Маҳдудияти барқ дар ҳамаҷо баробар бошад, майлаш одамро алам намекунад. Мисол мегирем – шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он шабу рӯз чароғон аст, дар шаҳр ҳатто рӯзона ҳам лампаҳо даргиронанд. Аз мутасаддиён пурсида мешавад, ки мо, ки деҳқонзодаему дар деҳот зиндагонӣ мекунем, магар гунаҳкорем? Борҳо дар матбуот ин муаммо баррасӣ мешавад, аммо касеро парвое нест. Ё мисол орем мактабҳоро, мактаби миёнаи рақами 2-и ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, компютерҳо ва тахтаи электронӣ таъмин буда, дар фасли зимистон бекор монда, гӯё дар осорхона бошанд.
Шабакаи барқи ноҳияи Мастчоҳ ин ноадолатиро дидан намехоҳад. Бинобарон лимити муайяншуда дар ноҳия номуайян аст, мисол аз кай то кай барқ дода мешавад. Масъулин кадом вақт хоҳанд барқро дармегиронанд ё хомӯш мекунанд. Хонаи деҳқон гармиро намебинад…
З. Дилшод,
н. Мастчоҳ
