Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз н. Деваштич бо идора тамос гирифта, гуфт, ки аз нияти мактабсозӣ дар деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ хабаре нест.
– Дуруд СССР-и азиз! Соле қабл раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода пас аз боздид аз якчанд деҳаҳои мо ваъда дода буд, ки дар деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ ҳатман мактаб бунёд хоҳад ёфт. Бунёди мактаб дар деҳаи мо проблемаҳои зиёдро ҳалл мекард, пеш аз ҳама бачаҳо ба роҳи дур – ба мактабҳои деҳаҳои дигар намерафтанд. Аз ин ваъда 1 сол гузашт, аммо ҳеҷ хабаре нест, лоақал нақшаи он ҳанӯз тарҳрезӣ нашудааст. Шояд мухбирони газетаи мардумӣ 1 бор аз раиси ноҳияи мо мепурсанд, ки ин ваъда чӣ шуд?
Аз идора: Муаллими гиромӣ! Муттаассуф, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич ба зангҳои мо ҳам посух нагуфт, то сабаби таъхири бунёди мактабро дар деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ пурсем. Мо пайгири ин мавзуъ мемонем ва аз масъулони вилояти Суғд ҳатман дар ин бора хоҳем пурсид.
