РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ГАДО ШАВ!

Дар соли 2024 мо тибқи супориши редаксионӣ ҷӯгӣ шуда будем. Гумонамон бо ҳамин кор тамому мавзӯъ ҷамъбаст гардид, вале ин фикрҳо ботил баромаданду ҳафтаи равон дар маҷлиси идоравӣ супориш дода шуд, ки боз ГАДО шавам. Чаро гадоро бо ҳарфҳои калон навиштам ҳоло мефаҳмӣ хонандаи азиз.

 

Рӯзи саид хайр кун!

24.01.2025. Соат ба вақти Бохтар 08:45 дақиқа. Ростӣ, хонандаи азиз баъди таҳлили ҳар мавзуъи матраҳшудаи мо устод Умари Шерхон дар бораи мувофиқ набудани сару либосамон ба мавзуъ эрод ҳам мегиранд. Зимнан мо ҳанӯз аз субҳ либоси гадоӣ дар тан аккосӣ карда, ба хотири нашинохтан худро аз шаҳр берун задем.  Барои он ки хешу табор ёру дӯстон гумон набаранд, ки мо аз ақл бегона шудаем, шафати шоҳроҳи Душанбе- Бохтар масҷиди калонеро, ки ҳазорҳо одамон барои адои намози ҷумъа ҷамъ меоянд, интихоб кардам. Ҳам ҷойи серодам ва ҳам бештари гадоҳо чунин ҷойҳоро барои дарёфти пули муфти бедардимиён мекобанд.

Ёдрас мешавам, ки аз назди дарвоза то лаби роҳҳо занони кӯдакбадаст, ноболиғони сарлуч ва ҷавонони маъюб нишаста, аз мардуми намозхон талаби пул мекарданд. Мошинамро дуртар аз масҷид монда, ҳолати кори онҳоро назорра бурда, ба либосҳои гадоиям нигоҳ кардаму худро тасаллӣ додам, ки «мешавад, гадои тап-тайёр!». Пештоз бояд гуфт, ки барои чунин либосҳо ва байни онҳо даромада худро гадо вонамуд кардан камаш 5 кг дилу ҷигар даркор. Мо метавонем!

Нигоҳи гадо ба гадо

Баъди ивази либосҳо худро ба сари роҳе гирифтем, ки он ҷо одамони зиёде равуо доштанд ва ба талбидан шурӯъ кардем. Ҳар 1 гадое, ки ин ҷо буд, худро муҳтоҷу дастнигар мегуфту аз камбудиҳояш мардумро огоҳ мекард, то кӯмак намоянд. Хоҳ гапи онҳо рост буд, хоҳ не, аммо табиати мо – талбандаҳои сарироҳӣ чунин аст. Ва қисми дигар ҳамон сураҳои Каломи Раббониро такрор карда, эҳтиёҷ доштанашро баён мекарданд. Мо, ки чунин супоришро ҳатто фикр надоштем, аз таҷрибаи дигар гадоҳои «ҳамкасб» ибрат гирифта, ҳам аз ину ҳам аз он истифода карда, даст ба сӯйи ҷамоати намозгузорон дароз кардем, ки воқеан кори ҳар кас нест!

Баъди муддате гадоён миёни ҳам пичир- пичирро сар карданду гӯё ба ман чизе гуфтан мехостанд. Бароям аҷиб намуд, ки магар ҳамаи онҳо хешу таборанд ва ё аз омаданашон ҳар ҳафта ба ин ҷо аллакай шинос барин шудаанд, ки миёнашон маро бегона медиданд. Чунон нигоҳҳое мекарданд, ки фикр кардам, ҳамин ҳоло маро ошкор мекунанд. Мисли чизеро пай бурдагӣ барин, ҳар вақте нафаре омада хайр мекард, онҳо ба “точкаи” ман наздиктар мешуданд. Дар дил оҳи сард кашида гуфтам, ки магар гадоҳо ҳам нуқтаи гарм мекофта бошанд, мисли савдогарон, ки ин қадар ба ман бо ҳасад менигаранд? Ҳар вақте, ки якеи онҳо наздиктарам меомад ман аз шарм сурху сафед шуда чи кор карданамро намедонистам. Лек боз барои то охир бурда расонидани мавзӯъ тоқатро пеша мекардам.

Аҳсан ба нозири зирак

Ақрабаки соат 12:30- ро нишон медод. Қисме аз мардуми намозхон аллакай дар дохили масҷид буданду болои ҷойнамозҳо тасбеҳ мезаданд, баъзеашон бошад барои таҳорат кардан ҷониби таҳоратхонаҳо медавиданд. Ҷамъи дигар дар беруни масҷид ба кофтани ҷойи хуб барои нақлиёт банд буд. Ҳамин ҳангом аз гап – гапи “ҳамтоёнам” фаҳмидам, ки нозири минтақавӣ ҳамроҳи кормандони БДА ҳаминҷоянд. Аз ҳар куҷое овоз ба гӯшам мерасид, ки мегуфт «ин талбандаҳои хира безор кардаанд, баред 1 қисмашро маҳкам кунед, то ба дигарон дарс шавад!». Гадоҳои сарироҳӣ бошанд ба ҳар тараф пароканда мешуданд. Мондагӣ талбандаҳоро сур карда, то ба назди мо омаданд. Моро ҳам аз ҷоямон пеш карданд. Мисли онҳо мо ҳам барои муддате канор шудем, аммо боз хирагӣ карда, баргашта ба ҷоямон рафта истодам. Хирагии касбӣ боло гирифту пурратар шудани матлабро интизор доштам.

Баъди бори 2- юм пеш кардани мо миёни нозир ва корманди БДА нисбат ба ман шубҳа афтод, ки байни ҳам ба ман ишора карда, чизе мегуфтанд. Муддате пас нозир наздам омаду чизе гуфтан мехост, ки ман аз наздаш бо халтаи дастам сӯйи мошине равон шудам. Огоҳ шудам, ки аллакай нозири зирак ва корманди БДА пай бурдаанд, ки мо аз шумори гадоён набуда, балки каси тафтишгар ҳастем. Лек аз журналист буданамон воқиф набуданд. Чун фаҳмиданд, мо бегона – гадоему супорише дорем, чолокиашон дучанд шуда, мардуми талбандаро ба ҳар тараф равон мекарданд. Ҳатто садое ҳам ба ғушам расид, ки шуморо пинҳонӣ навор гирифта истодаанд. Намедонам дастгоҳи наворгирии моро диданд ва ё маро «хит карданд»?

Ман бошам халтаи пури тангаи худро аз назди масҷиду кормандони БДА ба таги бағал зада, ба мошинам савор шудам. Яъне, ман гадои современниям. Нозири минтақавӣ бошад, сари роҳамро дошта, маро ба 1 пиёла чой даъват намуд. Ҳама ба ман нигоҳ дошту мегуфтанд, ки гадо сари чанбараки мошин нишаста рафтееее.

Хайри деҳот назар ба шаҳр зиёд

Баъди кор мо ба шаҳр расидем. Албатта намедонистем, ки аз назди ин масҷид чи қадар маблағ ҷамъ овардем. Танҳо нуқтаи талбандагиамро иваз кардаму халос. Ба ҳама маълум, ки назар ба деҳот шаҳрнишинон дорамтаранд. Ин ба он маъност, ки серпуланд. Лек чаро аз садақа ва хайр меҳаросанд?! Онҳо вақте ба нафаре хайр мекунанд, зуд акс гирифта, онро дар саҳифаҳои худ мегузоранду намоишкориро дӯст медоранд. Ин чиз бошад хоси деҳот набуда…

Дар шаҳр “меҳмон”-и нохондаи назди яке аз масҷидҳо гаштем ва аз мардуми намозгузор бо ироаи бемор доштанамон даъват мекардем, ки кӯмак кунанд. Лек танҳо 4 нафар наздамон омаду тангае ба халтаамон партофт. Ба назари дигарон аҷиб намуда бошем, ки моро акс мегирифтанду аз наздамон бе хайр мегузаштанд. Муддате, ки он ҷо нишастем хулоса кардем, ки хайру савобро танҳо мардуми деҳот хуш қабул доранд. Мумкин хонандаҳои газета аз ман пурсон шаванд, ки чаро банда ин қадар тарафи деҳотиёнро мегирифта бошад??? Чунки боре аз дӯсте шунидам, ки чаро ту дар мақолаҳоят инқадар васфи русто мекунӣ? Бовар кун хонандае, ки ҳамин ҳоло ин матлабро мехонӣ, боре ба деҳае сафар кун ва худро талбанда вонамуд намову дарвозаеро бикӯб. Соҳибхона ғайр аз нон боз пулу танга ва либосворӣ баворварда медиҳад. Албатта аз дили соф. Аммо дар шаҳр чӣ? Пушти кадом даре наистӣ ё ба ҳолат механданд ва ё нони қоқ надорем гуфта, дарро ба рӯят ҳатто намекушоянд. Махсусан барои гадоён.

Халтаи сеҳрнок

Хулласи гап, баъди анҷоми супориши навбатӣ ба утоқи корӣ омада, болои миз тангаҳоро рехтем ва дидем, ки ягон пули коғазӣ нест. Ҳама танга. Мардум аснои хайр танҳо аз ҷайбашон танга мекофтанду пули коғазиро умуман ба гадоҳо нишон намедоданд. Гадо ҳам зиндагӣ дорад, фарзанд дорад, шояд бемор дорад мардум! Каме саховатманд шавед ва пули коғазӣ диҳед (оҳ, рефлекси гадоӣ ба кор даромад-ку?!).

Баъди ҳисобу китоб ҳамроҳи дӯстам, фоида аз 2 масҷидро 62 сомонӣ ҳисоб кардем. Агар ягон гадои таҷрибадор бошад мумкин, 2-3 баробар аз мо бисёртар кор мекард. Чун барои мо бори аввал буд ба ҳаминаш ҳам шукрона кардем, ки «обетамон» имрӯз аз ҳисоби гадоӣ бепул мешавад. Воқеан: аз пули гадоӣ хӯрок болазаттар мешудааст…

Гадо шавам?

30х62=1860 сомонӣ дар 1 моҳ. Ин аз маоши 1 мутахассиси одӣ ва ҳатто мани журналисти музофотӣ боло меистад. Мо танҳо дар рӯзи ҷумъа ҳамин миқдор маблағро дар 2 соат ҷамъоварӣ намудем. Гадоҳои кӯчагии мо бошанд, 2 соат не, 12 соат дар кӯчаю бозоранд. Ва мумкин то 200- 300 сомонӣ дар 1 рӯз ҷамъоварӣ намоянд. Худатон хулоса кунед, ки чаро сафи онҳо меафзояд?!

Аз мавзӯи ҷӯгӣ фаҳмида будам, ки ҷӯгигӣ пешаи авлодист. Аммо ҳар кас метавонистааст гадо шавад. Маҳорати кордонӣ, актёрӣ ва фиребгарӣ дошта бошӣ, аз ту гадои хуб баромада метавонад. Дар асл гадоиро тиҷорате беш пайдо накардам. Хонандаи азиз, гадоҳоро дигар ба чашми кам набинед. Гадоҳое ҳастанд, ки мисли “ман” металабанд, аммо мошини таги пойи онҳоро дида, дар ҳайрат мемонем. Ана хулоса кардед, ки чаро ман дар боло гадоро ба ҳарфи калон ишора кардам? Зеро ин дигар касб аст, касб!

 

Нуриддин Қосимзода,

ГАДОи контролии СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube