Холов Саймудин Муҳидинович, санаи таваллудаш 2 марти соли 1974, зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ ноҳияи Қумсангир), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, баъди муътадил гаштани вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1996-1998 дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир (ҳозира ноҳияи Ҷайҳун) бо маслиҳати пешакӣ бо Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашурович, Маҳмадов Одилҷон Кабутович, Хушбахтов Маҳмадюнус Ашурович, Кенҷаев Абдуғаффор Аҳлиддинович, Сафаров Одил Юсуфович ва дигар шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои вазнин дастаи мусаллаҳи устувор, ки дар ихтиёрашон силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ доштанд, ташкил намуда, дар ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи он роҳбарӣ ва ғайриқонунӣ дар ин даста фаъолият намудааст.
Аз ҷониби онҳо дар солҳои 1996 -1997 кушторҳои қасдонаи кормандони милитсия, комиссарияти ҳарбӣ ва дигарон содир шудааст. 1 қисми шарикони ҷиноятии онҳо аз қабили Хушбахтов Ё.А., Маҳмадов О.К., Хушбахтов М.А. ва Кенҷаев А.А. бо ҳукмҳои судӣ маҳкум карда шудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурии тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти Холов С.М. муайян карда шуда, нисбаташ 8 августи соли 2024 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 74 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур муайян карда шуд, ки Холов С.М. 10-уми апрели соли 1996, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҳамроҳии Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашурович ва «Сафаров Одил» ном шахс ҷамъ омада, аз рӯи нақшаи тарҳрезигашта кушторҳои нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Қумсангир Пиров Саъдӣ, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Қумсангир Хоҷаев Уктам, шаҳрвандон Салоҳуддинов Маҳмуд ва Бердишукуров Абдуҷалилро маслиҳат намуда, ин ҷиноятҳои тарҳрезишударо амалӣ ва ба иҷро расонидаанд.
Ҳамчунин онҳо нақшаи ба хонаи раиси биржа, истиқоматкунандаи колхози ба номи Раҳмонови ноҳияи Қумсангир Қурбонов Абдуғафор ҳуҷуми мусаллаҳона намуданро бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ таҳрезӣ намуда, онро амалӣ намудаанд.
Оид ба ин лаҳзаҳои ҷиноятӣ 6 сентябри соли 2024 аз тарафи шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Холов С.М. ва дигарон бо моддаҳои 104 бандҳои «а, в, г, з, и, м, н, о» ва 156 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 14.11.2024 сол, судшаванда Холов Саимудин Муҳидинович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 бандҳои «а,в,г,з,и,м,н», 156 қисми 2 (таҳрири соли 1961) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин моддаҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин гардид.
Варқаи Зайниддин,
Ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
