17.01.2025. Соат бо вақти Душанбе 10:19 дақиқа. Салом ҳамватанон! Ман соли гузашта ҳар моҳи зимистон 350 сомонӣ пули барқ месупоридам. Баъди насб кардани ҳисобкунаки биллингӣ 800 сомонӣ рӯзи 20 –уми декабри моҳи гузашта буд. Рӯзи 10 январ паёмак омад, ки бояд 600 сомонӣ супорам…
Савол ба миён меояд, ки чаро, аз куҷо, чи хел, барои чӣ? Наход, ки аз 20 – уми декабр то 10 январ 1 термекс 1 яхдон, 2 – то радиаторе, ки рӯзона яктояш хомӯш, плитае, ки дар 1 рӯз 2 маротиба 1 соат хӯрок тайёр мекунад, хуллас 600 сомонӣ кор кунад. Вақто ки ҳисобкунаки пештара 300-350 сомонӣ кор мекард.
Оё ҳаст ягон идора, корхона, вазорате, ки ин масъаларо пайгирӣ кунад?
Шаҳзод Раҷабов,
ш. Душанбе
