Дар маҷлиси рӯзи 17 январ Пешвои миллат аз дурӯягии хидматчиёни давлатӣ, аз ҷумла муносибаташон бо хурофот гуфт ва мисол овард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Пешвоямон сад дар сад рост мегӯяд...
Соли гузашта бо 1 гурӯҳ нависандагон ба шаҳри Хоруғ рафтем. Дар кӯчаҳои он занону духтарони сатрпӯшро дида, ҳайрон шудем. Чизе, ки ҳеҷ гоҳ на танҳо дар Хоруғ, балки тамоми Бадахшон вуҷуд надошт!
Аз одамон сабаби ҳолро пурсидам. Ҷавобашон маро ҳайрон сохт:
– Инҳо занону духтарони кормандони мақомоти қудратианд, ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ бисёранд.
– Шумо ба инҳо намефаҳмонед, ки занони Бадахшонро ҳам гирифтори ин таассуб насозанд? -пурсидам аз онҳо.
Шахс пузханде заду гуфт:
– Ба кӣ гӯем? Ба шавҳарони ҳамин занон, ки ҳифзи тартибот дар дасти худи онҳост?
Ато Мирхоҷа,
шоир ва нависанда
