Маннон Махсумов, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш.Истаравшан бо редаксия тамос гирифта (тел: 988097194), гуфт, ки олимону зиёиёни тоҷик набояд роҳ диҳанд, ки классикони форсу тоҷикро мардумони дигар аз худ кунанд.
– Чаро дар ТВ-ҳои тоҷик барномаҳои илмиву таърихӣ бо забони русиву англисӣ нест? Асри 21 асри иттилоот аст ва бо дӯсту душман бояд бо забони итиллоот биҷангӣ! Бубинед, ТВ-ҳои кишварҳои ҳамсояи моро, дур намеравем давлатҳои Осиёи Марказӣ. Онҳо бо навбат классикони мо – Синою Берунӣ, Ал-Бухорию Мотуридиро ҳамдиёрони бузурги мо гуфта ном бурда истодаанд. Аз рӯи барномаҳои онҳо гӯё спонсор- сарпарасти «Шоҳнома» Султон Маҳмуди Ғазнавӣ будааст – машинаи идеологӣ хуб кор мекунад! Зиёиёну таърихшиносони мо чӣ? 1000 сол давлат надоштем, аммо ба сари касе шамшер назадем! Соли 1924 тақдири миллату давлати моро дар Кремл ҳал карданд ва то ба имрӯз И. Сталинро таъриф карда гаштаем. Аммо имрӯз таърихамонро аз мо мегиранд!
Боз ҳам бармегардам ба пешниҳоди қаблиам – ТВ «Сафина» бояд номашро ба ТВ «Сомониён» иваз намояд – ин 1 муште ба даҳони душманони таърихи миллати мо мешавад.
