ТАКСИСТРО ҲАМ ШУНАВЕД!

Аслиддин Камолов, сокини ш.Душанбе, ронандаи таксӣ – электромобил бо идора тамос гирифта гуфт, ки журналистон ҳам бояд 1 бор таксистро бипурсанд, ки ӯ чӣ рӯзгор дорад.

– Дар шумораи гузашта матлаберо дар бораи фаъолияти таксиҳои шаҳри Душанбе, хосса элетромобилҳо хондам. Воқеан дуруст аст, проблема дар ин соҳа зиёд аст ва ҳар касе хост ҳоло ронандаи таксӣ шудааст. Аксарият ҳамон ронандаҳои «Тангем»-у «Старекс»-ҳо имрӯз таксӣ меронанд. Яъне онҳо ба беодобиву бетартибӣ одат кардаанд. Аммо дар байни ронандаҳои таксӣ мо баринҳо ҳам ҳастанд, ки одобу тартиби корро риоя мекунанд.

Шумо, журналистон 1 бор аз таксистҳо бипурсед, ки онҳо чӣ проблема доранд. Оё медонед, ки ширкатҳо ҳар рӯз аз таксӣ, иҷора ва ронандаи он чӣ қадар маблағ ба даст меоранд? Оё шумо хабар доред, ки таксиҳои «нелегал», ки дар ягон ҷо ба қайд гирифт нашудаанду рӯзи дароз дар дилхоҳ хатсайр мегарданд, кам нестанд? Касе хоҳад маблағе мепардозад ба баъзе ширкатҳои муфтхӯр ва дигар худашу дави аспаш!  Дар бораи шомилшавӣ ба ширкат, гирифтани рақами тагранги сабздошта ҳам пурсуҷӯ кунед, гап бисёр аст…

Аз идора: Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем. Мо Метавонем!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube