ТРАМП-ПАРАСТОН

Ҳаводори Трамп нестам! Ва шуда ҳам наметавонам. Зеро ӯ шаҳрванди дигар кишвар асту ман хоҳам ҳам ба ӯ овоз дода наметавонам (тем более намехоҳам!)…

 

Ман дар интихоботҳои даврони шуравӣ фаъол будам. Дар нахустин интхоботи алтернативӣ ва демократӣ дар давлати бепаҳнои СССР, дар соли 1989, дар Санкт-Петербург, ба Анатолий Собчак, муаллими худам дар ЛГУ ба номи Жданов овоз додам. Зеро бо ӯ ҳамсуҳбат ҳам будаму ба навъе шогирдаш низ. Анатолий Собчак аз пешгомҳои демократия дар собиқ шуравӣ буд ва хеле марди пурдону хушсуҳбат, хоксор, заминӣ. Ба навъе, аз дидораш «насими Иличӣ» (Ленинӣ) меомад. Таври маълум, аз Собчак 2 шогирди содиқаш Дмитрий Медведеву Владимир Путин тӯли 25 сол аст, ки сари қудрати Россияи абарқудратанд. Ба ҳамин тартиб метавон гуфт, ки бо интихоби Собчак, шахсан ман дар интихоби сарварони ояндаи Россия-кишвари шарики стротегӣ низ саҳм дорам. Фикр мекунам, ин интихоби прагматикӣ барои ман буд.

Интихоботҳое низ буданд, ки ман фиаско хӯрдаам. Шикасти сиёсӣ. Кам воқеъ мешавад, ки ман хато кунам, вале кардаам. Хатои нахустинам ин шуд, ки дар интихобот ба президенти Россия дар соли 1991 ба Елтсин овоз додам. Елтсин албатта пирӯз омад. Ман шод будам. Аммо воқеоти баъдӣ нишон дод, ки ба масали Никита Михалков номзади ману мо 1 гумошта ё хӯса, арӯсаки давлатҳои хориҷӣ будааст, то протсеси коллапси СССР тезтар рух бидиҳад. Имрӯз аст, ки Елтсинро чун «душмани халқ» мешиносанд. Он даврон Робен Гуд, муҳибби халқ мепиндошт(ем)анд.

Фиаскои дуввуми ман интихоботи нахустини демократӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Ман аз номзадии Давлат Худоназаров пуштибонӣ кардам. Худоназаров, воқеан ҳам инсони заминӣ, хоксор, ватанпарварда ва партиот буд. То ҳанӯз иззаташ мегузорам. Аммо марди сиёсат ва давлатмеҳвар набуд! Номзадии ӯро дар соли 1991 аксарияти зиёиён пуштибонӣ карданд. Зеро мо дар симои ӯ наҷотбахши миллату давлатро медидем. Зимнан аксарияти зиёиён, ба вежа сокинони пойтахт, ба доми наҳзатиён ва демократҳои а ля наҳзатии ҳамон даврон уфтодем. Ин ҳақиқати талхро бояд гуфт, то такрор нашавад! Мо Метавонем!!!

Ба Давлат Худнозаров овоз додани аксарияти кулли зиёиён ин зидди номзад аз номенклатураи КПСС раъй додани ишон буд. Зеро эҳсос мешуд, ки Р. Набиев қудрати нигаҳдории якпорчагиву суботу сулҳ дар кишварро надорад. Давлат Худоназаров бо касби 30% раъйи интихобкунанадгон шикаст дид ва кишвар ба коми ҷанги гражданӣ кӯч баст.

Д. Худоназаров, пас аз шикаст низ, барои баргадонидани имиҷи сиёсии аздастдодааш, то тавонист талош намуд, ки ба ин ҷанг садд гузорад. Маҳз ӯ буд, ки нахустин корвони «фирориён» аз майдони Озодиро то ба Кӯлоб, шахсан худаш ҳамсафар шуд, то дар роҳ наҳзатиҳо дасиса накунанд. Вале онҳо карданд:

-Корвони мардум, ки дар мошини ВАЗ 2106-и сафед, пешопеши одамон, худи Давлат Худоназаров менишаст, дар таърихи 06.05.1992, дар гардиши Совхози Россияи Душанбе, мавриди ҳамла ва тиркушоии наҳзатиён қарор гирифт. Чанд кас захмӣ шуд, анде фавтид. Ин амалкарди ноҷавонмардона фундаменти ҷанги гаржданӣ шуд.

Баъди ин дасиса, Д. Худоназаров аз сиёсат дур гардид, зеро амалан дарк намуд, ки сиёсат кори интиллигент набуду нест. Давоми умраш дар Маскав гузашт. Бонуи нозанинаш Гавҳар Ҷӯраева (духтари шахсияти шинохташуда Қандил Ҷӯраев), дар Москва тӯли 35 сол шуд, ки муттако ва дастгири мардуми муҳоҷири мост, ки ҳалолаш бод!

Дар интихобои соли 1994 ман боз ҳам ширкати фаъол доштам ва ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон-раиси Шӯрои олии вақт овоз додам. Зеро дақиқан медонистам, ки худое накарда, рақиби ӯ сари кор меомад, аз Тоҷикистон ному нишон намемонд! Барномаи пешазинтихоботии Наҳанги Ҷумҳурӣ (ибораи журналист Бахтиёр Муртазоев) худ барномае барои порасозии Тоҷикистону миллати тоҷик будӣ.

Аз сӯи дигар, хатои Набиеву Худоназаровро дар соли 1991, ки ба ҷанги гражданӣ овард, маҳз Эмомалӣ Раҳмонови ҳамагӣ 40-сола ислоҳ кардаву миллатро аз вартаи «курдигарии навин» (тақсимшавӣ дар ҳудуди чанд кишвар ва статуси бедавлатӣ гирифтани миллат) раҳонида, алангаи ҷангро хомӯш ва лоиҳаи институти давлатдории миллиро таҳия мекард.  Фаромӯш набояд кард, ки дар ин даврон ҷанги гражданӣ давом дошт. Барои пурра ба мурод расидани ин фарди саршинос танҳо вақт лозим буд ва миллат тақдирашро ба Ӯ бовар кард!!!

Хонандаи солдида медонад ва шояд ҷавонон надонанд, ки агар ҳамон интихоботи 30 сол қаблӣ ва сари кор омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо статуси Президенти ҶТ намешуд, имрӯз ҳоли афғонистониву ҳалабиву ироқиву ирониву фаластинӣ… моро насиб будӣ…

Зимнан, дар ҳар интихоботе, ки мешавад, хонандаи ин сутур, одам бояд фаъолона ширкат варзад, вазъияти сиёсиро комилан биомӯзад ва дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ актив бошад. Фаромӯш накунед, ки мову шумо президент ё депутат на, ки ояндаи худро интихоб мекунем! Мо Метавонем!!!

…Дубора сари кор омадани Доналд Трамп хатои 4-сол қаблии интихобкунандаи амрикоӣ буд. Зеро бо сари кор омадани Ҷо Байден ин кишвар ба меҳвари кашмакашҳои сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯз ҷанге, низоъе, ҳаводисе нест, ки Амрико дар он даст надошта бошад. Трамп дар сухангӯии 1 рӯз қабл аз савгандёдкунияш, ин ҳамаро «хатои дағал» ва «фаъолияти аблаҳона»-и Байден хонд.

Муҳимтарин нуктаи баромади Трамп, ки барои ман, чун сокини Тоҷикистон хушбинкунанда аст, ин шуд, ки ӯ гуфт, «хатои аблаҳонаи Байденро дар мавриди вогузории силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба Толибон дар Афғонистон» ҳатман ислоҳ мекунад. Доналд ҳатто талаб кард, ки Толибон силоҳу муҳимоти ҷангии Амрикоро баргардонанд. Сухан сари силоҳе меравад, ки ҳудуди 12 миллиард доллар арзиш дорад!

Артиши Афғонистон, 1 армияи сунъие буд, ки дар дар таърихи 01.12.2002 пас аз суқути Толибон дар Кобул, бо маблағгузорӣ ва ҷиҳози НАТО ва Амрико созмон дода шуд. Ин Армия, ки ҳомили ҳудудан 200000 асокир будӣ, мутаассуф, муҳимтарин талаботи сарбозӣ-патриотизм, ватанпарварӣ ва «политрук» надошт. Зимнан пас аз фирори НАТО аз Афғонистон, ҳамагӣ дар 3 рӯз титу пареш гардид. Силоҳу муҳимот ба Дасти Толибон афтод. Ин, ки Толибон ба Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо таҳдид намекунанд, идеяи хом аст. Мекунанд. Ещё как мекунанд! То ин силоҳ дар дасташон ҳаст, хатар вуҷуд дорад. Ҳоло муллоҳои мадрасаи «Девбандия» бо силоҳу муҳимоти ҷангии муосир ошно нестанд. Омухтанд, ба масале «кабкашон дигар навъ суруд хоҳад хонд».

Маҳз бо ҳамин сабаб, шахсан ман аз ин иддаои Доналд Трамп, ки гуфт, Толибон БОЯД силоҳи амрикоиро баргардонанд, истиқбол кардам. Мо Метавонем!

Роҷеъ ба моҷарои Украина ва Россия бошад, нақшаҳои сулҳоварии Трамп тағйир карданд. Ҳоло танҳо дар мавриди таърихи хатми конфликт:

-Аввал сухан сари ҳамагӣ 24 соат мерафт. Ёд дорем, зеро ин яке аз шиорҳои таблиғии интихоботии Трамп буд, ки ахирӣ мегуфт, 1 рӯз қабл аз инаугуратсия ин ҷангро хатм месозад. Баъдан, иброз гардид, ки 1 рӯз баъди савгандёдкунӣ. Сипас, 20 рӯз шуд хараҷу мараҷ ин ҳангома. Ҳоло суҳбат сари 6 моҳ меравад…

Ба назар мерасад, ки Доналд Трамп ва командааш ҳамакнун дарк кард, ки конфликт хеле фурутар аз дидгоҳи онҳо шудааст.

Конфликти Исроил ва Ғазза ба назар мерасад, ки табъи дили Трамп мешавад. Дар ин қора оташбас эълон карда шуд. Зеро Натаняҳу дарк намуд, ки хӯҷаини нави Кохи Сафед чун пешинааш нест, Мани худро дорад, Тел-Авивро маҷбур ба оташбас хоҳад кард!!! Ин ҳушдор ба Зеленский мебошад, ки «илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ».

Дар ҳар сурат, тавре қаблан ҳам навишта будем, омадани Трамп вазъро дар ҷаҳон ором намекунад. Вале таскин мебахшад. Зеро барои ором намудани ҷаҳони имрӯза, танҳо зӯри Худо мерасаду бас. Одамӣ оҷиз аст, пеши ин вабои ҷанг. Воқеан ҳам ёд доре(м)д, ки дар соли 2020 КОВИД-19 чигуна дасти тааррузи хунхорони башариятро кутоҳ карда буд? То-та!

Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube