24.01.2025. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз вазифаи раиси н.Синои ш.Душанбе озод ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Дар соли 2024 Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 113 млн доллар неруи барқ интиқол додааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.
Калонтарин бинои театр дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Театри миллии Тоҷикистон соли 2026 дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода мешавад.
Соли 2024 дар соҳаи кӯҳкорӣ 48 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 30 нафар ҷон бохта, 26 каси дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
01.02.2025. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии ш.Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Марҳамат ба ҷашн!
