Имрӯз инсони шариф, фарзанди фарзонаи ноҳияи Ховалинг, аввалин дипломати ҳарбии тоҷик, намояндаи ҳарбии Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон полковник Асланшо Ғайратов зодрӯз дорад. Эшонро ба зодрӯзашон табрик мегӯям. Барояшон дар пирӣ хушиҳои рӯзгор, саломатӣ, сарбаландӣ таманно дорам. Бигзор Яздони пок ӯро аз тамоми балоҳои заминию осмонӣ нигаҳбон ва дар ҳарду олам сарбаланд дорад. Дар охир хоҳише дорам, ки рӯзномаи мардумии СССР ин нигоштаи ман, 1 полковники мустаъфиро, ки имрӯз муқими Русия аст, нашр кунад. Мо Метавонем!
Ман эшонро аз давраҳои донишҷӯияш дар мактаби милисаи шаҳри Душанбе мешиносам. Ӯ баъди хидмати ҳарбӣ дар неруҳои ҳарбӣ – баҳрӣ ба мактаби милиса дохил шуд. Ҷавони далеру бебок ва ҷасур, варзишгари шинохта буд. Дар мусобиқаҳои гӯштигирӣ шарафи мактаби милисаро ҳимоя мекард. Баъди хатми бомуваффақияти мактаби милиса корро дар ШКД – и ноҳияи Панҷ сар кард.
Соли 1991 ӯро барои кор ба шаҳри Кӯлоб фиристоданд. Дар ин ҷо ӯ муовини сардори раёсати минтақавии 6-ум буд.
Дар ин давра дар ҳудуди вилояти Кӯлоб гурӯҳҳои ҷинояткории гуногуни силоҳнок пайдо шуда, мехостанд оромию осоиштагии аҳолии вилояти Кӯлобро халалдор кунанд. Ӯ ва ҳайати кормандони ин раёсат дар он солҳо дар бесилоҳ ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷинояткори мутташаккили созмонёфта саҳми муносиб доштанд. Баъди барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва вориди шаҳри Душанбе шудани кормандони ин раёсат онҳоро дар ҷузъу томҳои ВУД БА КОРҲОИ ПУРМАСЪУЛИЯТ ГУЗАРОНИДАНД.
Спетсназ: халъи силоҳ дар Ромиту Ваҳдат
Асланшоҳ Ғайратовро сардори ситоди бригадаи таъиноти махсус таъин намуданд. Бригадаи онҳо барои барқарор ва поксозии нерӯҳои мухолифин ба қисми шарқии кишвар: аввал ба ноҳияи Кофарниҳону дараи Ромит, сипас водии Қаротегин сафарбар карда шуданд.
Он солҳо замона хеле фоҷиабор буд. Дар ҳудуди кишварамон ҳар рӯз садҳо нафар ҳамдиёронамон аз дасти ҷинояткорон кушта мешуданд, ҷинояткороне, ки аз вазъи ноороми замона истифода карда, либоси низомӣ ба бар карда буданду силоҳ дар даст доштанд, аз ҳарду тараф ба касе раҳм надоштанд. Аз ҷониби роҳбарияти фармондеҳии олии кишвар дар пеши Асланшоҳ ва ҳайати шахсии бригада вазифа гузошта шуда буд, ки чунин ҷинояткоронро муайян намуда, безарар ва бесилоҳ намоянд.
Сайъу талошҳои ӯ дар ин роҳ бесамар набуданд. Баъди ҳар вохӯрии навбатӣ даста-даста ҷавонон силоҳҳои хуро месупориданд. Дар муддати кутоҳ дар кишвар оромӣ ҳукумрон гардид. Нафароне, ки тасодуфан, нофаҳмида ба даст силоҳ гирифта буданд, баъди вохурӣ бо қумондон Асланшоҳ хатои худро фаҳмида, дар баҳои афв ва зинда мондан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудан таслим мешуданд ва ба кори мулкӣ мегузаштанд.
Амалиёт дар «ҷумҳурии исломии Ғарм»
Моҳи апрели соли 1993 амалиёти аз байн бурдани дастаи террористии Ризвон ва бесилоҳ гардонидан он дар дараи Камароби ноҳияи Рашт оғоз гардид. Ризвон ҳамроҳи чанд нафар аз размандагонаш баъди шикаст хӯрдан дар самти Кофарниҳон ва дараи Ромит ба водии Қаротегин омада, дар Ғарм мавқеъ гирифта буд. Ӯ водии Қаротегинро Ҷумҳурии Исломӣ эълон ва домулло Саъдидини Рустами қазноқиро раиси ҷумҳур ва худашро вазири мудофиа муаррифӣ кард. Барои ман иштирок дар ин амалиёт дар мавзеи кӯҳистон, ки зодгоҳам буд, хеле душвор буд. Дар деҳоти атрофи Камароб боқимондаҳои гурӯҳҳои Ризвон Садиров амал мекарданд, ки дар Комсомолободу Тавилдара шикаст хӯрда, акнун дар дараи Камароб фаъолият доштанд. Онҳо Ризвонро Ҳазрати Имоммаҳдӣ эълон карда буданд. Сарбозони Имоммаҳдии самозванетс деҳаҳоро ғорат карда, дороии мардумро мегирифтанд, куҷо духтари зебое буд, онро ба Ризвон тортуқ (туҳфа) мекарданд. Ризвон фарзандони мардумро маҷбурӣ ба дастаи худ мегирифт, то ки ба муқобили ҳукумат муборизаро идома диҳанд.
Сарбозони ӯ Ғаюри дарвозӣ ва бародараш Ҷумъа дар деҳаи Санги Маликӣ ба анбори нигаҳдории картошка даромада, посбони он Исмон ва писарчаи 12 солаашро парронданд. Исмон дар ҷояш вафот кард, тир аз болои синаи писараш гузашта, ҳаёти ӯро дар хатар гузошта буд. Ҳамчунин онҳо бетартибона тирпарронӣ карда, духтарчаи 10 – соларо ярадор карданд.
Амалиёти маҳви Ризвон
Ба нерӯҳои ҳукуматӣ амр шуд, ки дастаи Ризвонро дар дараи Камароб нест кунанд. Ва аҳолиро аз ҷабру ситами ӯ наҷот диҳанд. Вазъ хеле муташанниҷу мураккаб буд. Халқи оддии аз сиёсат дури кӯҳистон, ки дар умраш ҷангу кашмакашӣ ва хунрезию қатлу кушторро надида буданд, асири 2 гурӯҳи ҷангҷӯ шуданд…
Саҳарии 12 апрел вақте чашми рӯз мекафид, амалиёт оғоз шуд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ба 2 қисми калон ҷудо шуда, аз 2 самти дарёи Сорбоғ ба умқи дараи Камароб ба ҳуҷум гузаштанд. Асланшоҳ бо ҳайати бригадааш аз самт рост, ҳайати шахсии бригадаи 1-уми вазорати мудофиа таҳти роҳбарии лейтенанти калон Улуғбек Рустамов аз самти чапи соҳили Сорбоғ ҳаракат мекарданд.
Ҳавопаймоҳои «МИГ 29» ба ҳаво хеста, бо садои даҳшатбори худ кӯҳу камарро ба ларза оварданд. Онҳо ба чанд мавзеи берун аз деҳаҳо зарба заданд. Сипас чархболҳо ба ҳаво хестанд, аммо аз самти эҳтимолияти мухолифин садои тирпарронии ҷавобӣ шунида намешуд. Онҳо ҳуҷуми муташаккилонаи артиши ҳукуматиро дида, мавқеъҳояшонро гузошта, ба самти куҳҳо ва умқи дараҳо паноҳ бурда буданд…
Вақте ки ҷузъу томҳои ҳукумат 3 деҳаро озод карданд дар атрофи деҳаҳо мавқеъ гирифта, постҳо ташкил карданд. Ҳайати фармондеҳӣ барои хулосабарорӣ назди қумондонон ҷамъ шуданд. Мувофиқи гузориши разведка маълум шуд, ки аз 3 деҳа 17 нафар халқи осоиштаи тарафдорони сохти конститутсионӣ кушта шудаанд.
3 нафари онҳо Шароф Саидҷамолов, Муҳибҷон Қодиров, устод Тилло муаллимони хизматнишондода будаанд. Дигарон: Илҳом, Ҷалил, Ҷӯра, Алам, Саид, Атохоҷа, Додарбек, Ҳақназар, Қудратулло деҳқони оддӣ буданд, ки ба сиёсат коре надоштанд. Ашрафи бачаи бобои Ғолиб, ки 13 сол дошт. Бобои Убайдуллоҳ, ки иштирокчию фотеҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Эшони Назруллоҳ, 1 рӯҳонии суннатии шинохта, ки ба сиёсат коре надошт.
Поккории Камаров
Ба сарбозон амр шуд, ки дар атрофи деҳаи Шоҳиндара, Яшм ва Шулмак мавқеъ гиранд. Ва амалиётро фардо барои поксозии дастаи Ризвон дар дигар деҳаҳои атрофи Камароб идома диҳанд. Соате нагузашта садои чанд тир атрофи деҳаи Шулмакро ларзонд, сипас қосиде омада, ба Асланшоҳ хабар овард, ки аз дохили бригада шахси номаълум қумондони бригадаи рақами 1 –и вазорати мудофиа лейтенант Улуғбек Рустамовро барои хостори парвандаи ҷиноӣ кушоданаш дар нисбати ҷинояткорон парронд.
Ба шаҳодат расонидани Улуғбек Рустамов ҳайати фармондеҳиро ҳушёр кард. Аслоншоҳ дарк намуд, ки бо чинояткорони дохилӣ бояд муборизаи беамон бурд. Мардуми бепуштупаноҳ, ки дар он айём хосттори ҳимоятгар буданд, ба Асланшоҳ дил бастанд. Дар атрофи ӯ ҷамъ омаданд. Барои аз байн бурдани “банда”-и Ризвон ёрӣ расонданд.
Охирсухун
Барои кушторҳои бераҳмона нисбати қумондони баталён Алиҷон, Махсуми Маҳдӣ, Тӯраи колхозободӣ, ки худ қаротегиниасл буд, хадамоти махсуси амниятӣ (махфӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, соли 1994 Қумондон Алиҷон ва соли 2005 Махсуми Маҳдӣ ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шуданд. Кӯри Мирзо, сокини совхози “Коммунизм”-и ноҳияи Ленин ҳудуди Тоҷикистонро тарк кард. Тӯра соли 1994 дуртар аз мантақаи Дашти Шер дар наздикии деҳаи Сафедорон, ҳудуди мантақаи Сағирдашт бо 50 нафар бандаи ҷинояткораш ба иҳотаи гурӯҳи муҷоҳидони Ҳаким «бангӣ» афтода парронда шуд.
Асланшоҳро барои идомаи хидмат ба Раёсати ‘З’-и Кумитаи бехатарии давлатӣ, сипас ҳамчун роҳбар ба Раёсати Разведкаи ВМ, сипас бо хоҳиши худаш ба ҳайси намояндаи ҳарбии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристоданд. Фаъолияти ӯ дар ин вазифа қиссаи дигар аст, ки Худо хоҳад дар мавриди муносиб барои шумо қисса мекунем.
Маҳдӣ Собир,
полковники мустаъфӣ, иштирокчии амалиёти маҳви Ризвон дар соли 1993
