Салом СССР! Дар шумораи №3-и газета аз 16.02.2025 хондам, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ба идораҳои зертобеи худ дастур додааст, ки аз ҳар гуна андозбандиҳои ғайриқонунӣ аз кишоварзон худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки дар хоҷагии кооперативӣ-тухмипарварии «Хоҷаҳо» андози 1 га замин 730 сомонӣ муайян шудааст. Об аз чоҳи артезианӣ буда, ягон кӯмак аз ҷониби хоҷагӣ ба деҳқонон дода намешавад. Заминҳо аз соли 1990 инҷониб кишт карда мешаванд ва ҳосилнокии картошка аз 1 га 1000 кг картошка аст. Ин даромад хароҷоти деҳқонро намепӯшонад.
Хоҷагӣ дар шакли натура аз деҳқон ба ҳар 1 га 300 кг картошка ё ғалла мегирад. Дар ҳолати розӣ нашудани деҳқон роҳҳои зӯровариро зердастони раиси хоҷагӣ истифода бурда, маҳсулотро мерӯёнанд. Андози 1 га замини обӣ чанд пул аст? Барои 1 ҷодаи андози иҷтимоӣ чанд сомонӣ мегиранд? Кормандони андоз бар ин савол маълумоти мушаххас ба аҳолӣ медоданд, то ки мардум донанд, ки чи қадар маблағ супоридан лозим аст, хуб мешуд. Аз дарди андозҳои болохонадор соҳибони замин тарки Ватан намуда, муҳоҷирати меҳнатиро пеша кардаанд.
Аз ҷониби роҳбарони ноҳия ва садорати хоҷагӣ деҳқонро маҷбур месозанд, ки кишти ҷаву бедаро вайрон карда, картошка корад. Онҳо фикр намекунанд, ки замин монда шудаасту қобилияти ҳосилнокӣ надорад.
Мисоли равшан соли гузашта Раҳимов Замоналӣ ҳосили ҷавро бо супориши роҳбарон вайрон карда, картошка кишт карду ягон кило картошка ба даст наовард. Ҳангоми кишти картошка ҳосили Мансуров Худойдодро дида раҳмам омад, ки аз 1 сотиқаш 100 кг картошка ҳосил гирифт, ки хароҷоташро намепӯшонд.
Забони заминро деҳқон медонад ва имконият диҳед, ки ӯ киштгардон карда, заминро ҳосилхез кунад. Роҳбарон бояд ҳамрозу ҳамфикри деҳқон бошанду ба ӯ эътибори ҷиддӣ диҳанд, то ки ҳосили фаровон ба даст оварда, дастурхони мардумро пур созанд.
М. Ҷамолов
н. Деваштич
