Ҷонибек Маҳмудҷонов, сокини н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба идора занг зада, гуфт, ки мехоҳад ба роҳбарият ва табибони таваллудхонаи №2-и пойтахт арзи сипос намояд.
– Ҳафтае қабл оилаам дар таваллудхонаи №2-и пойтахт писарча – фарзанди сеюмамро таваллуд кард. Бояд гуфт, ки ба ғайр аз чордард боз аз фишорбаландӣ азият мекашид. Хушбахтона, табибон ва момодояҳои соҳибкасби ин таваллудхона барояш кумак карданду ӯ бе ягон мушкил таваллуд кард. Ман аз номи оилаи худ – Маҳмудҷоновҳо ба сардухтур Маҳина Ҳусейнова ва тамомии табибони таваллудхонаи №2-и ш.Душанбе арзи сипос мекунам. Дастатон дардро набинад!
