Фаъолияти «IRS» дар мавсими сармо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст
23 январи сол равон дар километри 67- уми роҳи Душанбе – Чаноқ тармаи калон – баландӣ 4 ва паҳноӣ зиёда аз 40 метр фаромад. Дар натиҷа, мошини сабукрави тамғаи Мерседес (маъруф чун Мерседес сечка) зери тарма монд. Кормандони Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ – ширкати «IRS» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фавран ба маҳалли ҳодиса расида, ронанда ва мусофиронро аз зери тарма берун оварданд. Қобили зикр аст, ки ин ҳолати ягона набуда, давоми рӯзҳои охир дар масири зикршуда кормандони «IRS» 23 тармаи хурду бузургро фавран бартараф карданд.
Хушбахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ нест. Чор мусофири автомобили зикршуда, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд бо мусоидати кормандони филиали Ширкат ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Агар оид ба фаъолияти «IRS» хулоса аз ҷониби онҳое баён гардад, ки аз вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ солҳои пеш низ огоҳ буданд, пас метавон гуфт, ки натиҷаҳо назаррас буда, масъулияти кормандон дар ягон мавсими сол кам намегардад. Ба ибораи дигар, аҳли ин ширкат ягон вақт бекор нестанд. Зеро бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб карда, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора, сангфароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш равона мешавад.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат дар робита ба ба мавсими сармо фаъолияти худро тавсеа бахшидаанд. 242 техникаву механизм ҳамаҷониба омода буда, , захираи маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ кофӣ аст. Ҳамчунин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин гардида, дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон зиёда аз як миллион литр сӯзишвории дизелӣ, 19470 тонна маводи зиддилағзиш захира гардидааст. Ба миқдори зарурӣ харидориву насб гардидани шинаҳои зимистонаи техника ва механизмхои нигоҳдории роҳ ва барқарор шудани зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории қариб 600 ҳазор литр чунин маводро доранд, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.
Ба қавли масъулини “IRS”, тирамоҳу зимистон марҳилаи нисбатан ҳассос буда, дар сурати сари вақт ва ҷиддӣ омодагӣ надидан ба ин мавсим корҳо мувофиқи мақсад пеш намераванд. Бинобар ин, дар робита ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ гардида, фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудааст.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
