани факултаи филологияи тоҷик, аз соли 1969 то 1996 (то охири умр) мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

ЭҶОД

Асарҳои устод Воҳид Асрорӣ аз соли 1939 чоп мешаванд. Китобҳои “Салом, мактаб!” (1951), “Ҳардуяшон нағз”(1962), “Замзамаи ҳаёт” (1964),  “Шарораҳо” (1997) ашъори дар солҳои гуногун офаридаи муаллимро фаро гирифтаанд.

 

МУТАРҶИМ

Устод Воҳид Асрорӣ дар тарҷумонӣ низ дасти расо доштанд. Осори алоҳидаи В. Маяковский, С.Маршак, А.Гайдар, А.Қаҳҳор, Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, П.Турсун ва дигар шоиронро ба тоҷикӣ гардондааст…

 

ОЛИМ

Воҳид Асрорӣ муаллифи асарҳои илмӣ – омавии “Дар бораи эҷодиёти Юсуф Вафо” (1957), “Адабиёт ва фолклор” (1967), “Фолклор ва эҷодиёти нависанда” (1968), “Жанрҳои хурди фолклори тоҷик” (қ 1, 1983; қ 2.1985) мебошад.

Китобҳои дарсии (“Граматикаи забони тоҷикӣ” (1950), “Забони тоҷикӣ” (барои синфҳои 1, 2, 1950, 1984), “Забони тоҷикӣ” (1954, 1957) ва “Фолклор” (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, 1979, 1983, 1985) натиҷаи заҳмати чандсолаи донишманди сермаҳсули тоҷик маҳсуб меёбад.

Бо роҳбарии В. Асрорӣ 6 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд…

В. Асрорӣ дар асарҳои илмии худ масъалаҳои муносибати нависанда ба фолклор, мавқеи бадею ғоявии эҷодиёти даҳонакии халқ дар адабиёти бадеӣ, маҳорати нависанда дар истифодаи фолклор ва ғайраро талқин намудаанд.

 

ПОДОШ

Хизматҳои арзандаи доктори илмҳои филология, профессор, ҷанговари матин  Воҳид Асрорӣ бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Устод бо унвонҳои Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1977), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1953), Академаи АИ байналмилалии макотиби олӣ (1966) сарфароз гардидаанд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1977) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1956) буданд.

Воҳид Асрорӣ 3-юми июни соли 1996, дар 79-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

 

МУАЛЛИМ

Сар аз соли 1938 то охири умр Воҳид Мирашурович Асрорӣ 60 сол муаллим буданд. Ва ӯро қабл аз ҳама чун омӯзгор медонистанд. Аз хурд то бузург, аз донишҷӯ то академик ба эҳтиромаш боло мешуданд. Воқеан ҳам муаллими соҳибэҳтиром буданд. Дар фуровард барои тақвият як ҳикояти мусаввири рус Константин Фёдорович Рерихро меорем, ки омӯзанда аст.

Константин Фёдорович мегӯяд: “Ҳини дар Ҳиндустон будан, рӯзе дар соҳили рӯд аз манзараҳои зебо баҳра мебардоштем. Аз роҳ мӯйсафеде мегузашт. Наврасе ба эҳтиромаш бархост ва ба ӯ дуруд фиристод. Аз ӯ пурсидам:

– Ин шахс кист?

Ӯ гуфт:- Муллим.

Гуфтамаш: – муаллими ту?

Гуфт:- На, муаллими ман нест, лекин муаллим аст…

Аз эҳтироми шарқиёна муассир шудам, балки аз худам шарм доштам ва андешидам, муаллим ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳо муаллим аст.”

Пас биёед эҳтироми шарқиёнаро бобати эҳтироми муаллим сарфи назар насозем. Эҳтироми устоди хешро ба дида бардорем…

 

Умари Шерхон

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube