Солҳои пеш обуна ба газетаву журналҳо ва суғурта ихтиёрӣ буда, касе маҷбур намекард, гарчанде маъракаи сиёсӣ ҳам буд. Ман шахсан ҳамчун омӯзгори собиқадор мехоҳам, ки ба ҳафтаномаҳои “Омӯзгор”, “СССР” , “Адабиёт ва санъат” обуна шуда, онҳоро дастрас ва мутолиа намуда, лаъзати маънавӣ барам. Дигарашро бошад агар лозим шавад, онро аз дӯконҳои газетафурӯшӣ харид мекунам.
Чаро мардум ҳафтаномаи “СССР”-ро ҳафтаномаи мардумӣ меноманд? Ин унвонро на шахсони масъули ин ҳафтанома, балки худи мардум онро ба газета сазовор донистаанд. Пештар дар рӯзномаҳо мақолаи моҷароӣ ва очеркҳо дар бораи дузду ғоратгарон, ҳаннотон мебаромад, ки мардум барои ин матлабҳо ихтиёрӣ рафта обуна мешуданд, то рӯзномаро ёфта, пурра хонанд.
Суғурта ин 1 ташкилотӣ ихтиёрӣ аст. Омӯзгоре нақл кард, ки ман ихтиёран суғуртаи иҷтимоӣ бастам ва фалокате болои сарам омад, ба шуъбаи суғуртаи ноҳия муроҷиат кардам, маро чунон овора намуданд, ки рафта онро бекор кардам. Маблағи хароҷоти кардаам аз пули медодагии суғурта зиёд гардида, аз баҳраш баромадам.
Соли гузашта хостам ба идораи суғуртаи ноҳияи Мастчоҳ рафта ҳақиқати ҳолро пурсам, ки дар асл маҷбурӣ аст ё не, вале дари идора идора қулф, аз тиреза нигоҳ кардам, даҳшате буд, гумон кардам, ки моҳҳо дари онро касе накушодааст. Бо ин ҳол чаро аз омӯзгорон пули суғурта ҷамъоварӣ карда мешавад, намефаҳмам…
З. Дилшод,
н. Мастчоҳ
